Бахшҳо

12 соли бознишастагиву 10 соли “семичка”-фурӯшӣ

Ёқуби САИД,
барои “Озодагон”

Достони зиндагии зани “семичка”-фурӯше, ки дар акс суробашро мебинед, кӯтоҳ, вале пурмаъност. Агар Мопассан, нависандаи забардасти Фаронса зинда мебуд, достони зиндагии ин занро ба қалам мекашиду мо ҷараёни рӯзгори худро дубора аз сар мегузарондем. Чун Мопассан зинда несту ин замон нависандае мисли ӯро ҳам надорем, қаҳрамонҳое амсоли зани “семичка”-фурӯш аз назарҳо дур афтодаанд ва мо аз дарки воқеияти рӯзгори худ бебаҳра мондаем…

…Баъд аз нисфирӯзиҳо, наздики шом тақрибан ҳар рӯз ин зани “семичка”-фурӯш дар гардиши маҳаллаи маъруф ба Яккачинори пойтахт “дӯкон” мегустурад. Дӯконаш оддист, ҳамагӣ аз як қуттии картонӣ иборат аст. Асосан донаи офтобпараст мефурӯшад. Гоҳ-гоҳ носу қуруту “жвачка” ҳам ба савдо мегузорад. Мегӯяд, савдояш бад нест. Дар тӯли 4-5 соате, ки дӯкон-қуттияшро мегустарад, аз 10 то 30-35 сомонӣ савдо мекунад. Даромади холисаш аз 5 то 20 сомонӣ дар рӯзро ташкил медиҳад.

Гоҳҳо намози асру шомро дар назди дӯкон-қуттиаш адо мекунад. Нишастан рӯи санги сари роҳ, мегӯяд, агарчӣ сард аст, вале ҷисми ӯ одат кардааст. Роҳгузарҳои давру бараш ба ӯ эътибор намедиҳанд. Оне, ки харидори “семичкаву” носу қурут аст, хостаашро мебардораду меравад, дигар на нозир кордораш мешавад ва на ходим.

Имсол хазони 70-уминро пушти сар мекунад. Рӯзгори ҷавониаш аз “одамҳои советӣ” фарқияти кам дорад; мактаб-манзил, кори саҳро дар калхозу савхоз, тӯи арусӣ, таваллуди фарзанд – дар маҷмуъ зоҳиран як зиндагии осуда. 7 фарзанд таваллуд кардааст, ки ҳоло 6 нафари эшон дар ҳаётанд. Яке писар, боқимонда духтар. Бештар дар бораи духтаронаш суҳбат мекунад, аз хубии онҳо нақл мекунад. Кӯшиш мекунад, писарашро камтар ёдовар шавад, вале намегӯяд чаро. Шавҳараш чанд сол муқаддам фавтидааст.

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ саргардониҳои зиёде насибаш шудааст. Фаррошӣ ҳам кардааст, дар мағозаҳои бузург фурӯшандагӣ ҳам… Аммо аз даҳ сол ба ин сӯ “семичка” мефурӯшад ва аз ин ҳисоб рӯз мегузаронад. Мегӯяд, 100 сомонӣ нафақа мегирад, ки бо маблағи даромад аз фурӯши “семичка” дар моҳ ҳудуди 400-500 сомонӣ харҷи рӯзгораш мешавад.

Ҳарчанд аз маишати рӯзгораш шикоят намекунад, вале андуҳи гароне даври чашмонаш хона ниҳодааст, ки гувоҳе бар қалби пурдардаш аст. Мегӯяд, гарчи тангии рӯзгор водор ба “семичка”-фурӯшиаш кардааст, аммо ин шуғлро бештар барои он пазируфтааст, ки намехоҳад тан ба бекориву беорӣ биспорад…

Ин достон гарчӣ ҳамин андоза аст, вале умқи нопайдое дорад. Пирзане, ки мебоист ин айём давлати пирӣ биронад ва шаҳди зиндагӣ бичашад, инак, рӯзҳо бори сангини рӯзгор мекашонад ва шабҳо хаставу куфтаву озурда сар ба болин мегузорад, то соате марг ба суроғаш ояд ва ӯ ин ҷаҳонро ноосудаву роҳатнадида падруд гӯяд. Ӯ мебоист, 12 сол инҷониб (аз синне, ки ба нафақа баромадааст) аз таваҷҷуҳ ва ғамхории беминнати давлат бархӯрдор мешуд. То ҷое, ки камтарин камбудӣ ва дасткӯтоҳиро эҳсос намекард. Вале, баръакс, мисли ин ки ба маҳзи бознишаста шудан, машаққату кулфати зиндагиаш дубора оғоз шудааст.

Мушоҳида ва дарки рӯзгори ин пирзан зиндагӣ дар Тоҷикистонро лухту урён ба намоиш мегузорад. Агар то аз пой афтодан андӯхтеду сарф накардед ва ё фарзандони дастгире тарбият намудед, аз ранҷи пирӣ осуда хоҳед буд. Дар ғайри сурат, то аз пой дарафтодан заҳмат кашидеду танҳо маош хӯрдед ва дуздиву ғарӣ накардед, аҳволи пирзан домангиратон аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шахрванд
бародари азиз чаро худат Мопасан намешави . ту чи ками дори аз Мопасан. 10 сол дар мактаби миена хонди, 5 сол дар Донишгох . каламу вараки сафед ва магзи шуморо касе мегирад. Навис мисли Мопасан. шояд зуртар нависи. манро рости бехунарии хамватанон дилгир мекунад. вакте ки мегуем надорем, бояд фикр кунем ки худи мо чи кардем. Дар мавриди ин зан ба худат хамфикрам, вале боз гапе хаст ки дар бахор механат куни дар тирамох рохат мебини. Боки бо умеди дарефти Мопасани точик

Хонанда
Хеле хуб. Офарин. Вале хеле кутох. Хуб мебуд, ки редаксия шуморо як хафта вакт медод ва матлаби муфассалтар дар бораи зиндагии ин модар менавиштед. Рости аз хондани пайвастаи матолиб дар бораи давлатдорону ситорахо монда шудаем. Масоили ичтимои ва фарханг чолибтаранд. Кушиш кунед боз хамин хел кахрамонхо кобед ва муфассал дар бораашон нависед. Боз хам офарин!

Суруш
Вокеъан ахсан бародари азиз забони хуби навишт дори.Онро-метавон-франсузи гуфтагитон барин давом дод.Вокеъан ин миллати рахгумзада ва бесаводро чуз чунин талхии рузгор дигар чизе интизор нахохад буд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)