Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:05

Амрико барои CASA-1000 15 миллион доллар ихтисос дод

12 декабр 2013, 10:43

Амрико нахустин шуда, аз сармоягузории 15 миллион доллари амрикоӣ ба лоиҳаи CASA-1000, хати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон хабар дод.

Вазорати умури хориҷии Амрико, бегоҳи 11-уми декабр, бо пахши як иттилоия дар бораи ихтисоси 15 миллион доллар барои CASA-1000 хабар дода, аз кишварҳои дигар ва донорҳои байналмилалӣ даъват намудааст, ки дар ин самт фаъол бошанд.

Амрико муътақид аст, ки CASA-1000 тариқи таъсиси як низоми энегетикии минтақа барои рушди кишварҳои Осиёи Миёнаю Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард: “Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳисоби фурӯши барқ фоида мегиранд. Афғонистон бошад аз ду ҷиҳат фоида мебинад. Аз ҳисоби гирифтани барқ ва интиқоли барқ ба Покистон.

Вазорати умури хориҷии Амрико изҳори умед кардааст, ки Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар созмону кишварҳо аз ин лоиҳа ҳимоят хоҳанд кард. CASA-1000, барои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ба масофаи 1300 километр тарҳрезӣ шуда, арзиши он ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шутурро бо кафлез об додаанд ку

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!