Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:10

Баҳси Қаюмзод, “Секс дар ҳоҷатхона” ва сӯистифодаи хабарнигори “Ховар”

12 декабр 2013, 12:53

Шӯрои Васоити ахбори омма (ВАО)-и Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали сол то ҳозир ба ин созмон 27 арзу шикоят ва хоҳишҳо ворид гардидаанд, ки марбут ба нақзи ҳуқуқи журналистон аз ҷониби мақомот, корфармо ва сӯиистифодаи рӯзноманигорон аз мавқеи касбияшон мебошанд.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО, рӯзи 12 декабр ҳангоми ҷаласаи ҳисоботӣ гуфт, аввали сол ба Шӯро Абдуқаюми Қаюмзод, собиқ хабарнигори Радиои Озодӣ, муроҷиат карда, аз сабти ном нашуданаш дар Вазорати умури хориҷӣ шикоят намуд. Шарифзода афзуд, дар ин робита муштаракан бо созмонҳои дигари журналистӣ ба вазири собиқи умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ нома навиштаанд, "вале мактуб бепосух монду масъалаи сабти номи Қаюмзод дар ин ниҳод ҳалли худро наёфт".

Раиси Шӯрои ВАО инчунин гузориш дод, ки имсол ба ин созмон Баротов.З, мудири Маркази миллии саратоншиносии Тоҷикистон муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки як хабарнигори Оҷонсии миллии иттилоотии “Ховар” аз мавқеи касбияш сӯиистифода кардааст. Шарифзода афзуд, дар мавриди сӯистифодаи хабарнигорони “Ховар” бо роҳбарияти ин оҷонсӣ суҳбат баргузор гардид ва хоҳиш карда шуд, ки аз ҳолатҳои сӯиистифодаи хабарнигорон ҷилавгирӣ карда шавад.

Раиси Шӯрои ВАО инчунин аз нашри матлаб зери унвони “Секс дар ҳоҷатхона” дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зикр карда, аз нақзи меъёрҳои касбию ахлоқӣ дар он интиқод намуд. Шарифзода гуфт, бо назардошти фишорҳои бардавом алайҳи ҳафтаномаи "Тоҷикистон" Шӯрои ВАО тариқи як номаи пӯшида ба Абдумудассир Аҳмадзода, сармуҳаррир ва Фарангиси Фармон, муаллифи ин матлаб хоҳиш кард, ки дар матраҳи масоили маҳрамона касбияту арзишҳои ахлоқиро риоя кунанд.

Дар охири ин нишаст, Қироншоҳ Шарифзода бори дигар ба ҳайси раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва се нафари дигар -- Акбаралӣ Сатторов, Шаҳло Акобирова ва Хуршеди Атовулло ба унвони аъзои нави ин шӯро интихоб гардиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бобуна

  • 13 декабр 2013 08:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам аъзоёни Шурои Васоити ахбори омма! Хуб мешуд агар хамон мохона хаки аъзопулиятонро 10-сомони пардохт мекардед дар пеши хочахои хоричи,ки такя ба онхо доред шарм намекардед...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акбару Хуршедро барои он интихоб кардаанд ки пулашон калону Шуроро мебардоранд, лекин ин мардум дар союз журналисто хам хастанд дар медияалянсам. Зурашон мерасад?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!