Бахшҳо
13 дек 2013 08:51Тоҷикистон / Сиёсат

Даргузашти собиқ номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон

Бобишо Шоев, собиқ довталаби курсии президенти Тоҷикистон дар интихоботи соли 1991, аз фишорбаландӣ дар зиндон даргузаштааст. Бар асоси хабарҳое, ки дастраси мо шуд, ҷасади ӯро 12 декабр дар Душанбе ба хок супоридаанд.

Як манбаи наздик ба хонаводаи Бобишо Шоев дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯ дар зиндон хеле лоғар шудааст. Вай, ки то ноябри соли 2011 раҳбарии корхонаи манзилию коммуналии ширкати “Нафту газ ва ангишт”-и Вазорати энержӣ ва саноатро бар ӯҳда дошт, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда ва баъдан аз сӯи додгоҳи шаҳри Душанбе барои 18 сол равонаи зиндон гардид.

Мақомот гуфта буданд, оқои Шоев аз хазинаи ин корхона беш аз 400 ҳазор сомониро гирифта, барои “ниёзҳои шахсияш” истифода намудааст. Инчунин, ӯ ба гирифтани ришва барои хусусӣ кардани баъзе манзилҳои истиқоматӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин барои шаҳрвандон муттаҳам мешуд.

Бобишо Шоев дар нахустин интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 1991 дар баробари 10 тани дигар муддаии курсии президентӣ буд, ки Раҳмон Набиев, Давлати Худоназар, Сайфиддин Тӯраев, Бӯрихон Салимов аз қабили онҳоянд. Агарчӣ оқои Шоев дар ин интихобот рақиби ҷиддӣ дониста намешуд, вале баромадҳои таблиғотии ӯ дар бораи кашидани хатти барқ барои ҳаракати троллейбус аз Душанбе то Кӯлоб дар ёдҳо мондааст.

Бобишо Шоев, узви Ҳизби халқӣ-демократӣ буда, чанд бор вакили маҷлиси шаҳри Душанбе низ интихоб гардидааст. Вай зодаи Файзобод аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Умед дорам ки чура ва идеологаш аламхон ахмедов собик вазири тандурусти низ дар назди конун ба мисли бобишо шоев чавоб мегуяд.
Саравал хостанд хардуяшонро шинонанд лекин ахмедов кумбара доду канда кард!
Азмедов аламхон омодаги бенед ба сари шумо хам мебиеянд !

Мурдан хак аст бародарон! хамин баъзан одамон фикр мекунанд намемуранд хато мекунед бародаро инкадар дунёя сахт накапед чавоб додан даркор дар тахи гур! (худо рахматаш кунад ин одама)

Бобишо ва аламхон ахмедов собик вазири тандурусти тичорати муштараки фуруши дорухо барои аклхои носолим яъне психотропные лекарства ки нихоят гаронанд, доштанд
Акнун бизнес аз ки мешавад вакт нишон медихад!
Озодагон аз аламхон ахмедов интервью мегирифтед басо бамаврид мешуд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)