Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Боздошти ду Range Rover-и 100 ҳазор $-ӣ дар роҳ ба Тоҷикистон

13 декабр 2013, 09:34

Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздошти ду “Range Rover”-и гаронарзиш дар шаҳри Талас хабар дод, ки дар Русия дуздида шуда, дар роҳ ба самти Тоҷикистон қарор доштанд.

Ба иттилои манбаъ санҷиши техникӣ нишон дод, ки рақами аслии мошинҳо тоза шудааст ва дар пайи таҳқиқ муайян гардидааст, ки ҳар дуяшон дар бозҷӯии пулиси Маскав қарор доранд. ВКД мегӯяд, ронандагони боздоштшуда шаҳрвандони Белорусия, сокинони шаҳри Баранович ҳастанд, ки ҳуҷҷатҳои тақаллубии мошинҳои дар он ҷо сабт шудаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳар ду мошини боздоштшуда Range Rover Evoque ва Range Rover Sport соли 2012-ум истеҳсол шуда, арзиши бозории ҳар кадомашон 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Мақомот қирғиз таъкид мекунад, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Maks

  • 13 декабр 2013 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо як гурухи мебошанд ки бо хариду фуруши мошинхои дузди машгуланд, ачиб он аст,ки касе ба кори онхо дахолат карда наметавонад.
Посух додан
  • Салим

  • 13 декабр 2013 16:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
еххххх чиба капиданшон албат доля надоданд. Агане ду мошини хушруи дига дар Тчк кира куштай)

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!