Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Манъи чопи “Ташнагии дарё”-и Пӯлод Абуев аз сӯи Кумитаи амният

13 декабр 2013, 15:37

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шакли электронии китоби бадеии нависандаи тоҷик Пӯлод Абуев, зери унвони “Ташнагии дарё”-ро, мусодира намуда, нашри онро манъ кардааст.

Абуев дар суҳбат бо хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, дар китоби “Ташнагии дарё” ҳаёт дар Тоҷикистон, аз ҷумла табиату тақдири одамон, маҳалчигӣ, хешутаборбозӣ, фасод, муҳоҷират ва паҳлӯҳои дигар тасвир шудаанд.

Ин нависанда изҳор доштааст, ки кормандони амният моҳи июли соли равон, ғайриинтизорӣ ба матбааи назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳозир шуда, шакли электронии китобашро мусодира ва худи ӯро иғвоангез номидаанд, ки матлабҳои танқидии беасос менависад.

Абуев мегӯяд, то охири моҳи август интизори баргардондани шакли электронии “Ташнагии дарё” буд, ки шеъру рубоӣ, ҳикояю повестҳоро дар бар мегирад. Ӯ мегӯяд, баъди интизории бардавом 29-уми август ба унвони генерал-лейтенант Саймуъмин Ятимов, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нома навишта хостааст, асарашро бозгардонанд, чун барои эҷоди он 3 соли умрашро сарф кардааст.

Муаллифи “Ташнагии дарё” афзудааст, ки аввали октябр зери имзои муовини аввали раиси КДАМ, М. Умаров мактуб гирифт, ки дар он гуфта шудааст, шакли электронии “Ташнагии дарё” дар асоси қонун барои омӯзиш дар Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи улум мусодира шудааст. Дар номаи КДАМ омадааст, ки омӯзиш дар Академияи улум нишон дод, дар китоби “Ташнагии дарё” миллати тоҷик таъқир шуда, ғояҳои бегонапарастӣ тарғиб ёфтаанд ва бинобар ин шакли электронии китоб бозгардонда нахоҳад шуд.

Аммо Раҳматиллло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикии Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфтааст, Кумитаи амнияти миллӣ бе қарори додгоҳ ҳаққи мусодираи лоиҳаи китобро надошт, чун он моликияти зеҳнӣ маҳсуб меёбад. Баъдан Кумитаи амният дастнависеро, ки ҳоло нашр нашудааст, ҳақ надорад барои омӯзиш бигирад, чун Сарқонун ба шаҳрвандон кафолати озодии сухан ва истифодаи василаҳои чопу васоити ахбори оммаро додааст. Зоиров бо такя ба Сарқонун гуфтааст, давлат ҳақ надорад, барои интиқод аз таъқиб кор бигирад.

Раиси консорсиюми юридикии Тоҷикистон таъкид намудаст, ки Абуев дар асоси посухи радди Кумитати амният метавонад аз болои ин ниҳод барои нақзи қонунҳо ва ҳуқуқи муаллиф ба додгоҳ муроҷиат кунад.


Акс аз "Азия-Плюс"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хакбин

  • 13 декабр 2013 16:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мурумат Зоиров! Хамту додгох мегуи,ки гуё бо ариза ворид шудан суд санчида хакро ба хакдор мерасонад. КГБ, Суд, кал додари кур.
Посух додан
  • Рахмдил

  • 13 декабр 2013 19:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо хамаш аз боло фармон мегирад ба сарконун нигох хам намекунад. Ваколатхои худошонро намедонаду
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мегузарад ин давраам мегузарад, факат САБУР бошед! Чун гузаштанд даврахои ТОХИРИЁН, СОМОНИЁН
Посух додан
  • tojik

  • 15 декабр 2013 18:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xub kardaast amniyat.naxod xalku milati xudata past zani.dar xonaatham janjol kardi buromada ba begonagon bigu.yo az avlodi zoiruf asti?
Посух додан
  • Э Р

  • 16 декабр 2013 08:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
се сол навишти дар дигар давлат бурда чоп куни ё намедони фикрут нопок аст.
Посух додан
  • Э Р

  • 16 декабр 2013 11:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
каментарияҳоро дуруст чоп кунед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!