Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:44

«Шашмақом» шурӯъ шуд, шашмақом идома дорад

11 май 2011, 11:21

Шоми имрӯз аниқтараш соати 18-и бегоҳ дар толори «Филармонияи давлатии Тоҷикистон» ҳунарнамоии ду дастаи ҳунарӣ дар доираи симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар назар аст.

Зимнан, ансамбли шашмақомхонони филармония таҳти роҳбарии ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов ва оркестри созҳои халқӣ таҳти сарварии Амон Ҳамдамов дар саҳна баромад хоҳанд кард. Бино ба иттилои вазорати фарҳанг фестивали имсола ба 100-солагии Фазлиддин Шаҳобов бахшида шуда, дар он ба ҷузъ гурӯҳҳои ҳунарии ватанӣ ҳунармандони кишварҳои Арманистон, Афғонистон, ва ҷумҳурии мардумии Чин иштирок мекунанд. Ёдрас менамоем, шашмақом шоҳасари тавонои классикӣ буда, аз осори пурғановати Айнӣ ва пажӯҳишҳои таърихии Бобоҷон Ғафуров ибтидо ёфта, минбаъд дар такмили Фазлидин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзулоев ташакул ёфта, устод Аҳмад Бобоқулов ва Барно Исоқова онро ба эҷодкорони имрӯз мерос гузоштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!