Бахшҳо

Ба гармшавии муносиботи Тошканду Душанбе бовар доред?

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси Намояндагон:
“Ба гарм шудани равобит бо Узбакистон бовар дорам, чун решаҳои амиқи ҳамҷаворӣ, ҳаммазҳабӣ, ҳамсарҳадӣ ва ҳатто хешутаборӣ дорем. Ҳазорон сол пеш сиёсатмадорони мо гуфта буданд, ки аз хеши дур дида ҳамсояи наздик хуб аст. Ҳамин ҳамҷавориҳои иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ маҷбур мекунад, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар оянда гарму мӯътадил ва ба манфиати ҳар ду миллат бошад.”

Маҳдии Собир, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Тавре президенти кишвар гуфта буд, Тоҷикистон дар ҳар давру замон омодааст бо Узбакистон муносибати дӯстона дошта бошад. Ислом Каримов ҳам дар як баромади худ гуфта буд, ки нафароне мехоҳанд моро бо Тоҷикистон ҷанг андозанд, вале мо сӯи сухани онҳо намеравем ва мо як халқем, ки бо ду забон бо ҳам гуфтугӯ мекунем ва бояд ба ҳам оем. Ин нишон медиҳад, ки ҳар ду роҳбари кишвар мехоҳанд муносибати дӯстона дошта бошанд. Узбакистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати иқтисодиву ҷамъиятӣ як кишвари қавист ва ояндаи рӯшан ҳам дорад. Барои ҳамин, Узбакистон мехоҳад, як давлати озод бошад ва сиёсатеро пеш гирад, ки ба манфиати худи ин кишвар бошад. Русия кӯшиш мекунад, кишварҳои Осиёи Марказиро дар Иттиҳоди АвруОсиё гирди ҳам оварад, вале агар ду кишвар - Туркаманистон ва Узбакистон ба ин иттиҳод ворид нашаванд, ин масъала то андозае ҳалнашуда боқӣ мемонад.”

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос:
“Ба гарм шудани муносибати Тошканду Душанбе бовар дорам. Зеро ин муносибатҳо байни ду давлати ҳамсоя ва дӯст мебошад. Аз дигар паҳлӯ, муносибатҳои байни давлатҳо характери сиёсӣ доранду доимӣ нестанд ва онҳо доимо гарм ё сард буда наметавонанд. Сиёсати геополитикии минтақа водор мекунад, то давлатҳои минтақа бо якдигар муносибати хуб дошта бошанд. Зеро муносибатҳои экологӣ ва иқтисодӣ моро ба якдигар вобаста мекунад. Чун поёнобҳои Сирдарё ва Амударё аз Тоҷикистон баромада, ба Узбакистон мерезанд. Муносибатҳои иқтисодӣ ҳам тариқи роҳи оҳани Узбакистон сурат мегирад ва Тоҷикистон тариқи ин кишвар бо дигар давлатҳо тиҷорати коло вуҷуд дорад. Ҳарчанд мо аз Афғонистону Чин роҳҳои автомобилгард сохтему ба воситаи ин роҳҳо бор интиқол мегардад, аммо ин ба талаботи имрӯзаи Тоҷикистон ҷавобгӯ намебошанд. Бе роҳи оҳан ин талаботро таъмин карда наметавонем.”

Амният Абдулназаров, муовини раиси ҲСДТ:
“Баъд аз иваз шудани сарвазир мумкин ин мақомдори нав бо Узбакистон забон биёбад. Вале баъзан аз тариқи радиову телевизионҳои Тоҷикистон ба мардуми узбак суханони пасту баланд гуфта мешавад, ки ин метавонад муносибатҳоро сардтар кунад. Барои ин ки муносибати ду кившар беҳтар шавад, хуб мешуд аввал вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо сафорати Узбакистон мулоқоту гуфтушунид мекард ва оид ба ин вохӯрӣ дар расонаҳо сухан мегуфтанд. Солҳои пеш агар муносибати ду давлат сард буд, имрӯз ин сардӣ байни мардуми ду кишвар ҳам вуҷуд дорад. Ин метавонад хилофи муносибатҳои давлатии Тоҷикистон шавад. Агар сарвазири феълӣ дорои ваколати комил бошад, метавонад масъаларо ҳал намояд, чун шимоли Тоҷикистон бо мардуми Узбакистон муносибати хуб дорад.”

Абдумалик Қодиров, коршинос:
“Албатта, муносибатҳои ду ҳамсоякишвар хоҳ-нохоҳ як рӯз не як рӯз гарм мешаванд. Чун намешавад, ки ду ҳамсоя як умр дар ҳолати "ҷанги сард" қарор дошта бошанд. Мутаассифона, дар кишварҳои пасошӯравӣ муносибатҳои байнидавлатӣ аз муносибатҳои шахсии сарони ин давлатҳо вобастагии сахт дорад. Яъне, барои мисол, агар ситораи ҷаноби Каримов бо ситораи ҷаноби Раҳмон “рост” наомад, пас, ҳарорати муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар сардӣ қарор мегирад. Вале ин ҳарорат ҳамчунин аз маҳорату малакаи касбии дипломатҳо ва шахсиятҳои ҳамсоякишварҳо низ вобастагӣ дорад. Бо таъин шудани ҷаноби Қоҳир Расулзода ба вазифаи сарвазирӣ ва сафари ӯ ба Тошканд умеде пайдо шудааст, ки ин муносибатҳо ҳадди ақал дар сатҳи иқтисодӣ рушд мекунанд, ки ин худ як қадаме ба пеш аст.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мардуми содаи Точик.
Мешавад ба он шарт ки ба хама гуфтагихои узбакистон лабай ва хоб мегуед мисли пештара.Ба тавои конкрети гуем Узбакистон Точикистону .Ба сабабае ки Точикистон ба давлати таракиефта ноил мегардад хатман Самарканду Бухороро ва минтакаи Сурхандареро талаб мекунд, гуфта аз хамин сабаб тарсу аст.Болои ин хам Интеграцияро хам кабул надорад.
Худ хулоса баред.

Узбак
Дар холати аз сари кудрат рафтани И.Каримов ва Э.Рахмон ,муносибати Точикистон ва Узбекистон ,бехтар мешавад. Халки точик ва узбак аз кадимулаём дар як макон ва манотик зиндаги карда истодаанд ва зиндаги
хоханд кард.

лола
барф боридесай айкучо гарм мешава чоп кунен

Узбак,
emomali ki raft misle emomali digar tojiki bo nangu nomusu notars meoyad.hej vakt intizori prezidentu hukumati labaik guyaki uzbakho naboshed.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)