Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:53

Кормандони ВКД-и Афғонистон дар Душанбе таълим гирифтанд

5 август 2011, 05:19

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷӣкистон ҳамкориашро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон тақвият медиҳад.


Тибқи иттиллоъ, вазъи ҷуғрофӣ, ҳамзабонию ҳамфарҳангиро ба назар гирифта, Агентӣ бо ташаббуси идома додани лоиҳаҳои таълимӣ барои омӯзонидани кормандони зиддимухаддирии ҶИА дар АНМН баромад кард. Бо ин мақсад дар доираи лоиҳаи РСММ оид ба нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ AD/RER/F23 «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи маълумоти фаврӣ ва дигар маълумот дар самти муборизаи зидди мухаддирот» аз 25 июл то 5 августи соли 2011 дар Агентии назорати маводи нашъаовари  Тоҷикистон кормандони политсияи криминалии Шветсия барои 8 нафар кормандони вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Исломии Афғонистон  дар мавзӯи «Истифодаи таъмини барномаи «i2» дар вақи тафтиши ҷиноятҳои вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор» тренинг гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки кор дар ин самт ҳанӯз соли 2008 бо гузаронидани аввалин тренинги ду ҳафтаина дар Агентӣ барои кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар доираи лоиҳаи  «Русия-НАТО»  оғоз гардида буд.  Ин тренингҳо дар баробари ташкили курсҳои тахассусӣ дар масъалаи мубориза бо тиҷорати маводи мухаддир , инчунин омӯзиши махсуси маҳорати педагогӣ ва усули замонавии омӯзгориро дар бар  гирифтанд. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!