Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 апрел 2017, 16:24

Боздошти як нашъафурӯш дар Фархор

5 август 2011, 06:17

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҷамоати  Зафар, деҳаи  Сомончӣ, шаҳрванд  Илҳом Асоеви 35-сола, бекор, дастгир карда шуд.


Ҳангоми кофтуков аз либоси ӯ 925 грам  маводи нашъадори «ҳашиш» ёфт ва мусодира карда шуд.
Дафтари матбуотии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки аснои амалиёти кормандони мақомоти интизомӣ муайян карда шуд,  ки Илҳом Асоев аз ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ  маводи  нашъадори  «ҳашиш»-ро аз Оятулло Абдураҳимови 28 сола, сокини  ҷамоати Меҳнатобод, бекор, ба маблағи 1400 сомонӣ харидорӣ намудааст. Манбаъ афзуд, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ  бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии  воситаҳои нашъадор оғоз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!