Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:06

Чор садама сабаби марги панҷ нафар шуд

17 декабр 2013, 08:54

Дар пайи чор сониҳаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон дар рӯзи 15 декабр панҷ нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Абдураҳмонови 20 сола, ронандаи сабукрави “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Гипрозем ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Халиф”-и пойтахт идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, пиёдагард Руслан Салимови 25 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа ин сокини шаҳри Душанбе дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

“Ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху” Мамадназар Назриеви 24 сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Рушон, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Носир Офаридаеви 10 соларо зер мекунад, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-хабар медиҳад манбаъ.

Садамаи дигар дар ноҳияи Муъминобод ба вуқуъ пайвастааст. Абдукарим Шарифови 49 сола, ки сабукрави “Опел-Астра”-ро идора мекард, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Боггаӣ ва Дендистони ноҳияи Муъминобод, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, онро ба канори чапи роҳ чаппа мекунад. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина Момагул Сафаралиеваи 33 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Шаҳло Шарифова, соли таваллудаш 1989 ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ноҳияи Ҳисор бошад, Нуралӣ Хуҷаеви 62 сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-3285-Микроавтобус” аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди самти деҳаи Ҳисор, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдукарим Юсупови 48 соларо пахш мекунад. Пиёдагард аз ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ба ҳалокат расидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Sabur

  • 17 декабр 2013 19:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hamdardi khudro ba khonavodagoni in favtidagon bayon mekunam. Khudovand joyashonro janat kunad va ba khonadonashon sabri jamil ato farmoyad.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!