Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Шарифов: Барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ бояд шитоб накунем

17 декабр 2013, 10:45

Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, рӯзи 17 декабр дар як нишасти байналмилалӣ дар мавзӯи ҳамоиши Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон набояд барои шомилшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ шитоб кунад.

Шарифов изҳор дошт, қисми асосии буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба даст меояд ва бинобар ин саросемагӣ метавонад, пайомадҳои манфӣ дошта бошад: “Мо имкон дорем, воридшавии Қирғизистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ назорат кунему таҷриба гирем. Мо барои таҳияи ҳуҷҷатҳо, таъмини инфрасохтори зарурӣ чанд сол дорем. Бояд роҳҳои оҳан созем. Баъд аз ин имкон дорад, дар бораи натиҷаҳои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гап занем.”

Дар робита ба ин, Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни ин ҳамоиш таъкид кард, кишварҳои шарики Русия метавонанд ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шаванд ва Қирғизистонро мисол овард, ки ният дорад, расмиёти узвияташро дар Иттиҳоди гумрукӣ то миёнаҳои соли оянда ба итмом расонад. Дар пайи узвияти Қирғизистон Тоҷикистон низ метавонад, узви Иттиҳоди гумрукӣ гардад, чун яке аз шартҳои воридшавӣ ба ин Иттиҳод доштани марзи муштарак бо яке аз кишварҳои узв мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ният дорад, дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Иттиҳоди АвруОсиёро ташкил кунад, ки дар он ҳаракати мардум, сармоя ва мол миёни кишварҳои узв озод хоҳад буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Сухроб Шарипов аз вазъи мухочират ва муносибатхои Точикистону Русия хуб огханд. Шояд ба хамин хотир аксар вакт бо такя ба факту санад ва вазъият сухан мегуянд. Замоне ки банда дар бозори Лужникии Маскав кор мекардаму ошхонае доштам, он кас ба хайси посбон дар даромадгохи бозор хизмат мекарданд ва кумакашон ба мухочирони точик хеле зиёд расидааст. Шахсан он кас чандин маротиба ба мо кумак ичозаи даровардани хамир ва гушти шоурмахои моро дода буданд. Агарчи давровардани чунин чизхо ба бозор манъ буд, лекин мо махсус ба воситаи гузаргохе медромадем, ки Шарипов дар он дарбони мекарданд.
ман аз тачриба мегуям, ки хох мо вориди Иттиходи гумруки мешавем, хох артиши Русияро ба мухлати 50 соли дигар дар кишвар чой медихем, хох нохох муносибати русхо бо мо хуб намешавад ва Россия моро чун шарики стратеги эътироф намекунад.
Баъди шартномаи нав вазъи мухочирони точик бадтар шуду бехтар не. Ин худ далели хамон гуфтахост.
Сухроб Шарипов бояд Вазири шугли ахоли ва мухочират мешуд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!