Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Видеои захмҳои ҷасади Ҳамза Икромзода. Шиканҷа ё худкушӣ?

18 декабр 2013, 09:45

Наздикони Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами 1-и Душанбе ба таври мармуз даргузашт, навореро дар ихтиёри “Озодагон” гузоштанд. Ин навор ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар манзилашон сабт ёфтааст.

Дар ин навор дида мешавад, ки қисме аз бадани Ҳамза Икромзода сӯхта, дар баъзеи ҷои танаш захмҳо дида мешаванд. Ин навор ҳангоми баррасии даъвои волидони Ҳамза Икромзода барои рӯёндани даҳ миллион доллар аз Вазорати адлия дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ намоиш дода шудааст. Вале барои нахустин бор аст, ки ба расонаҳо роҳ меёбад.

Волидони Ҳамза Икромзода мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ тарадфори он набуданд, ки ин навор пахш шавад. Вале ҳоло маҷбур шудаанд, барои исботи он ки фарзанди онҳо худкушӣ накарда, балки дар пайи фишору шикнаҷа ҷон додааст, ин наворро ба хабарнигорон медиҳанд.

Ҳамза Икромзодаи 27-сола, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Наздиконаш бовар доранд, ки маъмурони зиндон ӯро куштаанд, вале масъулони Вазорати адлия, ки назорати зиндонҳо дар ихтиёрашон аст, мегӯянд, Икромзода худкушӣ кардааст. Ҳатто Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ гуфта буд, “касе Ҳамзаро куштааст, Худо мезанадаш”.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ор

  • 18 декабр 2013 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба гумон аст ки ин хукумат касеро чазо дихад.Ин сиесати худи хукумат аст ки шахсони саркашро нобуд мекунад. Чазо дар он дунё аз тарафи худованд.
Посух додан
  • FREEDOM

  • 18 декабр 2013 11:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд Рах,мату магфират ва дохили ч,аннаташ кунад! Амиин!
Посух додан
  • Точикистони нав

  • 18 декабр 2013 11:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба суди байналмилали шикоят кунед. Ором нашинед. Шумо барои он бача калон накардед, ки уро ба катл расонанд. 10 миллион доллар барои ин зулм кам аст. Бояд котилон ба хукми абад махкум шаванд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рустам Тоштемиров Ман уро шахсан мешиносам ва хангоми дар муассисаи ислохии №1 сардор буд,шахсан худаш махбусонро лату куб мекард.У як шахсес,ки аз азоб додани одамон кайфият мебинад.Писари калониаш Баходур ном дорад ва дар он муассиса кор мекард ва мисли падараш хаст. Иншоолх чазоятнро хам дар ин дуне ва дар он дуне мебинед.Омин.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин коргарони давлат аз худо наметарсан ?
Хамин корганои орган аз худо наметарсан ?
Онхо худро хизматгори ватан меноман, вале ба як шахс хизмат мекунан!

Имруз шумо яктаро зада куштед, пагох метавонан фарзанд, бародар ё ин ки яке аз наздикони шуморо кушан. Вой бар холатон бадбахтон! Шумо на ба миллат рахм доред на аз худо метарсед! Аллох подшох аст, хамаро дида истода аст. Агар атеист бошед, ба худо бовар накунед! Дилатон барои бародари точикатон намесузад? Магар шумо модар надоред ? Магар шумо точик нестед ? Вой бар холатон одамони охир замон! Мурдан хак, аст ва хама мемирем! Лекин ин джанвон мардро инкадар джазо додаед лаънат ба шумо! sad recourse
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хамин мардуми худмонда хайронум, ки менмшинанд нигох карда. Ооо ин кор агар дар ягон давлати Аврупо е ягон давлати пешрафта мешуд мардум кайхо боз эътироз мекарданд.
Посух додан
  • рохгузар

  • 18 декабр 2013 23:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хай биёед хамаи хаму одамкушу тераристора аз тюрма брорем ки дига назананшон бад бинем ки чи хел мешавад.Ин бачае ки очаш 10милон долар мехоха беайб набуд,бародаро як чиза намедонен бехуда дуои бад накунед.Турма курорт нест бигузор фахманд.Як бор таржумаи холи хами чавона пурсен ки буду чи кохо карда буд?
Посух додан
  • shodmon

  • 19 декабр 2013 10:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hamza ikromzodaro hanuz nashnokhtai,ki u ki bud u mardi Khudo bud imruz margash sabab shud,ki shikanjaro az bayn barand u dar khonadoni ahli ilmu hofizoni Quron zindagi mekard barodaronash olim va hofizoni Quron hastand va harchize,ki shumo shunided,ki hamza falon korro kardaast dar hakkash tuhmat ast hamzaro ba har gunoh muttaham kardand guyo on mulloi ablahe,ki hamza ozorash doda bud hakikatan behtar shud,ki on mulloi jodugarro tarsonida bud va boyad tu u mulloro bishnosi hamza mardi Khudo bud Khudo rahmatash kunad va agar tu bar hamin boshi Khudo hamin baloro baroyat biyovarad badan mefahmi dardi dili mardumro
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
[b]рохгузар, Послушай! рохгузар хотя ты какой Рохгузар. ту хам аз хамин туда хасти инро хама медонад дар кучои конун навиштааст ки бо инхел вахшиёна ту туремшикоро куш гуфта?
Посух додан
  • мехр

  • 19 декабр 2013 21:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахмат кунад. Мазлум рафта ба хок.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Модари Хамза аз ман як насихат бар Шумо, кушиш накунед, дар мо точикон конун гуфтаги гап намондаст, бо ин гуна навору расмхо арвохи писаратона ношод мекунед, пул ба Шумо чи лозим, чигарбандатона аз даст додед, барои ин гуна шиканча бехтараш аз гунохкорони ин фочиа марг ё хабсро талаб намоед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
субхон,
субхон,
кучо шикоят мекнанд хуб бисёр бошанд 10 20 нафар хастанд мо бояд тамоми точикон бихезем
Посух додан
  • duzdi hukumat

  • 31 декабр 2013 18:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Kosh SHERI bo dilu gurda mebud ki po muzhskomu jazo medod sardori zindoma

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!