Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:54

Мушкили овардани ҷасади муҳоҷирон ва бозгардондани ноболиғон

18 декабр 2013, 12:20

Сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҳукуматро барои овардани ҷасади шаҳрвандони кишвар аз хориҷ нокофӣ хонд.

Толиб Шарифов, сардори Сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 18 декабр дар як ҳамоиш дар мавзӯи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, вақти он расида, ки мақомот барои овардани ҷасади муҳоҷирон таваҷҷӯҳ кунанд ва маблағи бештар ихтисос диҳанд. Шарифов ҳаҷми маблағи солонаро, ки давлат барои овардани ҷасади муҳоҷирони тоҷик ҷудо мекунад, 22 ҳазор доллар арзёбӣ намуд, ки кофӣ набудааст. “Борҳо ба ҳукумат муроҷиат намудем, аммо масъала то ҳол ҳал нашудааст”,-афзудааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Русия ҳудуди 1 ҳазор ҷасади муҳоҷирони тоҷик интиқол дода мешаванд ва ба ҳисоби миёна ҳукумат барои овардани ҳар ҷасад тақрибан 22 доллари амрикоӣ ҷудо мекунад. Тоҷиддин Ҷалолов, сардори Маркази ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, низ дар ин ҳамоиш дар Душанбе ба мавзӯи овардани муҳоҷирони ноболиғ низ дахл кард. Вай гуфт, “соли ҷорӣ мо ҳудуди 60 муҳоҷири меҳнатии ноболиғро ба Ватан овардем. Аз Русия ва Қазоқистон хеле муроҷиатҳои зиёд мегирем, ки мегӯянд, шаҳрвандони ноболиғатонро бубаред. Аммо барои овардани онҳо маблағи кофӣ надорем.”

Гуфта мешавад, шумораи муҳоҷирони ноболиғи тоҷик дар Русия рӯ ба афзоиш ниҳод, дар ҳоли ҳозир бештар аз 50 ҳазор нафарро ташкил медодаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои овардани 1 часад аз Руссия на камтар аз 1000 доллар харч мешавад. Шукри мухочирони точики дар Руссия фаъолияткунанда ва шукри чамъиятхои гуногуни точикон аст, ки бо кумак ва маблаггузории онхо часадхо ба Точикистон оварда мешаванд. Вагарна ба умеди ин Хукумат ва сафорату консулгарияш хатто часадхои мухочирон низ ба ватан оварда намешаванд.
22 доллар барои як часад хатто кафанпули намешавад. Боз ба ин хукумат умед бандед!
Посух додан
  • мухочир

  • 18 декабр 2013 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тамоми харочотхо аз хисоби мансабдорон руйонда шавад. Бо айби инхо мардум мухочир шудааст. Пулро супоранд Мачбуранд ки кор кунанд то ки дигар мурда нашавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо бубахшад ин хукуматдоронро, ки инхо ба фикри овардани часади бечони мухочирон хастан ва барои ин мачлис низ мегузаронанд. Ачабо чаро ба фикри овардани часади зиндаи онхо нестанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!