Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:44

Тамрини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои Ҷоми Иттиҳод-2014

19 декабр 2013, 10:45

Тими миллии ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) даври аввали омодагии худро барои мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 24 январ то 2 феврал дар Санкт-Петербург мегузарад, идома медиҳад.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии мунтахаби ҷавонон барои даври аввали омодагиҳо 28 футболбоз -- 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Тамринҳои даври аввал то 22 декабр дар майдони сунъии варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар Душанбе идома хоҳад кард.

Даври дуюми омодагиҳоро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 2 январ оғоз мекунад. Марҳилаи ниҳойии тайёрӣ ба Ҷоми Иттиҳод қарор аст дар Анталияи Туркия ҷараён бигирад.

Тоҷикистон дар гуруҳи “А” бо Эстония, Украина ва Қирғизистон вориди рақобат мешавад. Дар дидори аввал футболбозони ҷавони тоҷик 24 январ бо тими Эстония, 25 январ бо Қирғизистон ва 27 январ бо Украина рақобат хоҳанд кард.

Ҳайати васеи тими миллии ҷавонони Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Муминҷон Гадойбоев (“Хуҷанд”), Эмомалӣ Сониев (“Истиқлол”), Баҳодур Шамсов (“Равшан”);

Ҳимоятгарон: Алишер Шарипов, Саид Исмоилов, Фирдавс Тусматов (аз “Регар-ТадАЗ”), Саидхони Амрохон (“Равшан”), Бахтиёр Азимов (“Энергетик”), Фирдавс Хоҷиев, Дилшод Каримов (“Хуҷанд”), Музаффар Назаров, Сайдамири Саидаҳмад, Хуршед Бекназаров (“Вахш”), Фирдавс Гадоев (“Истиқлол”);

Нимҳимоятгарон: Ҷахонгир Алиев (“Хуҷанд”), Шавкати Ҳотам, Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (“Энергетик”), Ҳусниддин Ашуров (“Спитамен”), Ҷаҳонгир Эргашев, Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (“Регар-ТадАЗ”), Фаридун Шарипов (ССКА “Помир”);

Ҳамлагарон: Фирӯз Раҳматов (“Регар-ТадАЗ”), Наврӯз Рустамов (“Вахш”), Меҳроҷиддин Музаффаров (“Хайр”), Толибҷон Султонов (“Истиқлол”).


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!