Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:38

“Наздикони президент ба ин амали нангин даст намезананд"

20 декабр 2013, 12:21

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба амали нангине, чун дуздии мошинҳо, даст нахоҳанд зад. Ӯ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, хабари истифодаи мошинҳои дуздидашуда дар Олмон аз тарафи наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон бӯҳтоне беш нест.

“Кас намедонад, ки чӣ тавр аз Олмон 200 сабукрав дуздида шуда ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар ҳоле ки аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо на мошин, ҳатто сӯзанро дуздидан ғайриимкон аст”,-афзуд Шарифзода.

Рӯзномаи олмонии “Bild” рӯзи 19 декабр бо интишори матлабе гуфт, ҳудуди 200 мошини дуздидашуда дар Олмон дар ихтиёри дӯстон ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ба иттилои ин нашрия, аз ин миён 93 адад сабукрав тамғаи BMW будаанд. То ин замон сафири Тоҷикистон дар Олмон, Вазорати умури хориҷӣ ва хадамоти гумруки кишвар воқеият будани ин хабарро рад карданд.


Ҳумайрои БАХТИЁР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 20 декабр 2013 12:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Шарифзода шумо ба чои он ки як вокуниши миёншикан алайхи “Bild” нишон дихед. Чунон сухан мекунед ки аз хонданаш кас гумон мекунад ин хамаро "Озодагон" гуфта бошад. Инчо гап сари дуздии наздикони раисичумхур намеравад. Гап сари но аст, ки мошинхоро наздикони раисичумхур сохибанд. Гузашта аз ин ба фикрам шумо адвокат нестед, ки касеро сафед кунед.
Посух додан
  • 30-

  • 20 декабр 2013 13:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яке аз ин мошинхои БМВ 3 касро кушт.
Посух додан
  • Душанбеги

  • 20 декабр 2013 14:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акун як кишвари абаркудрати чахони дигар кор надорад, ки ба шумо бухтон занад? Дар чахони мутамаддин бе асос чунин изхорот пахш намекунанд. Аврупо телевизиони ТВТ нест, ки бе асос дуруг гуфтан гирад. Гапхои макомоти Германия 100% ростанд. Ин давлатдорои мо гумон карданд, ки хар коре кунанд, касе пишакашонро пишт намегуяд, вале хато карданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба Душанбеги
Рости суханони туро шунида шармам меояд!Ин гуфтахоро на сафорати Олмон тасдик мекунаду на хадамоти гумруки Олмон!Ту медони,ки аз Аврупо моли дуздиро овардан чи гап аст???бехтараш худатро ба беморхона нишон дех!!!
Ман хайронам чаро сафорати Т-н хомуш аст?чаро онхоро барои маколаи бе далелу игвогарона онхоро ба суд намедиханд?хайфи хамин хел дипломатхо хайфи шумо хайф...
Посух додан
  • bijan

  • 20 декабр 2013 20:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин гап хакикат дорад , чунки мошинхои киматбахо дар точикистон он кадар арзиш надоранд , имруз бачахо аз душанбе ба руссия мошин бизнес мекунанд масалан лексус ё худ bmw камтар аз миллион рубл арзиш дорад . Бе шамол шохи дарахт намечунбад ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Абдуфаттох! расоям вохима кардед, да!
Касе намедонад гуфтед-ми? о медонад, еще как медонад, ин шумоед, ки худатона гул мезанед! о ин 200 мошина дар як руз надуздиданд! аввал дуздида калоноба овардан, вахо хап кардан, баъд катор-катор овардосан, шумо сузан гуфта гаштиед! рости айбаст вакте сухангуи паразидент шуда чунин чахонбини дошта бошед!
"озодагон" чоп кун! чоп накуни дигар сайтада намедаром))))
Посух додан
  • ozod

  • 20 декабр 2013 20:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Душанбеги дар кучо диди точика ки рафта аз худи Олмон 200 мошина дуздида сархади якчанд давлата гузашта ба хонаша биёрад? шарм намекуни ба миллати худу ватани худ тухмат мезани? Агар точик хамин хунара медошт Равшану Джамшуд мешуд?
Посух додан
  • Додочони Атовулло

  • 21 декабр 2013 01:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Олмон ин кадра мошинро дуздидан кори осон нест! Дуздои профессионл будиян дя. Хай конечно дар Точикистон конкурентора пушти панчара равонкардану дигар мачбуранд, ки куваозмоии беруниро сар кунанд.................
Посух додан
  • Хуррам

  • 21 декабр 2013 09:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хами хабара агар дуруст тахкик куни ба калами Додочони Атоуллои беватан таълук дора. Лекин бехуда нагуфтаанд. "Саг мечакад, корвон меравад"
Посух додан
  • Бузургмехр

  • 21 декабр 2013 11:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мошиндуздон наздикони Президунд буданд ё не, ба хар сурат дар Олмон барин давлати Аврупо чоп шудани чунин хубар шурмандагист, зеро матбуоти Олмонро тамоми Аврупо мехонад
Посух додан
  • Салим Чабборов

  • 21 декабр 2013 13:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хабар саволхои зиёди бечавобро ба миён овардааст:
Ачоиб, GPS-и муфаттишони олмони танхо Точикистонро мебинанд?
Чаро GPS-и олмониҳо мошинҳои дуздиро дар рохи дуру дарози аз Олмон то Точикистон, ки аз худуди даххо кишвархои дигар мегузарад, намебинанд?
Посух додан
  • haqiqat

  • 21 декабр 2013 15:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон ту тарсончак будаи. ма нисбат ба фаттоҳ шарифзода фикрама навишта будам. а ту чоп намекуни. ту ҳам озод набудаи. шарифзода агар тамоми ин мақолаву таҳлилҳое ки нисбат ба зиндагии тоҷикистон чоп мешавад, ба Ҷаноб расонад, мумкин ҷаноб то ба ин дараҷа дар интихоби кадр хато намекард. тамоман дигар хел бурда мерасонанд. тамоман ҷанобро намемонанд ки хонанд. ҳатто фикр мекунам ки ҷаноб номаҳои фиристодаро намебинад. чи хеле ки фаттоҳ шарипфзода гуят ҳамон хел кабул мекнад ҷаноб.
Посух додан
  • tojik

  • 21 декабр 2013 17:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
haironi tojiko meshavam-prezidentu tojikonro duzd gufta istodaand inho xursandi karda hamroh prezidenti xudro tuhmat mezanand.yo tojik nestand in menavistagiho?

in moshinho dar tojikiston boshand ma'lum ast ki dodojoni atoulo vorid kardaast.chunki az rusiya meorandku na az olmon.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба худо ин кадар тупоизмро хонда шармам меояд ки чунин афрод боз менависанду менависанд,охир инчо гап сари дуздон меравад оё дуздон точик буданд оё наздикони призидент буданд охир наздикони мошинхо дар дасти касе бошад мол савдо шудагист дигар на олмон хаки талаби ин мошинхоро дораду на суд барои он ки мол фурухта шудааст .бас кунед и гапои беманира айбаст
Посух додан
  • tojik

  • 21 декабр 2013 19:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
az rusiyavu kazokiston ovarda bo hujathoi in davlatho.tojikon bo pul mexarand xoh nazdikoni kase naboshand.pas charo tojikon pas gardonand moshinhoro???
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!