Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:29

20 сомонӣ аз ҳар намозгузор... барои харидории компютер

20 декабр 2013, 15:45

Як гурӯҳ аз сокинони ҷамоати деҳоти “Узун”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо “Озодагон” дар тамос шуда, гуфтанд, мақомот барои харидории компютерҳо аз мардум, бахусус намозгузорон, 20 сомонӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, рӯшан нест, ин компютерҳо дар куҷо истифода шуда, аслан бояд аз ҳисоби мақомот харидорӣ бишавад, ё сокинон.

Муроҷиаткунандагон ба хотири пеш наомадани мушкил дар кору зиндагияшон хоҳиш карданд, то ному насаби онҳо ифшо нашавад. Вале гуфтанд, дар ҳар сурат, барои пайгирии ин қазия кумак хоҳанд кард.

Яке аз сокинони ҷамоати деҳоти “Узун” гуфт, чанде пеш раиси ноҳия Амрулло Холов бо як супориши шифоҳӣ гуфтааст, барои харидории компютерҳо бояд аз аҳолӣ пул ҷамъоварӣ шавад. “Аммо маълум нест, ки раиси ноҳия барои харидории чанд компютер супориш додаву то ин муддат чӣ қадар пул аз аҳолӣ ҷамъ шудааст. Ҳеч кас чизе намедонад. Аммо 3-4 рӯзи охир мешавад, ки намояндагони ҳукумат дар масоҷид аз ҳар хонавода 20 сомонӣ пул мегиранд”,-афзуд ӯ.

Бар асоси иттилои ин сокини “Узун”, то кунун гурӯҳе аз намозгузорон амри шифоҳии раиси ноҳияро зери по нагузошта, ба масъулин 20 сомонӣ супурдаанд. Ӯ мегӯяд, сокинон фақат донистан мехоҳанд, ки оё ин амри қонунист ва ин компютерҳо бояд ба куҷо дода шаванд. Ҷамоати деҳоти Узун 16 ҳазору 428 аҳолӣ доштааст.

То ҳол мақомоти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ин бора изҳори назар накарда, нагуфтаанд, ки далели ҷамъоварии пул аз сокинон чист. Аммо ин бори аввал нест, ки мақомоти ноҳияҳо барои харидани планшет ва ё таҷҳизоти дигар аз сокинон пул ҷамъоварӣ мекунанд. Қаблан, раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар остонаи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин ноҳия аз раҳбарони созмонҳо ва соҳибкорон барои харидории планшетҳо пул хоста буданд.


Ҳумайрои БАХТИЁР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • дехкон

  • 20 декабр 2013 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои онки раис пули компютерхоеро, ки аз тароафи хуекумат чудо шуда буд хопи карда дахонашба партофтаги ё дачча сохтаги баъд аз мардуми дехкони камбагал бояд компютерхоро вастанавит кунад, анамин хел. Зик нашен мардуми Дехоти УЗУН дар хамаи дехахову рустохо ин ходисахо тез тез такрор мешаванд. Масалан: 30 сомони пули хезум барои мактабхо, 10 сомони барои ободонии шахр, купрук варон шудааст, 25 сомони барои сохилмустахкамкунии дарё набошад хонатона об мебарад ва гайра. Худора Шукр ки халки точик охиста охиста Хакашро фахмидан мехохад ин фоли нек!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
системаи нави давлатдории хукумат сар шуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ира системаи кредети меган. Хози донишгохора хамитари кадиян студенто безор шидиян. Хусусан Донишгохи Техникии Точикистон ру ба пасирави рафтесай. нав ай Узун сар шид окабша Худо медона чихемеша.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!