Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:39

Дастгоҳ номаи Қаноат, Гулрухсор, Илолов ва Диноршоевро меомӯзад

20 декабр 2013, 16:29

Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, номаи Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Мӯсо Диноршоев ва Мамадшо Илоловро дар мавриди дахолати Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи Зайд Саидов дастрас карда, айни ҳол мавриди омӯзиш қарор додааст.

Изатулло Саидов, мудири бахши муроҷиати шаҳрвандони Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи раёсати ҷумҳур, 20 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, номаи зиёиёнро дар мавриди Зайд Саидов як рӯз пеш гирифтаанд. Ӯ афзуд, “ҳоло ин мактуб таҳти баррасии шуъбаи мост. Тибқи қонун, ҳақ дорем давоми 5 рӯз онро баррасӣ карда, баъдан мушаххас намоем, ки онро ба кӣ фиристем. Ҳоло аз гирифтани мактуб як рӯз гузашт.”

Маврид ба зикр аст, 17 декабри соли равон Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Мӯсо Диноршоев ва Мамадшо Илолов, донишмандони саршиноси тоҷик, бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири пешини саноат шудаанд. Муаллифони нома ба раисиҷумҳур гуфтаанд, бовар доранд, ҷуз дахолати мустақими ӯ ба қазияи Зайд Саидов илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. “Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷӯҳ аст”,-афзудаанд онҳо.

Оқои Саидов, ки моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав боздошт шуда буд, ба қаллобӣ, бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад ва додситон барояш 28 соли зиндон хостааст. Аммо вакилони мудофеи ӯ тамоми ин иттиҳомотро рад карда, парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро бофтаву сохта донистаанд. Худи Зайд Саидов ҳам дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, вай бо ягон иттиҳомоте, ки мақомот алайҳи ӯ эълон карданд, розӣ нест ва аммо зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи давлату миллат бошад, розӣ аст, ки зиндонӣ шавад.


Ҳумайрои БАХТИЁР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 20 декабр 2013 16:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Омузиши дастгох ба охир нарасида хукми зайдро мебароранд. Ба фикрам дар ин 5 руз на омузиш, балки бахона мечуянд, барои чавоби рад додан.
Посух додан
  • довар

  • 20 декабр 2013 18:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан чавоби медодаи дастгох мухим нест,муъхим он аст ки бори аввал ва чунин далеронаю котеона зиёиёни точик амали мушахасеро ба анчом расониданд! Ахсан ба ин зиёиён ва ташакур аз ин икдомашон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раиси Чумхур одами окил ва хайр хох аст. У албатта маъаларо мусби хал мекунад.
Посух додан
  • донишчу

  • 20 декабр 2013 21:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боракалло "Довар........
Посух додан
  • озод

  • 21 декабр 2013 22:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд хатман сазовори озодист.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!