Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:01

«Ҷанг»-и Гулнора Каримова бо модараш идома дорад

20 декабр 2013, 22:26

Гулнора Каримова, духтари калони Ислом Каримов, президенти Узбакистон ҳамчунин ба иттиҳомот алайҳи модараш дар Интернет идома медиҳад.

Ба навиштаи торнамои ca-news.org Гулнора дар саҳифаи Твиттери худ дар посух ба суоли як корбар дар мавриди падараш, тамоми онҳоеро, ки дар атрофи Ислом Каримов ҳастанд, дар дуздӣ муттаҳам кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҳамаи атрофиёни падараш маблағҳои рабудаашонро аз вай пинҳон мекунанд. Духтари бузурги Каримов дигарбора ба модараш ишора кардааст, ки миллионҳо маблағе, ки ҷиянаш Акбаралӣ Абдуллоев барояш меовард, дар зери «ванна» пинҳон мекард. Қаблан, Гулнора Каримова навишта буд, Акбаралӣ маҳз бо фармони модараш боздошт ва зиндонӣ шудааст, то тиҷоратҳои ӯро дар водии Фарғона соҳиб шавад. Ба гуфтаи ӯ, вақте мехост аз Акбаралӣ ҳимоят кунад, модараш ӯро таҳдид кард, ки «нобудаш» мекунад.

Хонуми Каримова ҳамчунин, сару садоҳо дар мавриди кашида гирифтани маблағҳояшро беасос хонда, онро кори дасти Хадамоти амнияти миллии Узбакистон гуфтааст: «Чизеро аз ман нагирифтаанд. Мусоҳибаи манро бо рӯзномаи «Ҳуррият»-и Туркия мутолиа намоед».

Аз ин пештар, Гулнора Каримова модар ва хоҳараш Лоларо дар «қаллобӣ» ва «иғвогарӣ» муттаҳам карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 21 декабр 2013 21:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таърих худ гувох хаст диктаторонро окибат дур аз ватан е дасти <интихобкунандагон> и худ ба катл мерасанд.Имруз шохид хохем шуд дар кишвари хамсоя аз оилаи худ ин диктатор <мекафад>

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!