Бахшҳо
21 дек 2013 13:44Тоҷикистон / Сиёсат

Интихобот ва қазияи Зайд Саидов -- рӯйдодҳои хотирмони сол

Аксари коршиносон мегӯянд, аз ҳама руйдоди хотирмон барояшон дар соли 2013 ин ҳабс шудани Зайд Саидов, вазири саноати пешини Тоҷикистон ва интихоботи президентии кишвар мебошад. Ҳатто бархе аз онҳо аз Зайд Саидов ба унвони симои сол низ ном мебаранд.

Лола Олимова, муҳаррири “IWPR” мегӯяд, "дар хотири ман ду рӯйдоди соли 2013 ҷой мегирад. Яке аз онҳо ҳабси Зайд Саидов ва дигараш пешниҳоди номзади ягонаи ИНИТ, Ойниҳол Бобоназарова. Ҳар дуяш ҳам воқеаҳои сиёсӣ буданд ва агар якумаш ҷомеъаи шаҳрвандиро рӯҳафтода кард, дуюмаш нишон дод, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ин қувва аст ва захираҳои хубе ҳам дорад."

Абдураҳмон Хонов, вакили парлумон:

Паёми моҳи апрели президенти Тоҷикистон ба парламент, ки аз ҳама чизи ҷолиби баёнгаштааш ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ буд. Ин марҳилаҳо 7 самтро фаро мегирифт ва ояндаи моро дар марҳилаҳои минбаъда муайян менамуд, ки дар оянда мо кадом самтҳоро интихоб намудаем. Аз ҳама муҳимтаринаш ин сиёсати руй овардан ба ҷавонон буд. Чун дар тамоми дунё ҷавонон ба унвони як қувваи бунёдкору созанда эътироф шудаанд. Чизи дигари ҷолиб ин мулоқоти навбатии президент бо ҷавонон буд, ки аз мулоқотҳои қаблӣ тафовут дошт. Чун агар дар вохӯриҳои қаблӣ масъалаҳои ҷузъиро матраҳ мекардем, алакай дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ бисёр масоили муҳимро баррасӣ кардем.

Руйдоди хотирмони дигар дар соли 2013 ин интихоботи президенти Тоҷикистон буд. Сарфи назар аз андешаҳои гуногун дар бораи интихобот ман ҳис кардам, ки фарҳанги сиёсии мардуми мо хеле рушд кардааст. Ман шоҳидам, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ мардум навбат меистоданд, то раъйи худро диҳанд. Чизи дигари хотирамон барои ман ин иштирокам дар конфронси байналмилалии парламентарҳои ҷавон буд, ки дар шаҳри Токиои Ҷопон баргузор гардид. Ин конфронс нишон дод, ки тамоми парламентарҳои дунё ба масоили ҷавонон таваҷҷӯҳ мекунанд ва парламентҳо кӯшиш мекунанд, ки намояндагонии ҷавонро ба парлумон ҷиҳати ҳифзи манофеи ҷавонон ворид намоянд. Ман ҳамчун ҷавонтарин вакил хеле хушбахтам, ки дар парлумон фаъолият дорам ва ҳамеша дар фаъолияти вакилии худ кӯшиш мекунам, то ниёзҳои ҷавонон дар қонунгузориҳои мо инъикос ёбад.

Зубайдуллоҳи Розиқ, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ:

Барои ман аз ҳама бештар хотирмон ин ҷашни 40 солагии ҲНИТ буд. Чизи дигари ёдмон бароямон ин буд, ки як рисолаи таълифшудаамон ба чоп расид. Ин бори дуввум аст, ки рисолаи банда бознашр мешавад. Он ҳам дар бораи таърихи ҲНИТ буд. Баъд аз инҳо интихоботи президентӣ хотирмон буд. Муҳимтаринаш дигар ҳаминҳо ҳастанд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ:

Масъалаи хотирмон интихоботи президентии Тоҷикистон буд, ки ман ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шудам. Масъалаи дигари соли 2013, ин дароз шудани раводиди буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик буд, ки ба муддати 15 рӯз афзоиш ёфт ва яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Дигар масъалае, ки дар хотири мо боқӣ мондааст, ин обод кардани роҳи байни Айниву Панҷакент мебошад, ки ин низ барои мардуми водии Зарафшон яке аз воқеаҳои хуб ба шумор меравад. Дар имсол пешгӯӣ карда буданд, ки соли мор соли бисёр сангин ва хавфнок мешавад, вале ин сол хушбахтона барои мардуми Тоҷикистон як соли пурбору пурбарор омад, ки барои беҳтару хубтар кардани дараҷаи иҷтимоии халқ худи мардум дар бисёр масъалаҳо саҳм гузоштанд. Хуб мешуд, ки масоили бунёди корхонаҳои хурд барои таъмини ҷавонони кишвар бо ҷои кор амалӣ мегардид.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии “Перспектива+”:

Бояд бигӯям, ки дар ин сол ҳабси Зайд Саидов на танҳо дар хотири ман, балки дар зеҳни бисёриҳо нақш баст. Албатта, дуюмаш ин интихоботи гузашта аст. Чизи дигаре дар ёдам намондааст.

Хуршеди Атовуллоҳ, сармуҳаррири “Фараж”:

Ҳабси Зайд Саидов сархати ҳама хабарҳои соли 2013 буд ва ҳатто метавон ӯро бегуфтугӯ симои сол номид.

Фаррух Умаров, масъули МТС:

Асосан ҳодисаҳои Хоруғ хотирамон буданд. Чун дар шароити хеле ҳассоси минтақа ва умуман сарҳадоти кишвар ҳаводиси Хоруғ метавонистанд, ки авзоъро мутазалзил кунанд. Вале бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи гузашта ҳукумати кишвар тавонист, вазъиятро ба эътидол оварад ва ҳаёти осоиштаи мардуми Бадахшон ва тамоми Тоҷикистонро таъмин созад.
Мӯҳр
Хакгу
"пешгӯӣ карда буданд, ки соли мор соли бисёр сангин ва хавфнок мешавад, вале ин сол хушбахтона барои мардуми Тоҷикистон як соли пурбору пурбарор омад" Эй акай Абдухалим Боши!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)