Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

Марзбонон як сокини сархӯши Рӯшонро парондаанд

23 декабр 2013, 09:22

Хаёли Ошурмад, як сокини деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, ҳангоми талоши убури марз аз ҷониби марзбонон кушта шудааст.

Тавре сокинони деҳаи Шидз ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса охири ҳафтаи гузашта рух додааст. Ба иттилои манобеи “Озодагон” Хаёли Ошурмад дар ҳолати мастӣ қарор кардаст, ба он тарафи дарёи Панҷ гузарад: “Ӯ аз ноқиле, ки дар ҳудуди Шидз ду соҳили дарёро мепайвандад, истифода кардааст. Аммо дар нимароҳ марзбонон ӯро дида, тирҳои огоҳикунанда паррондаанд. Дар пайи он, ки ин сокин аз роҳаш нагаштааст, марзбонон ӯро парондаанд ва ӯ ба дарё ғалтида ғарқ шудааст.”

Сокинони Шидз таъкид мекунанд, ки то ҳол ҷасади Хаёли Ошурмад дарёфт нашудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • КАРИМ Регар.

  • 23 декабр 2013 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
марзбонони аблах . шахси ба марз ояндаро мешавад парронд аммо аз сархад гузарандаро не. ин замони чанг бо германияи фашисти нест ки аз фронт гузаштаро парронанд. ин хунхорон боз дар кишвар чанг меандозанд.. аввал одамони аз чониби афгонхо рабударо ёбед баъд худро сархадбон номед
Посух додан
  • саид

  • 2 сентябр 2014 14:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
беспределиро бас накунед. Бипаронед хамаи миллатро.Ин марзбони набошад-ин подабонист

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!