Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Шералӣ Кабиров: "Ба ҳеч ваҷҳ ТАЛКО-ро намефурӯшем"

23 декабр 2013, 13:42

Масъулони “ТАЛКО”, корхонаи алюминиюми тоҷик, рӯзи 23 декабр бо баргузории нишасти хабарӣ аз вазъи мушкили молии ин ширкат иттилоъ дода, таъкид намуданд, ки ниёз ба дастгирии молии давлат доранд.

Шералӣ Кабиров, мудири ТАЛКО оид ба молия ва тиҷорат, эълон намуд, ки ширкаташон дар вазъи ногувори молӣ қарор дорад. Ӯ таъкид кард, 70-80 дарсади истеҳсолгарони алюминий дар ҷаҳон бидуни фоида кор мекунанд ва барои самаранокии ТАЛКО дастгирии давлат лозим аст: “Нархи як тонна алюмний то 1695 доллар дар бозори ҷаҳонӣ расидааст, ки пасттарин нишондод дар соли равон аст. ТАЛКО инчунин бо сабаби тӯлонӣ будани роҳи нақлиётӣ, тарифи баланди нерӯи барқ, дурӣ аз манбаъҳои ашёи хом ва нархи гарони роҳи оҳан зиёни молӣ мебинад.”

Дар ҳамин ҳол, масъулини ТАЛКО бо зикри Русия ва Чин, ки корхонаҳояшонро дастгирӣ мекунанд, аз давлати Тоҷикистон низ дастгириро интизоранд. ТАЛКО ният дорад, ашёи хомро аз ҳисоби захираҳои дохилӣ дарёфт кунад ва инчунин изҳор дошт, ки бо мурури ба нафақа баромадани коргарони феълӣ коргарони навро намегирад, чун вазъи молии корхона хуб нест.

Бо вуҷуди ин, Кабиров таъкид намуд, нияти фурӯши ТАЛКО-ро надоранд, зеро он корхонаи давлатӣ буда, аҳамияти калони иқтисодӣ-иҷтимоӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар корхона 10 ҳазор нафар кор мекунанду маҳсулоти он 36 дарсади содироти солонаро ташкил медиҳад. Масъулини ТАЛКО мегӯянд, ба далели коҳиши талабот имсол истеҳсолоти алюмнийро то 216 ҳазор тонна коҳиш додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухочир

  • 23 декабр 2013 14:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо задани шавад авал акл баьд ризку рузиро мегирад. Нишонахояш пайдо шуда истодаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ееееее ана ааааа фахмидм
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ТАЛКО ифтихори мост
Амммо он ба фоидаи худ фаъолият надорад. Харочоти зиёдео ба он бор кардаанд. Дар кучое як иншоот созанд Талко сахм дорад. Артистхо ё ракосахо ба хорича ба гастрол раванд Талко дар хидмат. Лобигарии хукумат ва Амрикоро хам Талко ба ширкати лобигароии ИМА пардохт кард. Боз болои ин хурандахи зиёде дар дохил дорад. Агар даромади корхонаро танхо барои фаъолияти истехсоли истифода намоянд он на ба карзи давлати мухточ мешаваду на ба барки арзон. Маоши коргаронаш кам аст Хол он ки дар дахсолаи гузашта бехтарин маош ба хисоб мерафт. Агар корхона сарфакорона маблаг ва моликияташро истифода барад аз ин бухрон мебарояд. ВАЛЕ АФСУС КИ "МУШХОИ ДУПО" ТО ДИГАР ХУРАНДАГОНИ талко манфиатхои молии худро аз манфиатхои милли ва давлати боло медонанд. Кам намудани раохбарияти ТАЛКО ХЕЛЕ ЗАРУРИ АСТ. чИ ЗАРУРАТ ДОРАД, КИ НАМОЯНДАГИИ ОН ДАР ШАХРИ ДУШАНБЕ ОФИС ДОШТА БОШАД. Мошинхои хидматии гаронарзиш фурухта шавад ва ба ивазаш парки автобусхои коргарон бо автобус таъмин гардад. Аксарияти автобусхои корхона аз давраи шурави мондаанд.
Посух додан
  • Партов

  • 23 декабр 2013 16:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар Талко дар ихтиёри гурухи махдуд монад, холаш бад мешавад, Холати шумо бадтар аз он, яъне дар куртахоятон хам намегунчед Мисле ки имруз костюм дар танатон камзулчаро мемонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точики бефахм! Талко бомбаи экологии мо зидди узбакхо аст.Ин боигари ва яроки асссии мо аст.Факат Талко моро аз узбакхо начот медихад.Танхо Талко Рогунро месозад.Зинда бод Талко"
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 23 декабр 2013 18:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чизро нафахмидам Барки Точик мегуяд арзонтарин нархи барк дар Точикистон хаст.Барои ахоли 11дираму барои корхонахо 33 дирам.Вале барои Талко хамаги 8 дирам хаст, аммо чаноби Кабиров мегуяд яке аз сабаби ба бухрон гирифтор шудани Талко тарифи баланди нархи барк хаст.Ачоиб......Ман фикр мекунам, ки инхо мехоханд баркро ба кимати 3 дирам харидори кунанду , аз хукумат боз маблаг гиранду аз андоз озод бошанд.Охир ин <ифтихори миллат > хаст ку......Худованди бузург нигохбонат бошад, ки танхо Шумо хастед ки часуронаву мардона мегуед Турачонзода
Посух додан
  • tojik

  • 23 декабр 2013 22:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
talkoro ba milionerhoi tojik tied kor kunand.fark nest ki az kadom oila ast.va rogunro ba uhda girad yo sveti doimii vatanro.
Посух додан
  • донишчу

  • 23 декабр 2013 23:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шералишо Худо мададгорат ТАЛКО-ро аз даст мадех. Ифтихори миллати.......ба пеш.......
Посух додан
  • benom

  • 24 декабр 2013 23:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
yakum hamu dastarxoni pewta a kanyaku araq dur kun bad yordam purs.
Посух додан
  • Алишер

  • 25 декабр 2013 14:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта, чаро бифруши? О кулли корхонахои саноативу истехсолии Точикистонро фурухти бо рохбарии устодат, як хамин Талко мондааст. Он касрхову мошинхо, бустонсарохои 10млн доллара аз кучо? То имруз Талко даромаднок буд, акнун ки чизе намонд мехохи аз хисоби халк моликияти худро хифз бисози? Талко аз рузе ки ба дасти ту расид дигар аз давлату аз халк набуд ва нахохад буд. Суратхисобхои Вирчинияро як ба хотир ору аккалан 10%-и маблаги онхоро баргардон, 20 Рогун месозиву баркат бепул хохад буд. Оши тайёр да боз шон доктори менависа
Посух додан
  • Bv

  • 26 декабр 2013 22:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Талко хеч вакт ба манфиати иктисодиет чумхури набуд ва нахохад буд
Посух додан
  • Хатлон

  • 25 июл 2014 19:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо Мададгорт бод Шералишо. Бехбудии Талко танхо аз ту вобастаги дорад, зеро хам савод ва хам зиракию акли расо дори.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!