Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:40

Хулосаи додгоҳ: “Ҳамзаро накуштаанд, ӯ худашро овехтааст”

23 декабр 2013, 18:23

Масъулони додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт хулосаи худ дар бораи радди даъвои волидони Ҳамза Икромзода, ки тақозои рӯёндани 10 миллион доллар аз Вазорати адлияро карда буданд, пешниҳод намудааст. Дар ин хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, Икромзода на дар пайи шиканҷа, балки худовезӣ фавтидааст ва бинобар ин, даъвои волидонаш асос надорад.

Ҳамза Икромзода тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Наздиконаш бовар доранд, ки маъмурони зиндон ӯро куштаанд, аммо масъулони Вазорати адлия мегӯянд, Икромзода худкушӣ кардааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, хулосаи ниҳоии додгоҳи Исмоили Сомониро баъд аз зӯҳри 23 декабр дастрас кардааст. Вай афзуд, аз ин хулосаи додгоҳ розӣ нестанд ва ҳоло барои дақиқ кардани марги Ҳамза Икромода коршиносони хориҷиро ҷалб хоҳанд кард.

“Мо ҳоло хулосаи ташхисро ҳам гирифтаем ва мехоҳем, коршиносони хориҷӣ аз рӯи аксҳову видео сабаби марги Ҳамза Икромзодаро мушаххас кунанд. Мо ин корро ба коршиносони дохилӣ бовар намекунем”,-афзуд ӯ.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, соли гузашта дар маҳбаси рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандони ӯ гуфтанд, ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар бадани ӯ изи дарзмол ва бандро пайдо кардаанд. Иддаое, ки мақомот борҳо онро рад кардаанд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мусофир

  • 23 декабр 2013 18:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳар касе мегуяд,ки додгоҳҳои мо мустақил мебошанд,хаттои фаҳш мекунад.Солҳост,ин додгоҳҳо аз хати машйи ҳукумат ба андозаи см берун намераванд.Замоне адолат пойдор намонд,беадолати сар зада худгузари рух медиҳад.
Посух додан
  • Мачнун

  • 23 декабр 2013 22:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин додгохои мо девори сафедро мегуянд ранги сиёх аст
Посух додан
  • Юрист

  • 24 декабр 2013 04:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дао қарори долгоҳ мавриди ҷо доштани шиканҷа инуор нашуда бошад, бо ин қарораш додгоҳ ҷой доштани онро тасдиқ кардааст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!