Бахшҳо
24 дек 2013 09:34Тоҷикистон / Сиёсат

Калашников рафт, "Калашников"-аш монд

Михаил Калашников, ихтирокори маъруфи асри 20-и Русия, 23 декабр дар 95-солагияш дар беморхонаи ҷумҳурии Удмуртия аз олам даргузаштааст.

Бар асоси иттилои ҳукумати Удмуртия, сабабҳои дақиқи даргузашти Калашников баъд аз ташхиси ҷасад эълон хоҳад шуд. Ин манбаъ таъкид намудааст, хароҷоти дафни ихтирокори маъруфро ҳукумати Удмуртия ба уҳда гирифтааст. Калашников 17 ноябр бо бемории хуншории меъда дар бемористони Удмуртия бистарӣ шуда буд.

Номи ӯ баъд аз ихтирои автомате маъруф шуд, ки "Калашников" номгузорӣ шуда, соли 1947 ҳамчун силоҳи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардидааст. Автомати Калашников аз ҷумлаи ихтирооти нодири асри 20 ба шумор рафта, айни ҳол дар ҳудуди 100 кишвар мавриди истифода қарор дорад. Гуфта мешавад, то ҳол дар ҷаҳон зиёда аз 70 миллион автомати Калашников истеҳсол шудааст.

Михаил Калашников дар баробари автомат, дар ихтирооти милтиқҳои шикорию пулемётҳо низ саҳм гузоштааст. Ӯ ду бор қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва соли 2009 қаҳрамони Федератсияи Русия эълон гардид. Михаил Тимофеевич Калашников 10 ноябри соли 1919 дар хонаи як деҳқони серфарзанди Алтай таваллуд шудааст. Ӯ охирҳои умраш бо вуҷуди беморӣ ба ҳайси ихтирокор дар “Ижмаш” кор кардааст, ки моҳи августи соли равон ба Консерни Калашников табдил ёфт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)