Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

Ирсоли парвандаи Маханов аз Кумитаи амният ба Додситонӣ

24 декабр 2013, 10:46

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон тафтишоти парванда алайҳи Алимурод Маханов, ки ба гуфтаи мақомот роҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ буда, қасди таркондани чор дарвозаи Душанбе ва бинои Кумитаи амнияти миллиро доштааст, ба итмом расонда, ӯро аз руи 5 модда айбдор хондааст.

Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи Маханов, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, хулосаи тафтишоти парвандаи Алимурод Маханов, ки аз ҷониби Кумитаи амният ба итмом расид, 24 декабр ба Додситонии кул ирсол мешавад: “Интизор меравад, баъд аз 5 рӯзи омӯзиш дар Додситонии кул, парванда ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода мешавад. Дар рафти тафтишот Алимурод Маханов худро қисман гунаҳгор донист.”

Ба иттилои вакили мудофеъ, Алимурод Маханов бо гурӯҳи тафтишотии Кумитаи амниятӣ миллӣ 17 декабр соли ҷорӣ ба Ҳисор, Ваҳдат, Оби Гарм ва маҳаллаҳои “Саховат”-у “Колхози Русия” рафта, маҳалли сӯҳбаташ бо ҳамроҳони худро нишон додааст. Ба қавли ин вакил, айни ҳол Маханов барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, терроризм, бо худ гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда муттаҳам дониста мешавад.

Алимурод Маханов ва ҳамроҳонаш дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябр боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.

Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳоеро анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ низ ёфт шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!