Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:54

Салимов: "Чаро ба дигар корҳо маҷбур мекунему ба китобхонӣ не?"

25 декабр 2013, 10:22

Носир Салимов, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе пешниҳод кард, ки бояд барои китобхон шудани насли наврас аз роҳи иҷборӣ ё зӯр кор гирифт.

Оқои Салимов, ки 24 декабр зимни як ҳамоиш дар Душанбе суҳбат мекард, изҳор дошт, дар макотиби миёна, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ барои китобхон шудани кӯдакон чораҳои маҷбуриро истифода бурдан лозим аст. Раиси китобхонаи миллии Тоҷикистон суол гузошт, "чаро барои дигар корҳо чораҳои зӯровариро истифода бурдан мумкин асту барои китобхон шудан не?"

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки гуфта мешавад, тайи беш аз 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон насли нав аз китобхонӣ дур мондааанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ра

  • 25 декабр 2013 10:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хирс домулло шудааст ба зарби калтак. Хамту ми рафик Салимов?
Посух додан
  • МУФАСИР ПЕРЕВОДЧИК

  • 25 декабр 2013 11:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо китоб ба савдо нарафтестай чи бало рост мега ягон конун бтенш о ихам зиндаги дора чамъ гирд мекна пули китобхонара фикри шумора хам мекна
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оббо. Чаро олимону масъулони илму фарҳанги ватанӣ аз воситаҳои осондастрасу маъмули инсонмеҳвар истифода бурдан намехоҳанд. Ана боз як иқдоми нав, ки ба инсон мувофиқи зарбулмасали "хирс мулло мешавад аз зарби чӯб" муносибат мекунанд. Ва дар ин рӯйкарди мақбулашон фаромӯш мекунанд, ки барои "мулло", дар ин сурат ба истилоҳ "дрессировать", кардани хирс ҳам чӯб ва ҳам қанд истифода мешавад. Соли 2009 чунин рӯйкарди парлумони кишвар аз насли наврас воситаи осондастраси мутолиъа ва гӯш кардани китобҳои электронӣ (манзурам дастгоҳҳои мобилӣ)-ро қонунан рабуд. Чаро раиси Китобхонаи миллӣ, ки агар хато накунам олим низ ҳаст, аз рӯйкарди илмӣ истифода намебарад? Масалан, тавассути тендере дар миёни Донишгоҳҳову пажӯҳишгоҳҳои ватанӣ омӯзишеро ба роҳ мондан. Ҳадафи он дарёфти решаҳои китоби бобоӣ (қоғазӣ)-ро нахондани насли наврас буда метавонад. Ҳам устодону шогирдон ба омӯзиши масъалаи воқеӣ машғул шуда тавонмандии худро таҳким мебахшанд ва ҳам неруи кормандони давлативу маблағи буҷа ба ҳалли решаҳои мушкилӣ равона мегардад, на ба оқибатҳои мушкилӣ. Чораҳои маҷбурӣ маҳз ба оқибатҳои мушкилӣ кор мегиранду онро боз ҳам мушкилтар мегардонанду боиси сар задани мушкилии нав шуда метавонанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷаноби Салимов! Ба андешаи ман барои китобхон шудани насли наврас истифодаи чораҳои маҷбурӣ асар намекунад. Барои ҳалли ин масъала роҳҳои дигар мавҷуд аст. Насли наврас ва омӯзгоронро бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ ҳавасманд кардан даркор ё инки сатҳи саводнокии Шумо барин роҳбаронро боло бардоштан лозим, то инки чунин пешниҳодҳои бенатиҷа изҳор надоред.
Посух додан
  • донишчу

  • 25 декабр 2013 12:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салимов рост мега созш бфахмен. Дилтон намеша фарзандотона гапи сахтар бген. Хама бесавод шидай........ Худо панох дихад
Посух додан
  • Dоnishju

  • 25 декабр 2013 14:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пеши нахзатихоро нагиред! Нахзатихо китобхонхоро кадрдони кунанд. Ба китобхони мачбур карданба мачбур намешавед! чоп чоп чоп.
Посух додан
  • Нозим

  • 25 декабр 2013 14:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хахахахахаааа, агар ба раиси китобхона риш часпонем ба мактабдори саргузашти Айни монанди мекунад. "Мактаби кухна"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародарон китобхона макони фуруши китоб нест' китобхона муассисаи фарханги фарогати буда барои гирифтани иттилоот дар шароити ором фаъолият менамояд. китобнахондани насли наврасу чавонон ин вабое барои ояндаи точикистон аст зеро махз ба воситаи китоб инсон метавонад илмро биомузад. мутаассифона имруз ягон тоифи мардум сар карда аз вакили парлумон то хонандаи мактаб китоб намехонад,ки сабаби асосии тангназарии чомеа аст. инсоне ки дар як мох як китоби бадеи мутолиа менамояд ин хисоб дар як сол ба 12 кттоб мерасад ки таркиби лугавии инсонро бой мегардонад ва ба инсон имконияти озод сухан гамуданро медихад
Посух додан
  • Хакгуй

  • 25 декабр 2013 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Салимов дуруст мегуянд!Насли наврас китоб намехонад ва намехохад!Ман дар мухочират бисер дидаам,ки точик хангоми вуруд ба Русия картаи мухочиратиро,ки пур кардани он мушкилие надорад,пур карда наметавонад!Дар фурудгохи Домодедово бошад,декларацияи худро ба ивази 50 рубл точики "савобчу"-ю "шустрый" е ягон кафкозии пулдустдор пур карда медиханд,ки бо ду чашми сар ин манзараро дидаам!Магар ин аз бесаводии насли наврас шаходат намедихад?!
Ташвиши чаноби Салимов бесабаб нест!
Вале як чиро кайд кардан хеле бомаврид аст,ки китобхои дарсии хозира барои насли наврас он су истад,барои шахсони калонсол(ба истиснои ман)хеле душворфахм ва хонданаш дилгиркунанда аст ва ман бехуда ва бедалел инро нагуфтаам...
Вазорати Маориф бояд ба ин масъала диккати бештар дихад!!!
Дар хусуси хавасманд будан е набудан,китоб хондан ва е нахондани насли наврас:дар боло дуруст кайд карда шуд (ба чуз аз лукмаи охири шарх),ки бояд насли наврас хавасманд бошад,вале пеш аз насли наврас омузгорон бо маоши баланди баланд таъмин шаванд,то ки маблаги ночизе,ки онхо мегиранд,сабаби дилмондагию тарки касби пурифтихорашон нагардаду хамзамон эхтиеч ба навхатмкунандагон(хатми мактаби миена) барои дарс гуфтан набошад.Агар омузгор маоши баланди баланд гирад,ба таълим додани бештар хавасманд хохад шуд ва агар падару модари хонандаи танбехшуда ба сари омузгор наоянд....Ва хамин тавр китобхонию китобдустдорй ва саводнокию бофархангй ба оянда рох хохад ефт.Вагарна миллат миллионхо Чамшуду Равшан барои тамасхур ба чахониен пешниход хохад кард!.....
Посух додан
  • бесавож

  • 25 декабр 2013 19:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хондагихо дар Россия аробакашан.Нохондахо дар курсихои баланд.Кай вазифахо бепул мешудабоша?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ё ачабо... Акнун хаминаш намерасид, ки ба мачбури кудакхоро китобхон кунем. Ба фикрам ин академики мухтарам, мантики "Ба зарби табар мусалмон шудаем" - ро нав дарк карданд чи бало, ин роха пеша карданиянд...??? Аввал пеш аз сари ин хулоса омадан, боре хам бо "домулло" Мехмон Бахти ва ё ягон чехраи "тобон"-и майдони адабиёти имруза хамсухбат шудаед??? Оё мо имруз ягон нависандае дорем, ки асархояшон бархурди таваччухи кудакону чавонон шуда бошад??? Пири кор - Салимов! Якборакак хамин пешниходатона ба диктофон сабт кунеду, аз дууууур истода худатон гуш кунед, ки аз эхояш, яки оханги дилхароши меояду яке нидои ханда... Хаминкадар китобхонаи бохашаммат ороста шуд, лек аз ин то чое ифтихор низ мекунем, ки шоистаи тахсин аст, ва афсус аз он низ мехурем, ки хамин кадар шахомати китобхонаву фазои холи дар адабиёт ва Иттифоки Нависандагони Точикистон гуиё ба як шахри пирону вайронкорон табдил ёфта бошад... ба хар сурат канед, домулло Салимов! имруз наврасонро мачбури китобхони кунеду фардо дар дари хар зоишгох магозаи китобфуруши кушоед, то тифлони нав тафлидшуда ба мачбури ктоб харанд...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!