Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:32

ММД 7% Рушд кард, сатҳи зиндагии мардум чӣ?

6 август 2011, 06:57

ДАР 6 моҳи соли ҷорӣ суръати афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ҳудуди 7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми номиналии он ба 11, 1 миллиард сомонӣ расидааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдо, Фаррух Ҳамралиев изҳор дошт, ки аз ҷумлаи нишондодҳои ММД истеҳсоли молҳо 33, 7 %, хизматрасониҳо 4,7 % ва андозҳо 15,2 % ро ташкил додааст. Ба таъмин гардидани рушди воқеии иқтисодиёт бахшҳои асосии он: истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,8 %, кишоварзӣ 8,6 % , гардиши савдои чакана 9,1 %, хизматрасонии пулакӣ 13,5 %, гардиши бор 13,4 %, мусофиркашонӣ 7,6 % ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 11, 7 % мусоидат намудааст.
Ҳангоме, ки суръати афзоиши ММД дар ин 6 моҳ 7 фоизро ташкил дода бошад, пас суоле ба миён меояд, ки сатҳи зиндагии мардум чанд дар сад боло рафтааст? Оё бо афзоиши ММД сатҳи зиндагии мардум низ боло рафтааст ё ин ҳисобҳои оморӣ ба воқеияти зиндагии мардум мувофиқ нест?


Болоравии нарх ба афзоиши ММД дахл надорад?

Дар назарияи иқтисодӣ ду намуди афзоиши ММД вуҷуд дорад, ки яке воқеӣ ва дигаре номиналӣ мебошад. Дар ҳисоби воқеӣ танҳо афзоиши воқеии молу маҳсулот ба назар гирифта мешавад ва тағйирёбии нарху болоравии арзиши мол баршумурда нахоҳад шуд. Аммо дар ҳисоби номиналӣ асосан болоравии нарх нисбат ба соли гузашта дар афзоиши ММД ба ҳисоб гирифта мешавад. Масалан, агар нархи як дона себ соли 2010 1 сомонӣ бошад ва соли 2011 ба 2 сомонӣ баробар шавад, афзоиш аз рўи болоравии нарх ҳисоб карда мешавад. Бо дарназардошти ин аз вазири иқтисод пурсидем, ки афзоиши ММД аз ҳисоби нарх чанд фоизро ташкил медиҳад, ў дар ҷавоб гуфт, ки болоравии нархҳо ба рушди ММД умуман дахл надорад. "Мо нишондиҳандаи реалиро мегирем, ки воқеан афзоиш ёфтааст. Агар аз ҳисоби нарх гирем, 7 фоиз не, балки бисёртар мешавад".

Ин дар ҳолест, ки дар ҳисоботи 6 моҳаи ин ниҳод омадааст, ки ҳаҷми номиналии ММД ба 11, 1 миллиард доллар баробар аст. Яъне агар рушди соли ҷорӣ бо соли гузашта дар ҳаҷми номиналӣ қиёс карда шавад, пас оё гуфтан мумкин аст, ки афзоиши ММД ба таври реалӣ ҳисоб карда шудааст?

"Вазорат рақамҳоро аз ҳаво намегирад"

Дар мавриди он ки ММД рушд мекунад, вале чаро дар зиндагии мардум ба он андоза тағйироти ҷиддӣ ё рушд ба назар намерасад, Фаррух Ҳамралиев иброз дошт, ки вазорат ин рақамҳоро аз ҳаво намегирад. Якчанд нишондиҳандаҳоро муқоиса карда, натиҷаашро пешкаш менамояд. "Вақте мо хулоса мекунем, ки ММД 7 фоиз рушд ёфт, ин маънои онро дорад, ки нисбат ба соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасониҳо 7 % зиёд шудаанд. Ба таври болоравии нархҳо не, ба таври реалӣ. Дар назар аст, ки то охири сол низ тақрибан ҳамин миқдор рушд ёбад. Солҳои минбаъда низ имконоту захираҳо ҳаст, ки рушдро дар сатҳи 7 % таъмин намоем. Агар 50 дар сади афзоиши ММД аз ҳисоби бахши хусусӣ бошад, нисфи дигараш аз ҳисоби монополияҳои давлатӣ аст", мегўяд вазир.

Пешсафии аҳолӣ нисбат ба афзоиши ММД

Гуфта мешавад, ки пас аз истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандӣ бўҳрони шадиде иқтисодиёти Тоҷикистон фаро гирифт, ки боиси аз рушд бозмондани он гашт. Мувофиқи омори расмӣ соли 1996 ба ҳар нафар аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона танҳо ба маблағи 138 доллари амрикоӣ маҳсулот истеҳсол шуда буд. Ин нишондиҳанда соли 1991 ба 462 ва соли 2000 -ум ба 159 доллар расидааст. Гуфта мешавад, ки афзоиши солонаи  ММД дар Амрико 2 фоизро ташкил медиҳад. Аммо ин иншондиҳанда бо шароити Тоҷикистон қиёсшаванда нест.

Ба бовари коршиносони иқтисодӣ ММД дар воқеъ рў ба афзоиш аст, аммо суръати он андак суст аст. Иқтисодшинос, Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки новобаста аз бўҳрони иқтисодӣ ва омилҳои дигари таъсиррасонанда ММД дар Тоҷикистон ҳар сол зиёд шуда истодааст. Вале бо суръати баланд зиёд шудани шумораи аҳолӣ боиси ноаён гаштани ҳаҷми ММД бар сари ҳар нафар мегардад. Лекин ба андешаи ў сатҳи зиндагии мардум ҳамон вақт хуб мешавад, ки агар ММД бар сари аҳолӣ зиёд шавад. Дар ҳоли ҳозир афзоиши ММД бар сари аҳолӣ андак аст. Дар Амрико ё кишварҳои аврупоӣ ММД 2-3 фоиз афзоиш ёбад ҳам, ҳамон дараҷа сатҳи зиндагии мардум хуб мешавад. Ба гуфтаи ин коршинос агар ҳаҷми солонаи ММД-ро бар сари аҳолии кишвар тақсим кунем, ҳиссаи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ бар сари аҳолӣ муайян мегардад.

Тибқи омори расмӣ ҳаҷми солонаи ММД дар соли 2010 ба 25 миллиард сомонӣ баробар буд ва агар тибқи ҳисоби ин коршинос ин рақамро бар сари 8 миллион аҳолии Тоҷикистон тақсим кунем, ҷавоб чунин хоҳад буд, ки дар як сол барои як нафар дар ҳаҷми 3 ҳазору 125 сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.  

Истеҳсолоти зиёд ё барзиёднависӣ?

Вақте ба омори расмӣ менигарем, ҳама сола истеҳсоли молу маҳсулот афзоиш меёбад, вале дар баробари он ҳам нархҳо "осмонӣ"-янду ҳам сатҳи таваррум болост. Ҳангоме, ки ҳаҷми ММД афзоиш ёфтааст, яъне истеҳсоли маҳсулот зиёд шуда бошад, чаро сатҳи таваррум боз болотар меравад. Ба ҷойи он ки муътадил монад баръакс афзоиш меёбад? Агар истеҳсолот зиёд шуда бошад, чаро нархҳо боло мераванд? Ин чӣ маъно дорад? Ин ҷо гумоне пайдо мешавад, ки ё молу маҳсулот зиёд истеҳсол намешавад ва барзиёднависӣ рафта истодааст ё дар шарҳи ин муаммо мақомот танҳо як далел доранд: "ҳамааш айби зиёдшавии шумораи аҳолӣ аст, ки аз ҷиҳати афзоиш аз ММД пешсаф аст".

Коршиносон мегўянд, ки бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми умумии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ талаботи аҳолӣ қонеъ нагаштааст. Баҳодур Ҳабибов, роҳбари Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегўяд, ки ҳарчанд ММД ба баландшавии нархҳо чандон вобастагӣ надорад, аммо афзоиши он ба талаботи аҳолӣ ҷавобгў нест ва сатҳи зиндагии мардум на чандон таъсири зиёд мерасонад. Ба андешаи ин коршинос дар шароити Тоҷикистон тасаввур кардани афзоиши ММД бар сари аҳолӣ кори басо мушкил аст. Аз як сў омори дақиқ вуҷуд надорад ва барзиёднависӣ низ ба назар мерасад. Баҳодур Ҳабибов чунин андеша дорад, ки ҳисоби ММД аксаран шартӣ аст ва аз рўи нархҳои реалӣ ҳисоб карда намешавад, балки нархи номиналӣ ба назар гирифта мешавад. Тахминан аз рўи нархи миёна ҳисоб мекунанд, ки афзоиш нисбати соли гузашта дар кадом сатҳ аст. Агар ин тавр бошад, пас нархи миёнаи молҳо дар давоми як сол боло меравад ва ин худ собит месозад, ки болоравии нарх ба афзоиши ММД мустақиман вобастагӣ дорад.    

Вақте  ба андешаи таҳлилгарон афзоиши ММД боиси болоравии сатҳи зиндагии мардум намегардад, пас оё гуфтан мумкин аст, ки афзоиши ММД воқеӣ аст?  Суолест, ки бо омори дақиқ ҷавоби мушаххас ёфтан мумкин аст, аммо дар мо ҳамаи оморҳо ба мақсад мувофиқанд. Агар хоҳанд сад дар сад рушд нишон медиҳанд ва ё ду сад дар сад.    

Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!