Навори васияти охирини Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ
Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ, маъруф ба Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ дар вопасин нафаси худ, сокинони кишвар, бахусус пайравони дини Исломро ба саховатмандӣ ва худдорӣ аз амалҳои мамнӯъ даъват кардааст. Ин рӯҳониии саршиноси тоҷик охирҳои моҳи ноябри соли гузашта дунёро падруд гуфта буд ва ин навор тоза дастраси "Озодагон" гардид.
Муҳаммадии Қумсангирӣ дар ин навори кӯтоҳ аз қавли паёмбар (с) иқтибос оварда мегӯяд, ҳар нафаре, ки сифати саховатмандӣ дорад, бозгӯи он аст, ҳамеша дар иҷрои фармудаҳои Худованд пойбанд мебошад. Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ дар охир аз пайравони дини мубини Ислом даъват мекунад, барои иҷрои амру фармудаҳои Худованд бидуни шак пойбанд бошанд: “Зеро ягон амру фармон ё наҳйи Худованд бе ҳикмат ва холӣ аз манфиат нест.”
Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ, ки маъруф ба Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ низ мебошад, рӯзи 22 ноябри соли гузашта (2012) дар манзили зисташ - деҳаи Қизил Нишон аз олам даргузашт. Ҷасади ин рӯҳонии саршинос дар оромгоҳи воқеъ, дар даромадгоҳи ноҳияи Қумсангир деҳаи маданият ба хок супорида шудааст ва ибтидои соли ҷорӣ мақбараи ӯ бунёд гардид.
Ба қавли пайвандони ин рӯҳонии маъруф, сохтмони оромгоҳи ӯ дар пайи дархост ва “пофишорӣ”-и Холмурод Раҳмонов, раиси кунунии ноҳияи Қумсангир, анҷом шуда, вале то ҳол ороишоти он ба поён нарасидааст.
Домулло Муҳаммадӣ, ки дар тарбияи даҳҳо шогирдони улуми исломӣ нақши муҳим дорад, соли 1925 дар Ҳоити водии Қаротегин ба дунё омада, писари шайх Сайид Аҳмад мебошад. Саводи ибтидоӣ ва дониши аввалияи диниро ӯ аз олимони маъруфи давр, мисли Қозӣ Абдурашид гирифтааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳи ҳазорҳо тан гурезагони тоҷик тарки кишвар карда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |