Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Ҳушдори пулис ба хабарнигори дигари Озодагон: "Ман дахлнопазирӣ дорам!"

26 декабр 2013, 12:00

Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон”, ки барои равшан кардани қазияи ҳабси Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузорӣ ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кард, аз ҷониби масъулини ин ниҳод ҳушдор гирифт, ки дар сурати идомаи талошҳояш муҷозот хоҳад шуд.

Ба иттилои Нулуфари Карим, Сафаралӣ Довудов, сардори шуъбачаи таъмини тартиботи ҷамъиятии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, баъд аз он ки фаҳмид, ӯ хабарнигор асту чанд суол дорад, оҳанги сӯҳбаташро тағйир дод, қотеона талаб намуд, ки хабарнигор утоқи корияшро тарк кунад. Вай, инчунин, ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол муҷозот хоҳад шуд.

Сафаралӣ Довудов гуфт, “ба саволи Шумо ҷавоб дода наметавонам. Ман мувофиқи қонун дахлнопазирӣ дорам. Хоҳиш мекунам, утоқи кории маро тарк кунед. Дар сурати тарк накардан, моддаи 1-и қонуни Тоҷикистон дар бораи милитсия ҳаст, чораҳои маҷбуриро кор мебарем...” Дар ҳоле ки хабарнигори мо қабл аз вуруд ба утоқи кории Довудов аз ӯ аввал иҷоза пурсида, сипас даромадааст.

Гузашта аз ин, суолҳо ба маъмурини пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар бораи боздошти Абдураҳим Шукуров зиёданд. Ин наворбардори “Озодагон” зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошту латукӯб шудааст. Баъдан Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар дод, ки Шукуров барои тартиботи ҷамъиятӣ ба 7 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Аммо то ҳол рӯшан нест, ки ин қарорро кӣ содир кардааст. Дар ҳоле ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии содир кардани қарор дар мавриди боздошти Абдураҳим Шукуровро рад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ном

  • 26 декабр 2013 12:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ана хушхабар милисахои мо вучуд доштани конститутсияра мединиста будустан, бо чанд моддахам аз ёд карданд....
Посух додан
  • 73333333

  • 26 декабр 2013 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Милисаро хеле бад мебинам. Дар назари ман мисли вахшихо хастанд.
Посух додан
  • шохин

  • 26 декабр 2013 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бардак!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рузноманигорони мухтарам! Шиори Шумо: 10 вазир кори 1 журналистро карда наметавонад...? Аммо имруз шумо 100 журналист 1 хамкоратонро химоя карда натавониста истодаед... Пас ба худ коил шавед, ин касби шумо набудааст ё беиродаед ё тарсончак? ЛАТИФИ-РО ба ёд оред 1 худаш 100хо вазиру кабирро ба ларза медаровардаанд... Мактаби Шумо хам барбод шуда истодааст аз пайи начоташ шавед!!! Донишчу аз Эрон.
Посух додан
  • Хунукбашара

  • 26 декабр 2013 13:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Коргардони хубе дар пушти ин хама вокеахо хаст. Алхол хати сюжет аз Зайд Саид ба ин опператори бечора, ки куръаи бадбахти ба номаш афтодааст, кашида шуд. Диккатхо ба казияи у нигаронида мешаванд, то рузхои хубтаре барои коргардони кобил пеш ояд ва дубора сюжети пурмочаротареро рохандози кунад!
Посух додан
  • hayot

  • 26 декабр 2013 14:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
e o4ai i zindagira ov bara kai mo odam mewem ixel kati mo yagn vakt pew namerem ovoztona baland naknen ki trma mekna
Посух додан
  • Душанбе

  • 26 декабр 2013 15:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сиёсати говзури дер намепояд. Иншоаллох!
Посух додан
  • Шамил

  • 26 декабр 2013 15:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рузноманигор барои вайрон кардани тартиботи чамъияти чазо гирифт, вале занхои исёнгар барои хучум ба хона ва вайрон кардани нишасти матбуоти хеч чазое нагирифтанд. ин худ аз чи дарак медихад? Кани адолат?
Ин аз он дарак медихад, ки занони исёнгар фиристодаи давлат буданд, аммо ин рузноманигор худаш барои ичрои вазифаи хизматиаш омада буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шамил,
Вокеан рост. Исёни занхо чун вайронкунии тартиботи чамъияти шинохта нашуд, аммо наворбардории як рузноманигор чун вайронкунии тартибот эътироф шуд.
Инро галабаи милиса бар Сарконун мегуянд.
Посух додан
  • Ман

  • 26 декабр 2013 20:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салима,
Шамил,
хаккро гуфтед хар дуятон!...
Посух додан
  • Дангараги

  • 26 декабр 2013 21:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон конститутсия хеч кадру ахамияте надорад. Конун ин милиса ва судхои номустаъкил мебошанд. Писари Хукумов 3 нафар кушт, 3 нафари дигарро инвалид кард, дар ивазаш 120 сомон супурд. 3.Саид обод кард, мардумро дастгири кард, дар ивазаш 26 сол зиндони шуд. Занони исёнгар тартиботи чамъиятиро вайрон кардан, бе чазо монданд. Тарафдорони 3.Саид барои сар додани пуфак чанд руз махкам шуданд. Наворбардори "Озодагон" хангоми ичрои вазифааш, ки конунист, зери лату куб карор гирифта, 7 руз зиндони шуд. КАДОМ ЯК БЕАДОЛАТИРО ХИСОБ КУНЕМ.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумат нест.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!