Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Вакил то ҳол натавонистааст, наворбардори “Озодагон”-ро пайдо кунад

26 декабр 2013, 16:00

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Абдураҳим Шукуров, наворбардори боздоштшудаи “Озодагон” мегӯяд, аз субҳ боз мақомот зерҳимояшро ба ӯ нишон намедиҳанд ва зоҳиран монеаи сунъӣ эҷод мекунанд.

Ёров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, пеш аз зуҳри 26 декабр барои мулоқот бо зерҳимояаш ба боздоштгоҳи муваққатӣ рафт, “аммо масъулини боздоштгоҳ гуфтанд, Сулаймонов. Ф, ҷонишини сардори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шукуровро аз боздоштгоҳ гирифта, ба шуъбаи умури дохилӣ бурдааст.”

Ин вакили дифоъ афзуд, чун ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳозир шуд, маъмурин ба ӯ гуфтанд, Шукуровро дубора ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки Хуршед Раҳмонов, муовини дигари раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, бегоҳи 25 декабр гуфт, Шукуров барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ба 7 рӯзи зиндон маҳкум шудааст.

Аммо додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ содир намудани қарор дар бораи ҳабси Абдураҳим Шукуровро рад кард. Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошту латукӯб шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хукукшинос

  • 26 декабр 2013 16:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бо ехтиром аз адвокатхо ман худам адвакат кор мекардам адвакатхо дар точикистон накши миенаравро( посредник) ичро мекунанд .чунки пуштибон надоранд ......байни гумонбаршуда ва порагир
Посух додан
  • Зафар Курбонов

  • 26 декабр 2013 17:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хукукшинос,
Хой собик адвокати миёнарав! хамаро мисли худат фикр накуну, баробари худат тамизу аклхоро вазн накун. адвокат то адвокат дорад на ин, ки мисли ту ми енарав бошад, дигар ин, ки дар матни овардашуда, сухан оиди миенаравии адвокат намеравад, сухан дар бораи талоши адвокат вохури бо зерхимоя меравад, ки аксаран аз таарфи макомот монеахои сунъи эчод шуда, корро ба дарозо мекашанд. рости хамаро шарманда карди собик адвокати миенарав!хукукшинос,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!