Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:44

ҲНИТ 26 соли зиндони Зайд ва ҳабси Шукуровро маҳкум кард

26 декабр 2013, 16:50

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 26 декабр бо пахши изҳороте 26 сол зиндонӣ шудани Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат ва ҳабсу шиканҷаи наворбардори хабаргузории “Озодагон” Абдураҳим Шукуровро маҳкум кардааст.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Додгоҳи олӣ, ҳукумат ва, бахусус, мақомоти умури дохилии Тоҷикистон талаб кардааст, ки аз эҷоди тарсу хавф худдорӣ намоянду барои таъмини волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон талош варзанд. Ба таъкиди Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ нисбат ба афроди фаъоли ҷомеа ва рӯзноманигорон вазъи дохилии кишварро ноором сохта, ба имиҷи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Дар идома Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар мавриди риояи ҳуқуқи башар ва меъёрҳои бунёди ҷомеаи демократӣ иҷро намояд. Дар зимн, ҲНИТ аз намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, нисбат ба қазияи Зайд Саидов бетараф набошанд.

“Чун додгоҳ дар баробари нодида гирифтани далелҳо, дар нисбати Зайд Саидов, шаҳрванде, ки бо ордени “Шараф” дараҷаи 1 сарфароз шудааст, ҳукми золимона содир кардааст”,-таъкид шудааст дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Душанбе

  • 26 декабр 2013 17:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Даврони тарсондану зургуи гузашт. Мардум дигар наметарсад.
Посух додан
  • Хай

  • 26 декабр 2013 17:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Еще как метарсен, демократо.
Посух додан
  • Пурдил

  • 26 декабр 2013 18:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед бар дилам хамин изхоротпахшкуниву назарбаёнкунихо задааст. Э худо барои халки бечараи ман ягон шахсе бифирист, ки дар амал дилаш ба халк сузад на дар сухану изхоротхо. Бовар кунед ахл дар миёни чор оташ мондааст. хеч кас аз хукуки бечораи точик котеона дифоъ намекунад.
Посух додан
  • Фарход

  • 26 декабр 2013 19:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе аз чизе наметарсад.Хеч гох точиккушии точиккушони солхои-92-93 руй нахохад дод.Русхою узбакхоро бо хамтоёни дохилиашон чомеъаи чахони ва тараккиёти босуръати электрони-иттилооти рох нахоханд дод.Вазъи-геополитики-низ-дигар-хаст.Соли-92-
барои он чизе нагуфтанд,ки колаби мурдаи шурави гарм буд.Вагарна доду вовайлои чомеъаи-чахони-фазоро пур мекар мисли вокеъахои-Намангони-соли-2005! Мухим--барои чомеаи--мо имруз- риояи-конун-хаст ва озодии-инсон!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай,
Бо лаҳни нафратомез сухан кардӣ. Худро кӣ мешуморӣ? Ҷонибдори диктатура?
Посух додан
  • Хай

  • 27 декабр 2013 13:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
Ба фикри Шумо ман гапи нодуруст гуфтам.
Агар Юсуф наметарсидед, ба майдонхо мерехтед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!