Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Миётович аз ҳукумат хост қазияи Шукуров таҳқиқ шавад

27 декабр 2013, 15:09

Дунё Миётович, намояндаи олии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САХА) бо пахши изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, то аз боздошти худсаронаи хабарнигорон худдорӣ намояд.

Дунё Миётович бо пахши изҳороте аз боздошти Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” изҳори нигаронӣ намуда, навиштааст: "Мо аз он нигаронем, ки оқои Шукуров аз миёни ҳозирон ҷудо карда ва боздошт шудаст. Ҳарчанд маълум буд, ки Шукуров ба унвони як хабарнигор кори худро анҷом медод. Ман нигаронӣ аз он дорам, ки бо ин амал мақомоти интизомӣ талош доштанд рӯзноманигорони дигарро, ки бо инъикоси қазияи Зайд Саидов машғул буданд, фишор оранд."

Дунё Миётович, дар идомаи изҳороташ ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор додааст, то аз боздошти худсаронаи хабарнигорон худдорӣ намуда, барои онҳо имкон барои анҷоми вазифаашонро бидиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хусниддин

  • 27 декабр 2013 18:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтарама Дунё чаро намегуед, ки амалхои гайриконунии кормандони хифзи хукук нишони суст шудани пояхои давлатдорист. Охир вакте кудрастихо конунро риоя намекунанд, ин фоли бад, бад
Посух додан
  • Рузноманигор

  • 27 декабр 2013 20:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин занак то ика вакта хоб буд? Ё Кристмас тачлил мекард?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!