Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:36

Видеои наворбардори Озодагон аз рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов

28 декабр 2013, 10:33

Бо вуҷуди монеагузориҳои мақомот ва боздошту ҳабси Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, як видеои кӯтоҳ аз таҷаммӯи ёрону наздикони Зайд Саидов дар наздикии Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар дасти мо боқӣ мондааст.

Видеои наворбардори Озодагон аз рӯзи эълони ҳукми Зайд СаидовБаъд аз зӯҳри 25 декабр, ҳангоме ки Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ҳукми соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон Зайд Саидовро қироат мекард, даҳҳо тан аз ёрону пайвандаони ӯ барои шунидани ҳукм ба назди боздоштгоҳ омада буданд. Дар миёни онҳо чеҳраҳои саршиносе, ба мисли Ойниҳол Бобоназарова, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Барзу Абдураззҳоқов, Маҳмудҷон Қосимов ва дигарон буданд. Аммо мақомот монеи ҳузури онҳо дар назди боздоштгоҳ шуда, ҳатто нагузоштанд хабарнигорон аксу навор бардоранд.

Ҳамон вақт наворбардори “Озодагон” ҳам боздошту латту кӯб шуда, барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳафт рӯз ҳабси маъмурӣ гардид. Танҳо дар пайи пофишориҳои ҷомеаи журналистӣ ва тақозои созмонҳо аз вазири умури дохилӣ ӯ баъд аз ду рӯзи боздошт раҳо гардид.

Ҳоло ин наворе, ки аз рӯзи 25 декабр дар дасти мо боқӣ мондааст, нашр мекунем. Дар ин навор Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, низ дар бораи ҳукми Зайд Саидов ва таҷаммӯи дӯстону наздиконаш ва бархӯрди номуносиби маъмурони пулису амниятӣ изҳори назар кардааст.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рохгузар

  • 2 январ 2014 21:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Озодагон! Ман чанд маротиба гузашта будаму ин мардум дар он чо чамъ мешуданд ва мегуфтанд ки наздикони Зайд Саидов Мебошанд. Барои чи ин кадар вакт онхооро намеронданду имруз онхоро мисли гусфандон макомоти хифзи хукук аз як чой ба чои дигар пеш мекунанд.
Ба фикрам дар зери ин коса нимкоса мебошад. Нимкоса дар он аст ки ин хукукмат барои амалхои дар тули 21 соли кардааш аз мардуми худаш мехаросад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!