Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Даъвати муфтӣ барои худдорӣ аз дашноми ёрони паёмбар

28 декабр 2013, 11:16

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз мавориди таҳқиру дашном қарор гирифтани ёрони паёмбар аз сӯи бархе гуруҳҳо шадидан интиқод кард. Вай рӯзи ҷумъаи 27 декабр гуфт, ин амали эшон маънои эрод гирифтан ба Муҳаммад (с), паёмбари Исломро, дорад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон афзуд, “ин мардум фикр намекунанд, ки дашному ҳақорати саҳобаҳо, боиси эрод ва таъна задан ба паёмбар (с) мешавад. Магар Муҳаммад (с) устоди ноком буд, ки натавонист, шогирдони болаёқат тарбия кунад?”

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиру дашноми ёрони Муҳаммад (с) ба маънои бад гуфтан ба номи Худованд низ ҳаст: “Дашноми аҳли асҳоб маънои бад гуфтани паёмбар ҳаст ва вақте нисбат ба паёмбар бад мегӯӣ, нисбат ба Худованд бадгӯ мебошӣ.” Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, зиндагии саҳобаҳо барои пайравони дини мубини Ислом намуна ва ибратомӯз мебошад.

Абдулқодирзода бар ин аст, ки таҳқиру дашноми ёрон ва дӯстони Муҳаммад (с) боис ба мотам ва бадбахт шудани инсон дар ду олам хоҳад шуд: “Ҳар рӯзи ҳаёташ мотам аст, сиёҳ мепӯшаду худро бо занҷиру санг ва хок зада сару рӯяшро хун мекунад. Ин офат ва мусибат аст.” Ҳарчанд раиси Шӯрои уламо дар ин суханронияш гуруҳи хоссеро ном нагирифт, вале маълум буд, ки ишораи ӯ ба бархе аз таҷлилкунандагони рӯзи “Ошӯро” мебошад. Зеро дар ин рӯз, бархе аз ҷамъомадагон тавассути абзори оҳанин ба сару рӯи худ мезананд.

"Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ имсол рӯзи 4 ноябр фаро расида буд ва рӯи Ошӯро ба таърихи нуҳуми моҳи муҳаррам рост меояд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЛХАМДУЛИЛЛАХ КИ ЯК БОР СУХАНИ САРА МЕГУФТААСТ ИН ОДАМ. АГАР ГУФТАХОЯШ ДАР МУХИТИ ТОЧИКИСТОН БОШАД, ПАС БОЗ ХАМ ДАСТИ ХУДАТОН АС. МЕТАВОНЕД ТО БА ИТТИХОМИ ЗАЙД САИД ДАСТ ЗАДАН БА ШИЪАХОИ ХУДСОХТАТОН ДИДА ДУЗЕД ВА ХАТМАН ЧОРА БИНЕД АГАР ВОКЕЪАН РАИСИ ДИН БОШЕД НА БАЛЕГУ.
Посух додан
  • ОГОХ

  • 28 декабр 2013 14:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисер мавзуъи чолиб имрузхо шиъахо дар либоси ханафи дар байни мусалмонон хусусан дар фейсбук ба фитнаву фиск машгул мебошанд баъди аз тарафи давлат мамнуъ кардани равияи салафи шиъахои точик аз фурсат истифода бурда худро тарафдори мазхаб ва давлат нишон дода дохили сунимазхабон фитнаангези мекунанд дар баробари салафи вахоби баъзан ба мукадасоти мазхаби ханафи тахвин мекунанд холо онки соли равон мушовири корхои хоричии давлат бо хисоби дусти доштани Точикистон бо АМОРОТ ВА САУДИ ВА дигар давлатхои араб инро махкум карда буд . Мо як гурух чавонони точикистон ба Абдукодирзода ва Кумитаи АМНИЯТИ МИЛЛИ ДАРХОСТ МЕНАМОЕМ КАЗИЯРО ПАЙГИРИ КУНАНД бо истифода аз камссияи динни ва давлати адабиети динии онхо санчида шавад номи ин ашхос дар фейсбук ва дигар сомонахои чамъияти возех аст.вагарна чавонони ноогохро котили хамдигар мекунанд озодагон чоп кун озода бош!Хакикатро дар хама пахлу зикр бояд кард!
Посух додан
  • j.

  • 28 декабр 2013 16:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муфти чи хо мегуяд... Агар вокеан дилсузи динн хастед аз мушкилоти чомеъаи имрузи худамон сухан кунед,..албатта нахохед кард,.. Вакто Паембар с. Ро тахкир намуданд кучо будед? Дар ягон масчид нисбати ин тахкир чизе нашунидем.албатта тархи масоили ихтилофи мазхабхо фитнайе беш нест.ин хам Дар ХОЛЕ КИ ШИОРХОИ ДИНИ ОШКОРО ТАЪТИЛ МЕШАВАНД.
Посух додан
  • Точик

  • 28 декабр 2013 21:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон касе нест ки сахобагони Пайгамбарро тахкиру хакорат кунад. Бале рузи шаходати хазрати Имом Хусайнро едовари мекунанд. Аммо ин амал маънои тахкири асхоби киром нест. Балки омухтани дарси чавонмарди, аз худ гузаштан, чонсупори кардан дар рохи мубориза бар зидди золим ва фосик. Ана хамин чихати масъала, ки мабодо чавонхои бо имон ва бо химмату шучоъи точик низ мисли хазрати Имом Хусайн мабодо бар зидди душманони ислом нахезанд гуфта чунин игвогари мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман сухане дар бораи рост ё дуруғ будани иддао ва далели ин мардак надорам, вале ҳамин кадар медонамки ин кораш ба хотири баргардондани обуруй надоштааш аст ва мехоҳад обуруки фикр мекунад дошт вале надоштаастро бар гардонад , зеро бастани масчидеки нуфуз ва чойгоҳаш бар касе пинҳон набуд инро хеле беобуру кард сониян ман хайронамки ин дар бораи нуфузи салафият ки дар мағзи вай хам таъсир гузоштааст сухане намегуяд дар ҳолеки худро мудофеи ҳанафият медонад. ё мехохад аз хочагони арабаш мисли Сирочиддин пул гирад ва зиди як нафар ё як гурух гап занаду тухмат кунаду шайтанат ба харч дихад..... бечора намедонад ки мардум Сунии Ҳанафи ин дарсҳоро гузарондааст ниёз ба чонкани ва худширинкуни ва.... шумо надорад....
Посух додан
  • ОГОХ

  • 29 декабр 2013 12:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо хакоратхо е тавхинхоро бо гушамон шунидаем ба фейсбук назар андозед Дуруг мегуянд барои Эмом Хусейн ашк мерезанд ва фитнаи байни муслиминро зинда мекунанд холо онки пеши ХУДОВУ Паембар хар нафс азиз аст САДХО Хусейнхо имруз аз факр аз зулм чони худро аз даст медиханд ризои ва хушнудии Аллох дар ризо ва хушнудии бандагон аст авал бубин силаи рахму ака додар хохар хамсоя чамъият аз ту розиянд ин аст чавонмарди ва рохи пайдоиши куваи бузург ва Хусейндусти. Сунати Паембарро барои ихтилоф ва фитна нашудан тарк мекунем барои чи азодориро ки бидъат аст ихтилофи бузург аст тарк намекунем шумо бо ин акидаатон чавононро гурух гурух кардед шикаст додед калби онхоро аз Худо битарсед аз эхсосоти чавонони ноогох истифода бурдан шуморо ба максад намерасонад .дар дин роххои ба саъодат расонидани мардум фаромуш нашудаанд Ислом дини комил аст.
Посух додан
  • ОГОХ

  • 29 декабр 2013 22:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо Алома нестед чунки тухмат мекунед дар дилатон хиси бадбини ва кинатузи хасад чой гирифтааст е худро ислох кунед е номатонро иваз кунед бадон сабаб ки дар дин ва ба худ ва дигарон зарар меоред.БУРД КАРДАНРО АЗ УХДААШ НАМЕБАРОЕД ДАР БОХТАН САБР КАРДАНРО ЕД БИГИРЕД . ШОЯД ТАРАФИ МУКОБИЛ ХАК БОШАД? АГАР ДИН ТО ВАКТИ МАРГ ТАЛАБИ ИЛМРО БАРОИ МО ВОЧИБ ДОНАД ПАС ЭХТИМОЛИ ХАТО ВУЧУД ДОРАД ЭХТИЕТ ЗИРАКИ ОКИЛИ МАЪЛУМОТ ТАШХИС ШОЯД ФИКРАМОН ИВАЗ ШАВАД!!!!!
Посух додан
  • ппыпып

  • 30 декабр 2013 07:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи ин муфти дар расм мисли шох дар тахт нишастааст? Аз кучо ед гирифтаст ин гуна тахтнишиниро?
Посух додан
  • ризо

  • 30 декабр 2013 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба гуфтаи ӯ, таҳқиру дашноми ёрони Муҳаммад (с) ба маънои бад гуфтан ба номи Худованд низ ҳаст: “Дашноми аҳли асҳоб маънои бад гуфтани паёмбар ҳаст ва вақте нисбат ба паёмбар бад мегӯӣ, нисбат ба Худованд бадгӯ мебошӣ.”

магар катли фарзандони Пайгамбар аз чониби бархе ва пайрави кардани бархи дигаро аз ин котилон ва онхоро халифа пазируфтан беъхтироми ба Расули ОЛЛОХ ва ОЛЛОХ набуд? окои раиси шурои муллохо?????

Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. бадани Шумо набошад ба бадани онхо чи коре дораед? Магар барои онхо катл шудани Имомони азизашон аз дасти баъзе аз "асхоби " Пайгамбар ходисаи ночиз аст?????
Посух додан
  • ОГОХ

  • 30 декабр 2013 13:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БАНДА ХАМЧУН ХОНАНДАИ ФАЪОЛИ СОМОНАХОИ ИНТЕРНЕТИ ПЕШНИХОДЕ ДОРАМ БА ОЗОДАГОН БАРОИ ТАРБИЯТИ ЗЕХНИИ ЧАВОНОН ВА МАЪЛУМ КАРДАНИ ГУРУХИ ГОЛИБ ДАР КОМЕНТХО АЗ ТАРАФИ КОРМАНДОНИ СОМОНА ВА ХОНАНДАГОНИ РАВШАНФИКР КОМИСИЯИ БАХОДИХИ ТАШКИЛ КАРДА ШАВАД ДАР МАКОЛАХОИ ИЧТИМОИ. АЗ ОН ХОТИР КИ ХАР КАС КОМЕНТХОИ БЕМАНТИК МЕНАВИСАД АЗ НОДУРУСТ БУДАНИ АКИДАХОЯШ БОХАБАР ШАВАД .

ДИДЕД КАМ ПАЙДО ШУДАИСТОДААНД .ФАРК БАЙНИ МОВУ ШУМО ДАР ОНАСТ КИ МО ОН ХОДИСАХОРО ТУХМАТ МЕДОНЕМ ВА РИВОЯТХОИ ДУРУГИНРО БОВАР НАМЕКУНЕМ ВА ХАРЧИ ХАМ ШУДА БОШАД АЛЛОХРО АХКАМУЛХОКИМИНИ РУЗИ ЧАЗО МЕДОНЕМ ВА АХЛИ БАЙТУ САХОБАРО ДУСТ МЕДОРЕМ .ШУМО БОШЕД ЧИ ТАВХИН ЛАЪНАТ ТУХМАТ АЗ ДУНЕ ВА ОХИРАТИ ХУД ПУРСИДА МЕШАВЕД КАСЕ КИ 1 ДИРХАМ ДАР РОХИ ХУДО САРФ МЕКУНАД БО КАСОНЕ КИ МОЛУ ЧОНАШОНРО ДАР РОХИ ДИНИ ХУДО САРФ КАРДААНД БАРОБАРАНД АЗ ХУДО БИТАРСЕД САХОБАГОН ХАМ ИНСОН БУДАНД ХАТО МЕКАРДАНД ШУМО КУЧОВУ ОНХО КУЧО ШАРМ КУНЕД ВА ГАРНА РОХИ ХАТО КУТОХ АСТ.
Посух додан
  • jам

  • 30 декабр 2013 16:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муфти! Чро мадрасахоро дар истаровшан,хучанд,панчекент... Бастанд???

муфти! Чро мадрасахоро дар истаровшан,хучанд,панчекент... Бастанд???
Посух додан
  • Мантик

  • 31 декабр 2013 08:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин муфти худаш масчиду мадрасахоя баст!
Посух додан
  • Ф...

  • 14 июн 2014 00:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боиси таассуф аст, ки ин кози шарм надошта, боз хам аз Ошуро сухан мегуяд. Дигар сухани шумобаринахо ба мардуми окил таъсир надорад.
Зеро сабаби басташудани масчидхои мусалмонон гашт. Магар ин гунох нест?
Бинобар ин гуна ашхос на дар назди халк ва на дар назди Худо хич кадре надоранд, магар монанди худашон ба сухани пучи инхо "бале" мегуянд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!