Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:55

Хонанда: “Қадри милисаро надонед, кӯр мешавед!”

3 январ 2014, 09:29

Хонандае бо номи Маҳмуд дар посух ба навиштаи Зафари Сӯфӣ бо номи “Безорӣ” мактубе фиристода, мавзеъгирии дувумиро нодуруст хондааст. Вай гуфтааст, падари ӯ ҳам милиса буд, аммо ҷонашро барои пок кардани ҷомеа аз ҷинояткорон фидо кард.


“Ин номаро аз номи ҳамсолонам, ки падари меҳрубони худро ва он модароне, ки шавҳарони азизашонро аз даст додаанд, ба муаллифи “Безорӣ” Зафари Суфӣ менависам.

Ман 13 сол доштам, ки падарам майори милитсия дар як амалиёт алайҳи гурӯҳи ҷинояткорон, аз тири ашхоси ноҷавонмард, душманони миллат, онҳое, ки ободӣ ва тинҷии кишварро намехостанд, ба ҳалокат расид. Мо чор нафар дар оила бесаробон мондем.

Модарам дар кӯчаи зиндагӣ сарсону ҳайрон буд. Дар он рӯзҳое, ки мушкилоти зиндагӣ домангири кору рӯзгори мардум буд, барои таъмини шикаму тани мо намедонист чӣ кор кунад. Додарчаам Беҳрӯз, ки ҳамагӣ 5 сол дошт ва ба падарам сахт унс гирифта буд, аз набудани қиблагоҳамон ба касалӣ печид.

Мо падарамонро сахт дӯст медоштем, хоҳарчаам Нилуфар ҳар вақт, ки ба хона медаромад, либосҳои низомии падарамро, ки дар ҷевон кашол буд, ба оғӯш гирифта талх мегирист. Ҳар гоҳ, ҳамсолонамро бо падарҳояшон медидам, дилам реш-реш мешуд. Ба Худо навҳа мекардам, ки чаро падари азизамон, пуштибонамонро аз мо рабуд. Магар ӯ ҳаққи зиндагӣ ва навозиши фарзандонашро надошт?

Аз ин вазъияти мо - фарзандон модарамон низ бистарӣ шуд. Бо вуҷуди ин, ӯ моро бо азобу машаққат калон намуд. Имрӯз ман дар донишгоҳи миллӣ мехонам.

Ҳангоме ки мақолаи «Безорӣ»-ро хондам, аз дарду алам ва фироқи падарам ба фарёд омадам ва натавонистам субҳгоҳ китобҳоямро гирифта ба донишгоҳ равам. Пеши назар симои падари азизам бо либосҳои низомии милиса падидор гашт. Ҳарчанд модарам суол кард, ки чаро ба дарс намеравӣ, натавонистам ба ӯ посух диҳам ва гӯям, ки як нафари бедард милисаҳоро таҳқир намудааст.

Ин мақоларо нафаре нависта буд, ки аз ранҷу заҳмати шабонарӯзии кормандони милиса, ки дар гармии тоқатфарсо ва сардии қаҳратун хизмати мардум мекарданд, бӯе набурда буд. Медонам, ки имрӯз ба ивази ҷоннисориҳои милисаҳо, аз ҷумла падари раҳматиам ватан ободу сулҳу оромӣ ҳукмфаро гашт...”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Махмуд агар ба Зафари суфи посух дода бошед ба ман хам посухи одилона дихед.
авалан ин ки эхтимолан рост мегуед чунки дар байни милиса шояд 3% аз онхо дар фикри ватан аммо на ончи шумо даъво мекунед.
Дувум ин ки чавоби он касоне ки бо гунохаке гирифта дар милиса хона меккушанд аз азоб додан чавоби онхорр ки медихад?
магар онхо хакки зиндаги надоранд?
Посух додан
  • Коп

  • 3 январ 2014 09:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Он дарде, ки ту дори, нафароне, ки падаронашон аз зарбу лати милисахо чон супурданд, онхо низ хамин дардро доранд. Агар падаратон хуб буд, чояш чаннат бошад, аммо 80 фисади милисахои мо ноодилона рафтор мекунанд, ин аст, ки айни хол кариб тамоми мардум ба милиса нафрат доранд.
Посух додан
  • Дилёб

  • 3 январ 2014 10:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Махмудчон агар ту вокеан донишчу боши ва дар вокеъ навиштаи боло чакидаи калами худат бошаду аз дигаре дикта нашуда бошад ба ту як маслихати бародарона дорам, ки бирав думболи дарсхоят шав. Алхол даври сесияи зимистона аст. Банда аминам ки бо ин навиштаи кудакона ва характери хушомадгуиву лагандбардоридоштаат хеч як милиса рафта бароят як санчишро гирифта намедихид. Ва бо ин корат туро истифода хоханд кард. Инро аз тачрибаи худ мегуям хеч рохе дар дунё чуз рохи хак ва рост туро рохат намебахшад. Чанд сол мешавад барои як хушомад гуфтанам назди вичдонам азоб мекашам би ман давомашро нагуяму ту нашунав..... Дар охир хохишам хамин ки илтимос биед касе тут гуфт шумо бед нагуед. Илтимос бори дикар навиштаи акаи Зафарро бо чашмхои гайри мугулона хонед...
Посух додан
  • Чамик

  • 3 январ 2014 10:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост мегуяд ин Бародар. Агар хамин милисахо набошан ин точики мо якдигарашро мехуранд. Зафари Суфи аз барои ду милиса шуда безор нашав Бро.
Посух додан
  • Брм

  • 3 январ 2014 10:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Падарат кахрамон буд худорахмати чойи бахс нест. Хуб аст ки уро аз хотир намебарори. Лекин суханхои Суфи хам хушку холи нестанд. Худи ман хам бо милисахои имруза сарукордор шудаам. Кисми зиедашон аз кучаи инсонгари нагузаштаанд. Онхо ба ту танхо хамчун ба чинояткор муносибат мекунанд ва кушиш мекунанд бо кадом рохе ки набошад аз ту ягон чиз канда бигирад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Махмуд метавонад озурда набошад. Агарчанде бояд инчо сохиби матлаб Зафари Суфи посухгу бошад, аммо ба фикри банда ончо дар мавриди гузаштаи милиса, ки падари Махмуд узви он буд, чизе гуфта нашудааст. Танхо нуктаи назари як фар нисбати милисаи хамин шабу руз баён гаштааст. Хар шахс, аз он чумла окои Зафар аз хакки маънавии махкум намудани рафтори номатлуб бархурдор аст, алалхусус дар вакте, ки аз ин шеваи амал озори рухию чисмони мебинад. Ин мазмуни онро надорад, ки манзури Зафар пурра дуруст аст, дар он матлаб низ як каме зиёдарави чой дорад. Аз он чумла чое хитоб кардааст, ки "дар милиса хубаш НАБУД". Шояд онхое дар назар дошта шудаанд, ки хамон шабу руз бо у мулокот доштанд, на онхое ки то имруз дар макомот буданд.
Ба хар сурат макомотро низ бояд фахмид. Дар шароити кунунии инкишофи байналхалкии "хавфи эхтимоли" амсоли интихору инфичор, пулис хамеша дар тахлука ва такопу карор дорад. Дар демократтарин давлатхои дунё накзи хукуки акалияти хурд барои таъмини амнияти аксарияти васеъ мавчуд аст. Ин рохи ягона ва беалтернатив аст.
Посух додан
  • шахрванд

  • 3 январ 2014 10:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар падари ту аз жасти як чинояткор кушта шуда бошад ва агар рост бошад, бояд бидони ки аз дасти милисахо даххо кас куштаву бепадару ятим шудаанд даруни зиндонхо бо тухмату лаганбардории баъзе милисахо даххо чавони бегунох хобидаанд ки дар берун фарзандони онхо бо чашми чор падарро интизоранд. магар инхо одам нестанд агар милиса лагандбардор набошад агар хаки мардумро нахурад агар новобаста аз мансаб ба хама шарвандон бо як чашм нигох кунад агар бо мансабдоронро мисли камбагалон рафтор кунад агар пора нагиранд агар тухмат накунанд агар парвандахои калбаки насозанд агар дар хидмати факат як хонавода набошанд агар хамаашон аз як минтака набошанд агар худашон даст ба чиноят назананд агар сарконунро риоят кунанд агар писарони мансабдоронеро ки дар як сония чони се чор нафарро бо мошини зада мекушанд конуни дастгир карда ба махкама супоранд агар барои тухмати бегуноххо аз занони сабкпо истифода накунанд ва агар ....хеч кас онхоро танкид намекунад вале афсус ки милиса дар хидмати мардум не дар хидмати ду се нафар аст ва садхо одма аз дасти инхо бечораву бехонаву бепадру бефарзанд шудаст........
Посух додан
  • Abumaryam

  • 3 январ 2014 11:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Махмуд. Хуб карди,ки падаратро фаромуш накардаи. Аммо...чихеле,ки ту ин дардро дори фарзандону волидони махбусоне,ки бо тухмат зиндони шудаанд ин дардро доранд. Ое ту аз казияи Хамза Икромзода бехабари? Ое ту казияи Умедчонро нашунидаи,ва аз хама асосиаш казияи Зайд Саидовро нашунидаи,ки чи гуна уро тухмат зада 26 сол зиндони карданд. Додари азиз,пеш аз оне,ки чизе гуфтани мешави аввал бояд дигар пахлухоро низ фикр кун. Ту мегуи,ки падари туро ночавонмардон куштанд, пас чаро намегуи,ки падари ту чанд касро кушт?
Посух додан
  • Тоҷик

  • 3 январ 2014 11:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албата, дар милиса шахсоне низ ҳастанд, ки хизмати мардумро мекунанд, ҳеҷ натавонанд ақалан адолатро пуштибон ҳастанд, аммо шумораашон ниҳоят кам аст. Имрӯз ба кадоме аз милиса рӯ ба рӯ нашавӣ дағалона рафтору гуфтор дорад. Маҳмуди азиз, агар падаратон дар роҳи адолат кушта шуда бошад, худованд подошашро медиҳад. Ин ҷо як чиз ҷойи тааҷуб аст,ки чаро ному насаби падаратонро наовардед ва суханҳоятон бо тарзи умумианд. Чунин эҳсос мешавад,ки танҳо ба хотири ҷавоб гуфтан ба Зафари Сӯфӣ навишта шудаасту халос.
Посух додан
  • Душанбе

  • 3 январ 2014 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бачаи милиса ки шуди, албатта хамин хел менависи. Шояд падари муаллиф милисаи хуб буданд, аммо аксарияти кулли милисахои имруза танхо дар фикри кисаи худ ва инсонозори хастанд. Ман милисаи хуб ва бофархангро дар Точикистон дар умрам надидаам.

Худо кабл аз хама аз милиса нигах дорад ва баъд аз дигар балохо.
Посух додан
  • Огох

  • 3 январ 2014 13:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худои нохоста вазъият мураккаб шавад сад фоиз аз тачриба медонам, ки 99 фоизи милиса мегурезад ва дар майдон вазорати мудофиа ва нирухои амнияти танхо мемонанд. Ин хакикат аст.
Посух додан
  • Мент

  • 3 январ 2014 17:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар ман хам нони милисаро хурдаам, ва бинобар оне ки ин гуфтахои Зафари Суфиро ба пураги дар он чо дарк намудам сари вакт чоямро дигар кардам. Он чи ки Зафари Суфи гуфтааст ба пурраги вокеият ва асоснок мебошад. Барои падаратон бояшд худо чояшро чанат кунад ва бовари дорам ки падари Шумо "милисаи" хакики буд.
Посух додан
  • Саид

  • 3 январ 2014 18:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мент,
Худоро Шукур кунед, ки Хизмати бузурги кормандони макомоти хифзи хукук аст ки имрузхо дар каламри Точикистон тенчию амони мавчуд мебошад. Шумо аз ходисахои давлатхои хорич ба монанди Фаронса гофилед, дар як шаби соили нав зёда аз 1000 автомашинахои шахрвандонро оташ заданд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шояд дар байни милисахо якта нимта (шояд) одами боинсофу боакл бошад. Аммо аксаяти онхо, ба куллан рафтор ва муносибати хайвонона,яъне мисли вахши нисбати мардуми бечора доранд. Мутассифона чунин рафтор харруза ва руирост мушохида мешавад. Агар Худо накунад ягон бор даруни милисахона шавед, аз шумо на зан мемонаду на фарзанд, на чои обод дар баданатон гарчанде чинояти шумо то холл ноъмалум аст.
Кулли милисаи имрузаи точикистон, факат ба хотири гирифтани пулу моли мардум ба тарики зури, ба ончо кор медарояд.
Мухофизати конун барои кормандони милисаи имруза ин мисли квантовая физика бегона аст.
Зафар Суфи, шумо на факат фикри худро балки фикри 99% мардуми точикро баен кардед.
Посух додан
  • хаво

  • 3 январ 2014 22:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародари номанавис падари шумо аз шояд аз чониби хамон рафикони нохалафаш кушта шуда бошад, яъне хамон чурахои чонононаш, ки миллиса ном дорад, бинобар ин Шумо бояд аз Зафари Суфи гиламанд набошед ва чашмонатонро калонтар кушода дуруст вокеиятро ташхис бидихед, сиёхро аз сафед фарк кунед, ба сафед дидан аз холо одат накунед, ки зиндагиатон чаханам ва сиёх хоханд шуд, аз пайи адолат хам рафтан шод кардани арвохи падаратон аст, агар вокеан тибки гуфтаатон чунин шуда бошаду дуруг набошад
[
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!