Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Шикояти вакилони Зайд ба парлумон ва Нусратулло Абдуллоев

3 январ 2014, 10:47

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон ният доранд, имрӯз, 3-юми январ аз болои шартгузориҳои ғайриқонунии додрас Шавкат Абдулхайров ба Маҷлиси намояндагон ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ шикоят баранд.

Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Шавкат Абдулхайров ҳукми зерҳимояашонро дар муҳлати муайянкардаи қонун ба онҳо надода истодааст ва дар ин миён шарт гузоштааст, ки ғайриқонунӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи Олӣ, ки ахиран соҳибкор Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ба вакилони дифои маҳкумшуда шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм матни пурраи онро ба вакилон дастрас хоҳад кард.

Қудратов мегӯяд, “вақте назди Шавкат Абдулхайров рафтем, ӯ ба мо як санадеро пешниҳод кард ва гуфт, ки бояд қабл аз гирифтани ҳукм зери он имзо гузорем. Мо бо он санад шинос шудем, ки он ҷо омадааст, баъди гирифтани ҳукм мо ҳаққи ифшо кардани ҷузъиёти онро надорем. Дар сурати паҳн кардани ҳукми додгоҳӣ мутобиқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи мо парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.”

Ин вакили дифои Зайд Саидов дархости додрас Шавкат Абдулхайров ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ тибқи қонунгузорӣ танҳо парванда ва маводи марбут ба он метавонанд махфӣ нигоҳ дошта шавад. Оқои Қудратов мегӯяд, ки баъди баровардани ҳукм қонун ифшои ҷузъиёти онро манъ накардааст.

Қудратов таъкид намуд, ки тариқи мактуб ба парлумон ва раиси Суди Олӣ талаб хоҳанд кард, ки риояи қонунро аз ҷониби Шавкат Абдулхайров назорат кунанд.

Додгоҳи Олӣ Зайд Саидовро 25-уми декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли равон боздошт шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Abumaryam

  • 3 январ 2014 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро чуи вафо аз бевафое, Чи куби бехуда сард оханеро. Мухтарам адвокатхо,аз инхо хеч чизро умед накунед,инхо мисли охани сард сахт хастанд ба инхо ягон сухан асаре надорад. Бояд ба адвокатхои байналмиллали мурочиат кунед ва чомеъаи чахониро аз ин казияи золимона огох намоед.
Посух додан
  • Адвокат

  • 3 январ 2014 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Abumaryam,

Бале бародар Абумарям Шумо дуруст мегуед. локин баро ба додгоххои байналмилали ручуъ кардан бояд тамоми ин шохахоро гузашт. фикр мекунам барои хамин ин корхои фармалиро онхо мекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шавкат Абдулхайровро низ такдири Нуров интизор аст.
Посух додан
  • Сафо

  • 3 январ 2014 17:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин амали Шумо аз гург ба касоб шикоят бурдан аст. Охир намедонедл ки худи хамин Абдуллоев Нусратулло супориш додааст ки аввал имзояшро гирифта баъд нусхаи хукмро медихи. Ин Абдулхайроватон ягон вакт ирода надошту мустакил набуд. Боки худатон медонед....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!