Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:51

Нигаронии муфтӣ аз "хасисӣ"-и сарватмандон дар мавриди закот

3 январ 2014, 16:09

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз бетаваҷҷуҳии сарватмандон ба адои закот изҳори нигаронӣ кард.

Абдулқодирзода рӯзи 3-юми январ зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, агар ҳамаи шахсони сарватманд закоти моли худро диҳанд, дар рӯи замин ҳеч шахси гуруснае нахоҳад монд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар аз суханони Паёмбар (с) иқтибос оварда, таъкид кард, ки сабаби ин ҳама ниёзмандӣ ва гуруснагии оилаҳои камбизоат дар ҷомеа бетаваҷҷуҳии сарватмандон мебошад: “Агар ин сарватмандон миллиарду триллиард ҷамъ накунанд ё кунанду закоти молро ба фақирон диҳанд, ҳеч камбизоате аз нодорӣ танқисӣ намекашад.”

Закот яке аз панҷ рукни дини мубини Ислом ба шумор меравад, ки адои он барои ҳар фарди сарватманд фарз маҳсуб мешавад. Бар асоси қарори ахири Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз 14 ҳазор сомонӣ /$ 3000/ 350 сомонӣ /$ 75/ закот муқаррар гардидааст.

Маркази таҳқиқотии Pew моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи як назарпурсии худ миёни сокинони Тоҷикистон эълон дошт, ки 66%-и назардиҳандагон гуфтаанд, закот медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • студент

  • 3 январ 2014 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
триллиард не, триллион, домулло. smile
Посух додан
  • alisher

  • 3 январ 2014 16:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
bobi domulo khudut 3 zanshid megiri sar meti aval khudut zakoti vayora teee khutam molut ay zakot guzashtagiyay chiba nameti??
Посух додан
  • Фаридун

  • 3 январ 2014 18:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сарватманду миллиардер аму мансабдорову вазиро хастанд чаро онхоро намегуяд
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 3 январ 2014 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чаноби Муфти бояд шарм дорад бо чунин суханхо/ Як бор барои манъи чавонхо ба масчиду сатру хичоби хохарони Исломи садо бардоред.Акбари Турачонзода аз як давлати абаркудрати Собик Шурави атеисти тарс надошту аз хукуки мусалмонон хамеша химоят мекард.Шумо аз чор панч мусалмони золим метарседу хомушед.Пас маълум мешавад шумо факат барои нафси харом шуда ин вазифаро гирифтед.
Посух додан
  • Ман

  • 5 январ 2014 21:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон;-( аз масчиду мадрасаманъкарданхои чавонон, ба донишгоххо манъ карданхои духтарони бохичоби мову шумо, борехам ин муфтии мухтарам нигарон намешаваду аммо.....
Посух додан
  • dukhtur

  • 7 январ 2014 00:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Man ba joi hamin mufti bosham dar yagon jo gap namezanam
oburu nadori da baini mardum satqai nomi muftigi kuna shumora
Посух додан
  • шахид

  • 7 январ 2014 23:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Комментарияи мара чоп накадед озодагони ноозод.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон Хдо бгират ма да бораи и бисер навиштм чида чопш нааарди?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чиба ихе номарде чоп кне каментариема

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!