Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:58

Муъминов бо дастгирии Раҳмон қуллаҳои навро тасхир мекунад

6 январ 2014, 11:00

Фарҳод Муъминов, варзишгари тоҷик бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳонии кӯҳнавардӣ иштирок хоҳад кард.

Муъминов имрӯз, 6-уми январ, дар суҳбат ба “Озодагон” афзуд, ки бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имкон пайдо кардаст, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонии куҳнавардон иштирок кунад. Ӯ гуфт айни ҳол барои иштирок дар экспедитсияи навбатӣ дар Федератсияи Русия ба тамрин машғул мебошад: “Экспедитсияи навбатии байналмилалӣ аз 8-уми январи соли ҷорӣ оғоз гардида, дар давлатҳои Туркия, Африқо, Танзания ва Кения баргузор мегардад.”

Фарҳод Муъминов соли гузашта дар муддати яку ним моҳ ба қуллаи баландтарини Аврупо бо номи Элбрус, ки баландияш 5 ҳазору 642 метр аст ва ҳамчунин ба яке аз қуллаҳои баландтарин дар ҷаҳон, қуллаи Ленин, ки ҳоло номи Абуалӣ Синоро гирифта 7 ҳазору 134 метр баландӣ дорад, баромадааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • вв

  • 6 январ 2014 11:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бе дастгирии Рахмон аз дасти худат ягон чиз намеояд. Хамин хел?
Посух додан
  • Максад

  • 7 январ 2014 13:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар маро Рахмон дастгири кунад ман ба кайхон мерафтам!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Худованд намебинеду аз Рахмон миннатдоред.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
олимчон, дар урфият мегуянд "шох, сояи Парвардигар аст" аз ин ру на як ду нафар бояд, ки хамагон хурмати уро бидонем чун Худованд неъматашро ба мо точикон ба воситаи у равон кардаистодааст вале танхо Фарход барин чавонони ангуштшумор онро ба рохи дуруст бо шукргузори аз Худованд истифода бурдаистодаанд...... агар аз шох шукргузори накунем Куфри Неъмат хохад буд! Худованд бандаи ношукрро дуст надорад....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фарходчон барои ту комебию муваффакиятхо доимо ер бошад чунки байраки тоикистонро дар куллахо мебари, офарин бар ту. лек ин проблемро худо ба дилашон андозад, то туро кумак бикунанд.

точик. ту лаганбардор будаи. хеч гап не проблема бар сари ту хам меояд ва агар халашро дар ин кишвари бихиштосо наеби ана баъд гила накун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
душанбе,
суханат хато ман ба сиёсату сиёсатмадорон кор надорам танхо пайрави суханони пагомбарамон (А) хастам фикр намекунам ки ин лагандбардори аст "Сухан дониста гу то дустро душман нагардони" душанбе... вобаста ба мушкилот ман мушкилихоеро паси сар кардам ки Худо ба душмани инсон нишон надихад ва то хол он мушкилотхои ман хал нашудаанд аммо аз кишвари бихиштосоям хеч гох гилла нахохам кард чун хамаи мушкилоти ба сари инсоният меомада мушкилоти тану навс аст Ман побанди навс нестам

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!