Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:10

ВИДЕО: Навраси узбакистонӣ бо таронаи Далер Назаров телевизиони Русияро тасхир кард

6 январ 2014, 16:44

Ҷурабек Ҷураев, кӯдаки 6-солаи узбак, ки таронаи маъруфи «Чак-чаки борон»-и Далер Назаров, сарояндаи номовари тоҷикро иҷро мекунад, дар як барномаи солинавии шабакаи якуми Русия “Сегодня вечером с Андреем Малаховым” иштирок намуд.

Андрей Малахов, барандаи барнома изҳор дошт, ки Ҷурабек Ҷураевро даъват намудааст, то бо таронаи «Чак-чаки борон» Наргис Зокирова, барандаи дуюми озмуни “Голос”-ро бо соли нав табрик кунад. Ӯ дар хитоб ба Наргис Зокирова гуфт, суруди Ҷӯраев бо забони модарии ӯ садо медиҳад.

Навори видеоии Ҷурабек Ҷураев, ки моҳи июни соли 2013 дар интернет пайдо шуд, ба гуфтаи фиттафурӯшон миёни сокинони Душанбе низ мухлисони зиёд пайдо намудааст.

Ин видео 27-уми июн, дар Ютуб гузошта шуда садҳо ҳазор бинанда пайдо кардааст. Дар шарҳи таронасароии ин кӯдак гуфта мешавад, ки тифл ҳангоми сароидани суруд чор сол дошта ва аз хонаводаи узбак мебошад.

«Чак-чаки борон» аз маъруфтарин таронаҳои Далер Назаров мебошад. Ин таронаро Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи Узбакистон низ зиёд дӯст медорад ва дар яке аз ҳунарнамоиҳояш дар Душанбе ҳамроҳ бо Далер Назаров онро иҷро карда буд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз такдири ин миллати сарсахти точик чи нолем!? Як соли дигар хам аз хамин шабакахои телевизионии Руссия дида будам, ки суруди "Эй санам"-и шодравон Точиддин Мухиддиновро дар барнома бо як кафкубихои зиёд ва таърифу тавсиф суруда буданд ва суруди эрониаш ном гирифтанд...Акалан мо мухлисони Далер Назар набояд хомуш нишинем ва тарики инет бояд хатман вокуниш нишон дихем...охангхои шодравон Кароматуллохи Курбон низ аз шабакахои телевизионии ФР зиёд садо медиханд (худам шохидам), аммо ки медонад, ки ин охангхоро низ аз ки гуфта истифода мекунанд...шояд боз ки кадом узбак ё озару турку ким кии дигар...акалан ин Малахов суруди форси ном набурд...(...ё модари кудак точик аст))))
Посух додан
  • Паншер

  • 6 январ 2014 19:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамватанони азиз мо бояд, ки хурсанд шавем, ки сурудхои сарояндахои моро мехонанд як узбаки 6 сола хондай бечора узбакхо худашон суруд надоранда
Посух додан
  • Насибчон

  • 6 январ 2014 19:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро мо бидуни иттилои рӯшан ин овозхони наврасро ӯзбак мехонем? Шумо танҳо ба навиштаи Ютуб такя мекунед!? Ин дуруст нест. Гоҳе ки намедонед он бача ба кадом миллат тааллуқ дорад, ҳадди ақал мегуфтед, ки он ӯзбакистонӣ аст. Он гоҳ хато намешуд. Ман бовар дорам, ки ӯ тоҷик аст, зеро кӯдаки чорсола таронаи форсиро чунин озод ва равон намехонад. Агар ӯзбак мебуд, ҳадди ақал ҳангоми талаффузи овозҳои "ҳ" ва "х" душворӣ мекашид...Бо ин ҳама, агар ӯзбак ҳам бошад, сад офарин, ки таронаи форсиро чунин болу пар бахшид ва боз гузиниши таронаи форсии тоҷикӣ аз ҷониби ин навраси хушовоз баёнгари ин аст, ки ҷойгоҳи таронаву оҳангҳои форсӣ дар маҳдудаи Осиёи Марказӣ ва шӯравии собиқ ҳамоно баланд аст.
Посух додан
  • Eshmat

  • 7 январ 2014 07:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Eeee biradaraa adama Mars paridestiyan, shoma haliyam Uzbak Tajik Azeri gufta shishten.
Посух додан
  • ппвы

  • 7 январ 2014 07:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба "ситорахои" имруза хаминро гуфтани хастам, ки ана хамин гуна сурудхо офаранд, ки садхо сол дар дили мардум бимонанд. Дешевка бозиро бас кунед.
Посух додан
  • firuz

  • 7 январ 2014 10:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кашфи кайхон аз ифтихори ватандориву миллатпарастиамон маншаъ мегирад, бродари узбакам Эшмат!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародарон ин хофизхои мо факат барои туйгардиан инхоро бо сурудхои фачу пучашон факат дар точикистон нишон медиханд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони азиз! Дар кишвари хамсоя наздики 8 мииллион точик зиндаги мекунанд ва хамеша мардуми точик дар пешрафти илму фарханг сахми асоси доранд. Аз ин хотир шубхае нест, ки Чурабек Чураев аз точикони асили ин кишвар аст.
Хамон Наргис Зокирова, Фаррух Зокиров ва бародарони у наберахои артисти хизматнишондодаи Точикистон Карим Зокиров хастанд, ки аз точикони Самарканд хастанд ва солхои 60 асри гузашта аз Душанбе ба он чо рафтаанд.
Посух додан
  • Фарзона

  • 15 январ 2014 10:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Бахром Шумо дуруст кайд намудаед, ки Наргис Зокирова ва Фаррух Зокиров, ки гурухи Ялла-ро ташкил намудаанд точики асил буда гузаштагони онхо наинки аз ш. Душанбе балки аз ш. Панчакент мебошанд. То чое, ки ман маълумот дорам тохоло хешовандони наздики онхо бо оилаи Фаррух Зокиров рафту омадхам доранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фарзона,
хак ва рост аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!