Бахшҳо

Кабирӣ: “Давлати Тоҷикистон бар асоси манофеи сокинонаш амал намекунад”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Шабакаи телевизионии арабзабони “ат-Туркия” ба масъалаи равобити Тоҷикистону Русия, аз ҷумла вобастагии Душанбе аз Маскав ва сиёсати пешгирифтаи Туркия дар Осиёи Марказӣ дахл кардааст.

Раиси ҲНИТ бар ин аст, ки ҳамкорӣ бо Русия барои мардуми Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва ин ҳамкориро ҳизбаш ҷонибдорӣ менамояд. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ ва сиёсӣ сахт вобастаи Русия аст ва наметавон Душанбеи расмиро имрӯз бозигари мустақил дар минтақа номид. “Зеро беш аз ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҳамчун муҳоҷир ба сар мебаранд, ки маблағи вориднамудаи онҳо ба ватан ду баробари маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳанд”,-афзудааст ӯ.

Аммо ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, ин равобит бояд, дар чаҳорчӯби манфиати миллати тоҷик бошад: “Мутаассифона, давлати Тоҷикистон пурра бар асоси манофеи сокинонаш амал намекунад.” Раиси ҲНИТ иброз намуд, кишварҳои абарқудрат, бахусус Русия иштибоҳи худ дар масъалаи сиёсати хориҷиашро дарк карда, дар баробари ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои худкома, бо мардум низ мехоҳад, равобиташро ба роҳ монад: “Русия ҳоло ба хотири ҳамкорӣ бо тамоми қишри Осиёи Марказӣ ҳамаи каналҳоро ба роҳ мондааст.”

Кабирӣ таъкид дошт, “яке аз хатоҳои бузурги кишҳварҳои абарқудрат дар он аст, ки танҳо бо ҳукуматҳои худкома ҳамкорӣ менамоянд. Аз ҷумла Амрико, ки дар аввал бо Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури барканоршудаи Миср муносибат дошт. Вале бо оғози инқилоб хост, “ҳамкораш”-ро иваз кунад, ки хеле дер шуда буд. Ҳоло бошад Русия низ инро дарк кардааст, ки дар Мисру Либия ва Тунис мавқеи худро аз даст дод ва аз ин рӯ, бо тамоми неру вориди Сурия шудааст. Чун ин кишвар нуқтаи охирини он дар минтақаи Ховари Миёна мебошад. Ин абарқудратҳо дарк кардаанд ва ҳоло равобитро на танҳо бо ҳукуматҳо балки бо мардум низ ба роҳ мондаанд.”

Раиси ҲНИТ бар ин назар аст, ки ҳукумати нави Русия дар мавриди равобити худ бо кишварҳо нисбатан аз рӯи мантиқ кор мегирад. Ӯ мегӯяд, дар сафари ахираш ба Маскав, ки бо даъвати ин ҷониб сурат гирифт, бо мақомоти рус дар ин бора суҳбат кардааст. Ӯ мегӯяд, аз ҷониби Русия даъват кардааст, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Душанбею Маскав саҳифаи наверо боз намоянд: “Пешниҳод кардем, ки мо ба ҳамсояи хуб дар Шимол ба монанди Русия ниёз дорем ва шумо ба як минтақаи ором дар Осиёи Марказӣ. Яъне миёни мо алакай як ҳамдигарфаҳмие дар бархе маворид ба вуҷуд омадааст.”

Раиси ҲНИТ дар мавриди равобити Туркия бо Тоҷикистон низ ишораҳо карда, афзудааст, ки аз сиёсати кунунии Анқара нисбат бо Душанбе розӣ нест. Ӯ бар ин аст, ки мақомоти туркӣ нисбат ба Осиёи Марказӣ як сиёсати возеҳу равшан надорад: “Албатта, дар оянда умедворем, ки сиёсати ин кишвар бо Тоҷикистон дар самти забону фарҳанг каме тағйир хоҳад ёфт.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чаноби кабири хеле мохирона сиёсатмадори шиа буданашро такия мекунал. У аз сиёсати пешгирифтаи русия ки золим ва истилогари осиёи миёна ва чангкунанда дар сурия мебошад рози аст ва туркия ки яке аз давлатхои пешрафти ва яке аз давлатхои кумаккунвнда ба мусалмонони мазлум аст (хусусан дар сурия) ва пуштибони аз ислом мекунад, аз сиёсати пешгирифтааш двр осиёи миёна норози шуд.
Ба фикри шумо чаноби кабири туркия чихел сиёсате бо осиёи миёна дошта бошад?. инчо хадафи асли ин аст. Ки туркия ба мазлумони сурия кумак мекунад ва ин сиёсати пешгирифтаи туркия бар зидди сиёсати сахюнистии эрон мебошад.

Яъкуб.
Дар инчо чаноби Кабири ин давлатхоро хам хатоги ва хубиашонро баен кардааст.Дар мавриди Сурия чаноби Кабири Асадро як диктатори золим медонад,ки дар мусохибае чанде пеш баен карда буд.

idris,
idris,
Бале, Идрис дурус дарк кардааст ва ҳақ мегуяд, Кабирӣ як сиёсатмадори шиъӣ буда тақияро моҳирона истифода мебарад ва тарафдори сиёсати хунхорона ва нодурусти Башор (Аллоҳ сарнагунаш созад) ҳаст. Дар дар Тоҷикистони азиз низ чунин сиёсатро хоҳон буд ва ҳаст, чихеле, ки солҳои 1990- 1997 онро натавонистанд ба роҳ андозанд ва....

Лоик
ХНИТ бо рохбарии Кабири, илтимос мардумро гул назанед. Охир хамин Кабири набуд, ки мардумро ба мухолифат даъват мекунаду худ дар рузи такдирсозаш-интихобот дар Туркияю Сурия сайр мекунад.

Холис
"ЛАЪНАТ КАРДА ШУД ДУРУFГУЁНРО" (аз-Зориёт, 10).
"СИПАС ХАМА БА ЗОРИ ДУО КУНЕМ ВА ЛАЪНАТИ ХУДОРО БАР ДУРУFГУЁН БИГАРДОНЕМ!" (сураи Оли Имрон, ояти 61).

Зинда бош чаноби Мухиддин Кабири, Худо ёру мададгоратон бошад!

Эрач
Чаноби Idris ту фахмида гап зан. Агар 2 миллион мухочир ба ватан бар гардад бовар кунед аз дасти ипрезиденти мо ягон кор намеоя. Ва Кабири суханхои хакро мегуяд!!! Бародар Идрис ту агар ба мухочират рафта боши бад мефахмики мо киему читавр зиндаги дорем. Дар Россия точи бекадртарин одам аст хато миллатгароён точикро одам хисоб намекунанд магар моро чунин кунанд бо аз чаноби оли рози бошем? Агар мо донем, ки президент дар хакикат барои мардум кор карда истодааст ин дигар гап. Лекин ба манфиати халк неву ба манфиати гирду атрофи худаш кор дорад. Мисоли одди дар мавриде, ки бародари домоди президент раиси точик семент таин шуда бошад пас писару духтари у кист? Манфиати милли аз байн рафтааст... Кучост давраи шурави,... Бале аксари шахрвандонро фахмидан мумки, чун, ки тарики телевизионхои мо факач президентро таърифу ситоиш мекунанд, ахбороти дурустро танхо тавасути шабакахои беруна гирифтан мумкин аст. Аммо барк неест читавр ахбороти дурустро мегирем. Зинда бош миллати хунин кафанам.......................

Равшан
Кабири медонад ки таъсири Русия дарточикистон бештар аст бахсус даррохбарии давлат барои хамин гохе ин су сегуяд гох он су.Кабири фигураи худаша ба Амрико,Эрон Русия ва Рахмон маъкул кунонида истодааст.

Ин "мардак" мардуми точикро то дарачае бефахм хаел кардааст ки гуё ба чуз аз у хеч каси дигар кобилияти хондан,навиштан ва фикр карданро надорад.
Хиёнати ба халк кардаи ин "мухофизатчи"-и мардумиро, дар интихоботи президенти, халки точик хеч гох фаромушт нахохад кард, чун ки чунин хиёнат то хатто рахмон ва наздикону у накарда буд барои халк. Ин "шахс" умеди тамоми мардуми озодихохи точикистонро бо халлаву найранг ба хок супорид. Хеч гох мардум ин хиёнати туро фромушт намекунад.Инро фахмида гир,бозорком кабири.

Кабири шахсан барои ман, хамчун сиесатмадор дигар вучуд надорад. Хадафи Кабири танхо нигохдоштани тичорати худ ва чои гари парлумони.

j8
офарин устод Кабирй!мо бошумо.

Мухаммад
Ба идриси иблиссурат мегуям ту аблахи фитнаандози, касе гапи хакро гап зад у даррав шиа мешад,е ягон тухмати навбати,охирон гуе тачовуз кардасту бурда зиндонаш мекунанд.

Dev
“Албатта, дар оянда умедворем, ки сиёсати ин кишвар(Turkiya) бо Тоҷикистон дар самти забону фарҳанг каме тағйир хоҳад ёфт.”
Zabonu farhang , yane chi ? Guftanied,ki zabonu farhangi turki ba mo basanda nest ! Shumo fikr namekuned,ki mo -tojikon baroi hudamon( baroi zabonu farhangi hudamon) kabr mekobem? Shumoi aziz ba hama " kahramoni" tajored , fakat dastgirii Turkiyavu Russiya namerasad ! Hamin tavr ne ?

Бовар кунед бародарон Кабири хакатан инсони бешарм ва бехаё будаст. Баъди хама ин дасисабозихо ин кас боз шарм накарда конфронси матбуоти ташкил карда ба мардум дар бораи конун ва адолат сухан меронад.

Хулоса, ман аз сафсатаҳои у ба ғазаб омада, шукронаи давлати сохибистиклол намудам, ки имруз дар он озоду осоишта зиндаги дорем. Ба тарафи Зойиров Р. нигох карда ба у гуфтам, ки то ба кай ту нисбати давлат ва миллатамон бадгуи менамои!? Давлати кадимаи точикон, ки фарханги бою гани дорад ва чомеаи чахони онро эътироф менамояд, бадномаш месози! Аз мо не - аз Худо шарм дор! Ба у мурочиат намудам, ки то кунун барои точикон ва Точикистониён чи кардаи?! Ба якбораги ҳамаи занони љамъомада суханхои маро чонибдори намуда, ба Рахматилло нафрат хонданд.У гуфтахои маро гуш карда, баён намуд, ки Шумо одамони хукумат ҳастед, ки нисбати ман чунин гапхои сахту кабех мегуед. Дар чавоб гуфтам, ки хамаи мо точикем ва аз Точикистонем, ободкунандаи давлату хукумати имрузаем, мисли ту игвоангези Каждуммичоз нестем!
Зойиров Рахматилло ба хашм омада, мо занҳои башуромадаро тарафдорони хукумат ва чосуси махсуси сохторҳои қудрати ном гирифт. Уро гуфтам, ки пайравони Гурдофарид хастем ва хохем монд! Зойиров ба гуфтахои мо тоб наоварда, рохи гурезро пеш гирифта, натавонист, ки фитнаи нави тархрези намудаи худро амали намояд.
Зеро у агар дилаш ба миллати точик сузад, чаро 3-маротиба, пинхони, хамчун чосуси (шпион) сиёси ба Чумхурии Узбекистон рафт, барои чи?... бо кадом максад рафта буд? Хама мардуми Точикистон медонанд, ки максади сафархои у чи буд. У барои кадом мамлакат хизмат карда истодааст, дар хубии халки точик нест. Хангоме, ки ба сари мардуми точик ягон нохушие руй дихад, Рахматилло Зойиров хатман бо хамтабакони худ ба айшу ишрат машгул шуда, бо рузноманигорони ВАУ нишастхои матбуоти барпо менамояд.
Дар охир ман хамчун зан - модар ба тамони занон ва модарони чумхури гуфтаниям, ки дигар фирефтаи суханони игвоангези Рахматилло Зойиров ва мисли у баринхо нагарданда, бахри ободи ва амнияту осудагии кишвар камари химмат банданд. Чунки вай хар боре ба сафари хоричи равад, бесабаб нест, хатман иѓвои наве меорад.

Сокини шахри Душанбе Холисамох Чабборова
Шамсиддини Нурулҳақ

Зоиров ки ба сафар рафт…
Донед, ки бо супориши нав меояд

Гуфтаю амали Раҳматилло Зойиров саропо мазҳакаи сиёсист. Танҳо супориш иҷро мекунад. Агар дар ҲНИТ тавассути Кабирӣ рӯҳияи динӣ боло гирифтан дорад, Р. Зойиров то ҳол пойбанди ҳамон рӯҳияи туркии тоҷикбадбинонаи солҳои 90-ум аст, ки боиси қатли садҳо одамони бегуноҳ дар водии Рашт гашта буд. Вагарна имрӯз тоҷики узбекистонӣ дигар мактаб надорад, дар шиноснома миллаташ иваз шуда, забони модариаш ҳатто дар хонааш нимшунаво садо медиҳад, аммо Раҳматулло Зойиров, оне ки ҳатто мудаии курсии президентӣ дар Тоҷикистон буду номзадиашро баъзе мухолифини миллатпарасти ИНИТ рад карданд, сари ин масъала ҳарфе намезанад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)