Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:13

БДА бартарии рақаму ҳуҷҷатҳои чипдорро шарҳ дод

7 январ 2014, 09:27

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз ҷорӣ шудани ҳуҷҷатҳои нави ронандагӣ дар кишвар хабар дода, бартарияти онҳоро шарҳ дод.

Ба иттилои ин ниҳод Тоҷикистон чун узви созишномаи Вена ҳуҷҷатҳои нави ронандагӣ ҷорӣ мекунад, ки он имкон медиҳад шаҳрвандони мо дар қаламрави кишварҳои узви он бидуни гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии байналхалқӣ мошин ронанд: “Ба ҳама кишварҳои узви созишнома муҳлат муқаррар намудааст то ҳуҷҷатҳои худро ба талаботи созишнома мувофиқ кунонанд.”

БДА мегӯяд, дар Федератсияи Русия, ки ҳамчунин узви ин созишнома аст, ҳуҷҷатҳои намунаи нав аз моҳи марти соли 2011 дода мешавад: “Ҳуҷҷатҳои намунаи нав корти пластикӣ мебошанд, ки аз поликарбонат омода шуда, аз сатҳи баланди муҳофизат аз қаллобӣ бархӯрдор аст. Дар он ғайр аз акси соҳиби ҳуҷҷат, ҳамчунин имзои рақамӣ (электронӣ) ва изи ангушти ӯ низ сабт мешаванд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳои нав чипи махсус доранд, ки корманди БДА метавонад бо дастгоҳи махсус онро хонда ва дар оянда маълумотро дар бораи қонунвайронкунӣ дар шакли электронӣ ба чип ворид кунад.”

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон сабаби дигари ҷорӣ намудани ҳуҷҷати навро ба лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ва дигар барномаҳо рабт дод, ки мақсади онҳо кам кардани нақзи қоидаҳои ҳаракат мебошад: “Ҳуҷҷатҳои ронандагии пластикӣ, дар баробари рақами қайди давлатии чипдор, қисми лоиҳаи навсозӣ мебошанд.”

БДА шарҳ дод, ки низоми инноватсионӣ аз маркази ягонаи коркарди маълумот ва 25 пойгоҳҳои маҳаллӣ иборат буда, ба раёсати БДА имкон медиҳад додани ҳуҷҷати ронандагӣ, қайди нақлиёт, супоридани имтиҳонот ва вайронкунии қоидаҳоро ба таври марказонида назорат кунад: “Ҳамчунин дар ин низом маълумот дар бораи шахсоне, ки аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шудаанд, нақлиёти лар кофтукоббуда ё дуздида ҷо мешаванд ва аз ҳама муҳимаш, ин низом бо пойгоҳи додаҳои Интерпол пайваст хоҳад буд.”

Масъулини БДА муътақиданд, ки амалисозии ин низом имкон медиҳад самараи фаъолияти БДА бештар шуда, раванди аз қайди давлатӣ баровардан ва ба қайд гузоштани нақлиёт низ осон ва зуд мешавад, чунки ҳама маълумот дар бораи мошин ва соҳибаш дар реҷаи воқеӣ дар шӯъбаҳои ноҳиявии БДА дастрас хоҳад буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 7 январ 2014 11:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
<Бартарият> дар он хаст, ки боз киссахои <холии> онхо пур аз пул мешавад Агар <бартарият> дар ин набошад кани бинем бепул диханд ин шаходатномахои чипдорро.......
Посух додан
  • Бечора

  • 8 январ 2014 07:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эээ коил. Офарин! Боз рохи дигари чамъоварии пора! Замони пеш хангоми гирифтани хучати ронандаги ба огои ГАИ пора медоданд. Инак боз хамрох шуд АВТОДРОМХО. Хар касе камтарак аккалан 300 500 сомони надихад, омодаанд то 2 3 маротиба аз имтихонхо ноком гардонанд. Бар замми ин боз хам дар пеш ГАИ интизори имтихонгиранда, аниктараш $ $ $. Агар фасодзадатарин кишвар ЧТ гуем хато намекунем...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!