Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

VIDEO: Сӯҳбати Муродалӣ Алимардон бо Токон Мамитов

7 январ 2014, 09:31

Токон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон, субҳи 7 январ барои ҳалли мушкили марз миёни Душанбеву Бишкек ба пойтахти Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Муродалӣ Алимардон -- муовини сарвазири Тоҷикистон, ки ҳайати кишварро дар ин баҳс раҳбарӣ мекунад, хабар дод.

Ҳоло гуфтушунид миёни ҳайатҳои ду кишвари ҳамсоя дар “Кохи Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе шурӯъ шуд. Ин даври дувуми гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории хатти марзи ду кишвари ҳамсоя, дар пайи мухолифат ва роҳбандӣ миёни сокинони Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд, аст. Даври аввали он 23 декабри соли 2013 дар Бишкек баргузор шуда буд.



Он вақт Муродалӣ Алимардон, ки дар Бишкек бо Токон Мамитов сӯҳбат мекард, гуфт, ҳодисаи Ворух хусусияти иқтисодӣ дорад. “Мо ба равобити дӯстонаи суннатии мардуми тоҷику қирғиз, ки умри чандинасра дошта, барои рушди равобити ду кишвар мусоидат мекунад, арҷ мегузорем. Боварии комил дорем, ҳодисаҳои ахири марзии ду кишвар хусусияти иқтисодӣ дорад. Бояд гуфт, барои ҳалли ин ингуна масъалаҳои марзӣ ба мақомоти зирабти ду ҷониб алакай тибқи қарордодҳои болоӣ вазифаҳои мушаххас дода шудааст”,-илова карда буд ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДАР ЧОРКУХ КЫРГЫЗО САРИ 5 ТОЧИКБА ПАРОНД ХИШКИ ГАБ НАЗАД 1ЗАПАРАВКАЯ СУЗОНД ХИШКИ ГАП НАЗАД 1ЧОЙХОНАШ СУЗАД ЧАНГ БА ХЕСТ АЗ ДАСТИ ТОЧИК ХЕЧ ЧИЗ НАМЕБИОД ГУФТА ИНХО БА ХУБИ НАФАМИДАНД БЕТОН ХОКИ ИНХОЯ БОД БА ГАРОНЕМ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чизе гап шуда бошад Алимардон пушти дар бастанда ба хуби намешад инхокати инхоя
аз ин мулки бобоиямон даб каран даркор
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон,барои як порчагии Ватани азиз бояд мубориза бурд.Аз кадимулайём мегуянд,ки туркнажод дусти-вафо намекунад.Аммо мо-Точикон,хамеша мехрубону мехмоннавоз хастем.Ё калонсолон мегуянд,ки "киргизро то шата назани дуст намешавад".Исботи ин гуфтахоро чандин солхост,ки дида истодаем.Бинобар ин бояд мустахкам бошем,бегонапарастиро бас кунему худипарастиро пеша бикунем!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!