Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:33

Истеъфои муфтӣ дар пайи пахши навори маҳрамона дар интернет

7 январ 2014, 16:20

Раҳматулло Ҳоҷи Эгамбердиев, муфтии Қирғизистон дар робита ба қазияи ахири паҳни навори видеоӣ дар интернет бо хоҳиши худ аз симаташ канор рафтааст.

Тибқи иттилои расонаи хабарии "АКИpress", Эгамбердиев далели истеъфояшро фишор болои худ унвон кардааст. Ӯ мегӯяд, "аз соли гузашта ба ин сӯ, таҳти фишор қарор дорам ва ман аз мусулмонон хоҳиш дорам, ки вазъияти муфтиёт ва манро хуб дарк кунанд. Ман ҷонибдори ҳақиқат ва адолат мебошам ва бо хоҳиши худ истеъфо додаам.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 6 январи соли ҷорӣ дар назди бинои Идораи муфтиёти Қирғизистон як гуруҳ аз сокинон ҷамъ омада, аз Эгамбердиев талаб карданд, ки аз симаташ истеъфо диҳад. Ба гуфтаи Эгамбердиев, ҳоло ба ҳайси муфтии Қирғизистон, муовини аввали ӯ интихоб шудааст: “Ин канор рафтани ман шояд тамоман ё муваққатан бошад, албатта, ин ба хотири баррасии ҳодисаҳои охир мебошад.”

Охирҳои моҳи декабри соли гузашта навори видеоии дорои муҳтавои шаҳвонӣ дар интернет роҳ ёфт, ки дар он шахси монанд ба муфтии вақти Қирғизистон бо як зани ҷавон намоиш дода мешуд. Худи Эгамбердиев ҳузурашро дар ин навор инкор накарда, иброз дошт, ки зани дар паҳлуи ӯ буда, ҳамсараш мебошад ва бо ӯ тули чаҳор сол мешавад, издивоҷ кардааст. Каме баъдтар, волидайни зани мазкур низ бо пахши як навори видеоии дигар ҳамсари муфти будани духтари худро таъйид карданд.

Дар ҳамин ҳол Идораи муфтиёти Қирғизистон бо пахши як баёния гуфт, қазияи охир на танҳо обрӯву манзалати хонаводаи муфтӣ, балкӣ тамоми мусулмононро поин бурдааст ва ин ниҳод далели паҳни ин наворро манфиатхоҳии бархе гуруҳҳо арзёбӣ кард.

Раҳматулло Ҳоҷи Эгамбердиев, ки 35 сол дорад, соҳиби ҳамсар ва чаҳор фарзанд мебошад, ки аз ҳама калонии онҳо 12 сола аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!