Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:09

Шикояти Ҳошим Гадо аз хунукӣ: Ҳоло таги 7 кӯрпа мехобам

8 январ 2014, 15:42

Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи тоҷик мегӯяд, дархосташ аз шаҳрдории Душанбе барои таъмини гармию таъмири манзили зисташ то ҳол иҷро нашудааст.

Ҳошим Гадо, имрӯз, 8-уми январ, зимни як суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, бо вуҷуди ваъдаи ҳукумати Душанбе то ҳол ягон усто барои таъмини гармӣ ба хонааш наомадааст: “Ман ина кӯча мебароям, қадам мезанам, нафаси тоза мегирам, гарм мешавам ва баъд хона мераваму таги ҳафт курпа хоб мекунам. Ҳоло мунтазири устоҳо аз ҳукумат ҳастам.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар пайи дарёфти дархости Ҳошим Гадо дар бораи таъмири хонааш ба шаҳрдорӣ дастур додааст, ки дархости ин ҳунарманди шинохтаро иҷро кунад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба Азам Табаров, мудири Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе супориш додааст, ки хатти гармидиҳии манзили Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Тоҷикистонро барқарор намуда, дар бозсозӣ ва таъмири манзилаш ба ӯ кӯмак намоянд.

Қаблан Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруф ва барандаи чандин ҷоизаи ҳунарӣ аз шаҳрдории Душанбе барои бозсозӣ ва таъмири манзилаш дархости кумак карда буд. Ӯ дар номаи худ ба шаҳрдорӣ иброз доштааст, ки мехоҳад дар хонаи гарм ва дорои шароити хуб зиндагӣ кунад. Ҳошим Гадо яке аз ҳунармандони шинохта ва барандаи ҷоизаи Рудакӣ буда, дар беш аз 50 филм нақш офаридааст ва муаллифи 11 китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э наке хами хунарманда холиям кумак нарасондияне. Сад афсус
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
а что пардон, у него даже обогревателя нет, спит под 7 курпачами?
Посух додан
  • Точикистони нав

  • 8 январ 2014 17:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун тасаввур кунед, ки миллионхо кудаки точик дар ин хунуки чи гуна ба сар мебаранд, ин мардаки калон, ки ин кадар хунук хурда бошад. Пас гами бокимонда миллионхо точикро ки мехурад? Имрузхо дар Точикистон факат дар хонаи як-ду авлоди сохиби давлат гарми хасту тамом.
Посух додан
  • Истаравшани

  • 8 январ 2014 20:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин холи моя бинетон дар як руз 6 соат свети чараенаш кариб 180,печкахои бобогимо бошад дар як хафта хамаги ду руз даргирон(сабабаш бошад шамол дуда мегардонад),об нест кариб.
Посух додан
  • КОСИМ

  • 8 январ 2014 20:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БУЗУРГТАРИН ХУНАРМАНДИ ТОЧИК ДАР 100 CАД СОЛИ ОХИР МАШХУРТАРИН ТОЧИК ДАР СССР ХОЛО АГАР КАМЕ ХУНИ ТУРКИ-МУГУЛИ МЕДОШТ ИН ХЕЛ НАБУД БАДБАХТИИ УСТОД АЗ ТОЧИКИ ТОЗА БУДАНАШ ХАСТ!
Посух додан
  • Беном

  • 9 январ 2014 02:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои Хукмронони Точикистон ин корашон дар хакки Хошим. рамзи мил[лат айб аст, Худованд ба Рахмоновхо ва Убайдуллоевхо инсоф дихад,Омин
Посух додан
  • хунарманд

  • 9 январ 2014 08:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб мешуд ба Ҳошим Гадоев Ҳукумати ҷумҳурӣ кумак менамуд, акалан як ҳуҷраи гармтар ва ҷое, ки барқаш хомуш нашаваду хонааш гарм бошад. Зеро ӯ касе надорад. Як худаш хасуту халос. Инчунин Ҳошим Гадоев хизмати хуб ҳам ба Тоҷикистон кардааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!