Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

8 январ 2014, 18:36

Алишер ЗАРИФӢ

Мудирияти ширкати “7 бурҷ” қатъи фаъолияташонро аз ҷониби мақомот дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ хонда, қотеъона таъкид мекунад, ки маблағи мизоҷонашро бармегардонад.

Саидҷон Саъдуллоев, масъули ширкати “7 бурҷ” имрӯз, 8 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, айни ҳол ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллари ИМА дар анборҳои ширкат маҳсулот буда, муштариён метавонанд бар ивази маблағашон аз анбор маҳсулот гиранд. Дар анборе, ки Саъдуллоев ба хабарнигори “Озодагон” нишон дод, аксаран қутиҳои подгузник ва прокладкаҳо мавҷуд буданд.

Ӯ афзуд, ки агар муштариён даъвои маблағи нақдро кунанд бояд интизор бошанд, то масъулин ин маҳсулотро фурӯшанду маблағи нақдро ба муштариён баргардонанд ва изҳори боварӣ намуд, ки маблағи муштариён то аввали соли 2015-ум пурра баргардонда хоҳад шуд.

Ин масъули ширкат илова намуд, ки даъвои бархе муштариён, ки фавран пули нақд металабанд бо шартномаи бастаашон ба ширкат мутобиқат намекунад, зеро дар ҳеҷ куҷои шартнома гуфта нашудааст, ки ширкат пули нақд медиҳад: “Бубинед, охир ин ширкат бонк нест, ки ба муштариёнаш пули нақд диҳад. Дар шартномаи мо низ чунин гуфта нашудааст. Дар шартнома омадааст, дар ҳолатҳои изтирорӣ ба муштариён маҳсулот дода мешавад. Бо вуҷуд дар сурате агар муштарӣ маҳсулот нахоҳад, он маҳсулот фурухта мешаваду пули онро ба муштарӣ медиҳанд”.

Саидҷон Саъдуллоев аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бештари муштариён шартномаро дуруст нахондаанд ва ба моҳияти шартнома сарфаҳм нарафтанашон имрӯз боиси эътирозу норозигиҳо шудааст.



Ширкати “7 бурҷ” дар шаҳрҳои Душанбеву Суғд анбор дошта, дар ин анборҳо асосан маҳсулоти гигиенӣ барои занон мебошад, ки дар муқоиса ба нархи бозор ба муштариёнаш онро арзонтар пешниҳод мекунад.

Як масъли дигари ин ширкат, ки дар анбор ба додани маҳсулот ба муштариён машғул аст, иброз дошт, ки аз рӯзи қатъ гардидани фаъолияти “7 бурҷ” ширкати мазкур маблағи 150 муштарияшро дар ҳаҷми 300 ҳазор доллар дар шакли маҳсулот ва пул баргардонидааст: “Худи ҳамин рӯз 12 нафар омада маҳсулот гирифт ва дигар рӯзҳо аз ин ҳам зиёдтар меомаданд”.

Саидҷон Саъдуллоев дар мавриди дастнорас будани раҳбарияти болоии ин ширкат гуфт, айни ҳол директори генералии ширкат Саидҳомид Маҳмудов бемории дил дошта, барои табобат дар Эрон қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 6-уми январ мизоҷони “7 бурҷ” бо нишони эътироз ба дафтари ин ширкат дар Душанбе ҳозир шуда, мулоқот бо роҳбарияти болоӣ ва маблағҳояшонро бозпас талаб карданд.



Фаъолияти ширкати “7 бурҷ” соли гузаштаи 2013 бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ба далели фиребкорӣ қатъ шуда, ҳазорҳо муштарии онро саргардон кардааст. Ин ширкат дар Тоҷикистон аз аввали соли 2011-ум ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 5 ҳазор муштарӣ ҷамъ намудааст. Ба ин ширкат шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағи 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар ворид мегардиданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб месохтанд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоварданд.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти ширкати “7 Бурҷ” “пирамида” будани ин корхонаро рад намуда, фаъолияташро ҳам барои давлат ва ҳам барои шаҳрвандон муфид хонд. Як масъули ин ширкат гуфт, аз болои қарор дар болои қатъи фаъолияти “7 бурҷ” ба Додгоҳи иқтисодии Душанбе шикояти касатсионӣ бурдаанд.

Аксҳои анбори "7 бурҷ" дар Душанбе

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)

7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)


Моро ҳамроҳӣ кунед:

Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фурушанда

  • 8 январ 2014 18:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед, ин ҳамааш мошеникӣ аст.
Суоли аввал, оё он ҳама подгузникҳо арзиши 600 долларро дорад?
Суоли дуввум, ин ширкат аз куҷо боварӣ дорад, ки ин подгузникҳоро мефуоушад? Ин пожгузникҳо хадавой нестанд. Мардум обична ЕвиБеби мехаоад, ки се чор баробари ин подгузникои ино арзон аст. Обична погдузник тавари хадавой нест.
Як чизи дигар, подгузника ба Тоҷикистон фақат як кампания медарора, ина ҳама савдогаро медонан.
Посух додан
  • Эхсон

  • 8 январ 2014 21:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародари тухматчи хаму видио барои кур асояй бафикрум ки хаму махсулота надидести эйби беби хитоя ба падгузники германия баробар мекуни ачоиб одами босавод будаасти ту ва ту барин одамхо дар точикистон дар коранд барои чанг андози
Посух додан
  • в

  • 9 январ 2014 07:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарм доред рафик Саъдуллоев бо хамин бизнесатон.
Посух додан
  • ансор

  • 9 январ 2014 09:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0

бепул чизе нест дар ин дуне - арзон чизе мефурушанд ки е сифат надорад е ахамияте надорад
Посух додан
  • Sabr

  • 9 январ 2014 11:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бипурпсед ахли зикр-ро агар бошад, ки шумо намедонед! (Ояи Куръон)
Дар хакикат Худованд рахми бандагонашро хурда барои башарият Паёмбар ва Ахли зикр (илм)-ро гузошта то дар хама холатхо аз онхо бо тарики саволу чавоб истифода шавад.
Эй мардум чаро Олимони Хакики ва Саводи кофи доштахоро намепурсед пеш аз оне, ки вориди ингуна ширкатихои таёркардашудаи махсус мешавед???
дигар ширкатb Харами мисли Qnet хам фиребу найранг буда окибаташ чунин аст, Худованд хар чи зудтар Макрашонро фош созад то мардуми камбизоъати мусалмони точик фиред камтар хуранд..... фурушанда,
фурушанда,
фурушанда,
Посух додан
  • Точир

  • 9 январ 2014 12:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окибати пули бе дарду миён яъне просент хурдан хамин аст мардуми азизам. Худатон дидаву дониста пулхоятонро додед медонистед, ки дар ивазаш пули зиёдттар мегиред. Хаму пулакотона худатон тичорат мекардед боз хубтар буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон!
Хотири касеро озурда намесозам, лекин ягон хабарнигори босавод набудми дар шумо?
Бечора 1соат накл мекунад ва ин хабарнигор боз повторна хамон савол медихад.Хак бар чониби ин ширкат аст ва муштариён аз руи шартнома бояд амал кунанд. Озодагон матбуоити озод аст бовар дорам фикри ман бояд нашр шавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Yak xeshi moro yak jurash chunin fireb medihad ki mo pul kor mekunemu digaru digar, bacha rafta az bank $1000 qarz karda chize ba monandi hamin girift dar natija bo foizi bank $1500 qarzdor shud xud dar maktabi miyona malim ast padarash har sol rasiya rafta yasum du sum baroi ruz guzaroni meorad xulas imsol az hisobi mardikori ham ba jaybi bankirho pul omadu ham ba in shaytonho.
Dar injo hukumat sad dar sad gunahkorast charo,ki yak guruh dar boloi bom kabutarero sar medihand dastgir karda jazo medihandu in hama harom xuriro no?
Yo xud qushand?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЭТО ПОЛНОЕ КИДАЛОВО !!!
ИН МММ-и ТОЧИКИ МЕБОШАД !
Посух додан
  • Бобой

  • 9 январ 2014 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САБР АЗ ТУ МУПУРСАМ намедонам чи кадар аз ислом хабардори аз гапод маълумай ки худут найранг бозу чангандози бачои инки гуи ин имтихони иллохист сабр кунед баръакс фитна ангез будаи илтимос бахамаатон мурочиат мекунам нодонистаю нодида гумони бад накунед феъли мунофикмст ва тухмат накунед ки феъли душмани исломаст
Посух додан
  • Mohru

  • 18 январ 2014 07:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
muhojir,
Замоне ки чанд карат дар хусуси нодоруст будани шартнома харф мерафт бадохатан ,,негатив'накунед гуфта пеши сухан мегирифтанд Аммо сафедкунихо беасос шарми кас меояд ки ин гуна хамзабонхоро фиребидан ва осуда хурдану хуфтани ин кормандони ширкат Ачибаш ин аст ки аксарияташон собик кормандони хифзи хукук холо харф бисёр то баъдан
Посух додан
  • Mullo

  • 27 январ 2014 00:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Qnet BEHTARIN!!!!!!!!!!!¡!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!