Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:37

VIDEO: Кадом навъи мошинҳо дар Тоҷикистон серхаридоранд?

9 январ 2014, 17:31

“Опел” - мошини истеҳсоли Олмон аз ҳама серхаридортарин дар бозорҳои мошинфурӯшии Тоҷикистон ба шумор мерафтааст.

Фурӯшандагон ва ронандаҳои тоҷик мегӯянд, мошинҳои олмонии навъи “Опел-Астра” ва “Зефира” бештар ба вазъу шароити роҳҳои Тоҷикистон мувофиқ мебошанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло ин навъи мошинҳоро, ки соли истеҳсолашон миёни 2000 ва 2006 аст, дар бозори Душанбе бар ивази 5 ҳазор доллар соҳиб шудан имкон дорад.

Toyota Сorolla аз мошинҳои дигари серхаридор дар баробари Mercedes дар ҳоли ҳозир дар бозори Душанбе ба будааст, ки арзишаш аз 7 то 11 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Фурӯшандагон мегӯянд, ҳоло дар мошинбозори Душанбе бештар навъи нави мошинҳои Мерседесро дид, ки соли истеҳсолашон аз 2007 боло ва арзиши он низ аз 10 ҳазор боло, тахминан 13-14 ҳазор доллар мебошад.

Дар мошинбозори Душанбе дар баробари мошинҳое, ки мустақим тавассути қатор аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, мошинҳоеро низ дидан мумкин аст, ки соҳибони тоҷики худро барои бори дуюм ва сеюм иваз мекунанд. Тибқи гуфтаҳои тоҷирони ин бозор, дар ин макон тақрибан мошинҳои дуздӣ вуҷуд надорад. “Дар Балтика одатан арқоми мошинҳои дуздие иваз карда мешавад, ки арзиши онҳо аз 40-50 ҳазор доллар боло мебошад”,-гуфт яке аз ин фурӯшандагон.



Вале дар мавриди мошинҳои арзонсифат тоҷирон мегӯянд, ингуна мошинҳоро бе ягон мушкил бо нархи арзон метавон дастрас кард ва ниёзе ба дуздидани онҳо нест. “Зеро иваз кардани рақами муҳаррик ва кузови мошин маблағи зиёд талаб мекунад ва анҷом додани ин амали гаронарзиш дар мошинҳои навъи Опел ва Корола, ки нархашон поин аст, албатта, манфиатовар нест”,-мегӯяд, тоҷири тоҷик - Ҳамидулло.

Далер Қурбонов, тоҷири дигари тоҷик мегӯяд, ӯ низ дар ин бозор ба фурӯхтани мошин машғул аст. Аммо ба гуфтаи Қурбонов, мошинҳояш нисбатан каме аз дигарон фарқ дорад. Чун истеҳсоли Русия буда, ҳудуди 3 ҳазор доллар, ки барои табақаи поини аҳолиии кишвар дастрас аст, арзиш доранд. Ин тоҷири тоҷик бар ин аст, ки агар ин навъи мошинҳоро то моҳи марти соли ҷорӣ нафурӯшад, нархи онҳо боз ҳудуди як ҳазор доллар поин хоҳанд рафт.

Далер Қурбонов мегӯяд, бо омадани фасли баҳор, ки мавсими сафари муҳоҷирон ба кишварҳои хориҷ маҳсуб мешавад, арзиши мошин дар Тоҷикистон тахминан 20-25% поин меравад ва албатта бо омадани мавсими бозгашти онҳо боз дубора нарх тағйир меёбад: “Албатта, ивазшавии нархи мошин дар фасли баҳор аз тағйироти нархи зимистона фарқ дорад. Чун мардум вақте аз Русия меоянд, талош мекунанд, мошинҳои навро харидорӣ кунанд ва мошинҳое, ки соли истеҳсолашон куҳна аст, албатта, арзиши пешинаи худро гум мекунанд.” Тоҷирони мошинбозори Душанбе изҳор медоранд, ки барои як мошин дар як рӯз ба масъулини ин макон 50 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки мошинбозори Душанбе ба ҷуз як рӯзи аввали ҳафта, дигар тамоми рӯз фаъолият мекунад.

Аммо ҳоло дар баробари мошинбозори Душанбе сокинон имкон доранд, худравҳои навро аз намояндагии ширкатҳои маъруфе назири “Киа Моторз”, “Митсубиши”, “Хундай” ва “Тойота” дарёфт кунанд. Масъулини намояндагии ширкати мошинбарории “Toyota” дар Тоҷикистон дар посух ба суоли он ки чаро онҳо ба харидани мошини нав афзалият медиҳанд, мегӯянд, на ҳамеша аз бозор метавон мошини хуберо пайдо кард. Ба гуфтаи онҳо, вуҷуди мошинҳои дуздӣ ва бозсозишуда дар мошинбозор вуҷуд дорад, ки на барои ҳамаи харидорон имкон мешавад, аз ин тақдири мошини худ бохабар шаванд. Инчунин, онҳо мегӯянд, харидории мошинҳои нав барои ронандааш имкон медиҳад, мошини худро тавассути мутахассисони ҳирфаии ин ширкатҳо аз муоинаи техникӣ гузаронад.

Намояндагони ин ширкатҳои мошинбарор дар Тоҷикистон таъкид доранд, ки дар сурати харидории мошин аз мағозаҳо барои харидорон 3 сол ё тай намудани 100 ҳазор киллометр кафолат дода мешавад. Ба қавли масъулини ширкати “Toyota”, ҳоло дар Тоҷикистон мошинҳои навъи Toyota Сorolla-2014, ки 29 ҳазор доллар арзиш дорад, ба фурӯш монда шудааст.

Бо ин ҳама, тайи чанд соли охир таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон барои харидории мошинҳои хориҷӣ афзуда, дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт дидани Запорожетсу Москвич ва ё Жигулӣ кам даст медиҳад. Ҳоло қишри доро ё сарватманди кишвар бештар мошинҳои навъи Хаммер, БМВ, Мерседес, Ҷипу Тойота ва афроди қишри миёнаҳол бештар мошинҳои навъи Опелро харидорӣ мекунанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • абду

  • 9 январ 2014 18:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар бораи нарху навои тангемчахои чини маълумот надодед ку?
Посух додан
  • Адолат ва Конун

  • 11 январ 2014 22:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хамон бозори калон хамин як одама ёфтен ки ба шумо малумот дихад? ягон одами бо саводтараш набуд?
Посух додан
  • диа

  • 13 январ 2014 18:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охи медседесои дуздии олмонай
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
лутфан дар бораи гонкаи мошинхое, ки шабхо мешудааст маълумот дихед. мо интизори хабар:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!