Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:58

Видеои DJ-ии раисиҷумҳур баъд аз як сол дастраси расонаҳо шуд

10 январ 2014, 09:16

Дар шабакаи Youtube наворе пайдо шудааст, ки дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба сифати Ди-Ҷей (DJ) ҳузур пайдо мекунад.

Ин навор аз барномаи телевизионист, ки 6 январи соли 2013 ба эфир баромадааст, аммо танҳо 1 январи соли 2014 дар саҳифаи YouTube-и шабакаи телевизионии "Туркмен Овазы" нашр шудааст. Дар он дида мешавад, ки чӣ гуна Бердимуҳаммадов дар барномаи консертии солинавӣ сари дастгоҳи танзими мусиқӣ нишаста ва бо овозхонҳо ҳамовозӣ мекунад. Аҳли толор дар тамоми вақти идомаи Ди-Ҷейии президент рост истода, ҳангоми анҷоми як мусиқӣ ва оғоз шудани таронаи нав кафкубӣ мекунанду ӯро таҳсин мегӯянд.

Барои аввалин бор нест, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истеъдоди мусиқидонии худро намоиш медиҳад. Авохири соли 2011 дар YouTube наворе пайдо шуд, ки президенти Туркманистон суруди навиштаи худро иҷро мекард. Аммо раҳбарони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба рақс дар маҳфилҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бартарият медиҳанд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Човандоз

  • 10 январ 2014 11:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ТВ Русия имшаб боз навори дигареро нишон доданд, ки чи гуна Курбангулй вакти аспдавони аз асп сарозер шудааст...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!