Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:44

Дастури Убайдуллоев барои танзими садои баланд ва муҳтавои мусиқӣ дар мусофирбарҳо

10 январ 2014, 11:20

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар нақлиёти мусофирбари пойтахт баландии садои мусиқӣ ва муҳтавои сурудҳо зери назорат гирифта шаванд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев қарор намудааст, ки дар ҳудуди Душанбе, аз пахши мусиқиҳои ғайритарбиявӣ, ки боиси беэҳтиромии арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ҷилавгирӣ карда шавад.

Убайдуллоев ба муовинаш дар умури нақлиёт Абдулҳақ Оев дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва мақомоти фарҳанг татбиқи дастуротро таъмин созад.

Раиси Душанбе супориш додааст, ки феълан дар пойтахт рейд гузаронда шавад ва вазъи баландию муҳтавои мусиқии пахшшаванда дар мусофирбарҳо муайян карда шавад. Ӯ хостааст, дар ин робита бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шавад ва зимни ҷалби онҳо ба мусофиркашонӣ дар шартнома мавзӯи марбут ба пахши мусиқӣ зикр гардад.

Убайдуллоев инчунин супориш додааст, ки аз ҷониби мақомоти фарҳанг фиттаҳои махсуси тарбиявӣ таҳия ва мунтазам дар мусофирбарҳо пахш гарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Раиси шахр хуб кайд кардан. Аввалан маршруткахои 22-ро тахти назорат гузоред, онхо писархои чавон синни солашон 20, 22, ё ин 25 мебошад. Ман худ шохиди зинда хастам бе нихоят сахт меронанд маршруткаро хато занхо модархои мо аз тарсу вахма аз маршрутка мефароянд, бе нихоят мусикиро баланд мекунанд ва гапам зананд мардум хато гушам намекунанд. дар чойи лозима ман намекунанд 20, 40 метр мераванду баъд ман мекунанд мегуянд ки балантар гап занед аз овози мусикия
Посух додан
  • 1

  • 10 январ 2014 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умуман манъ кунанд мусикиро дар наклиети чамъияти. Чи он чо ресторан аст, ки мусики мемонанд? Дили одам бехузур мешавад аз хамон хрмта мрмта....
Посух додан
  • Баходур

  • 10 январ 2014 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илтимос машрути 18 (газело) рам бинен бисёраш чавоно мегуй музикара пасткунед баркасд баланд мекунан нисбати мусофирон суханхои носазо мегуянд. Бисёр ба суръати баланд мошин моронанд. Бисёри вакт хамдигаришкати абгон мекунан. Умуман фарханги мошинрони ва мусофиркашиноро надоранд зудашона шоху таъбашона вазир мегиранд. Мегуяндки ба кучоеки мурочиат мекунен рафта гуфтан гирен
Посух додан
  • ю

  • 10 январ 2014 13:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАЙРИЯТ БА ИН МАСЪАЛА ХАМ ВАКТ ЕФТЕД,ЧАНОБИ РАИС!!
Посух додан
  • Jon

  • 10 январ 2014 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Salomm Mardumi sharif.

Rostii man mekhoham ki aval signalhoii harkhelaroo az bayn baran va baad musiqiroo dar dokhili marshutkahooo masalaashroo binan..

Hamon signalhoo dar jonamon zadagii hast. Bachahoii yoshiii az 18-24 solarooo hamavaqt moshinhoyashonrooo puraa az nazar guzaronan ki dar dokhilashon aslihaa va digar chizhoo yof kardan mumkin ast..

Khair digarashrooo khudaton doned ok.
Посух додан
  • 55

  • 10 январ 2014 15:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайрият ки ба ин масъала низ ахамият медодаастанд.Бовар кунед маршруткахо ба ягон талаботи пойтахт будан чавобгуй нестанд:креслохо чиркин,ба чои 3 4 нафар гирифтан,бо мусикахои ба фахмиши худ чавобгуй(фач аксар аз махалли худшон)мондан ,муомилаи дурушт,дарро кушода ба фалон чой мерай гуфтану рафтор карданашон шарми кас меояд ки наход хамин чо шахр бошад.
Дар баъзеашон масалан №2 аз гипрозем то мости сирка 2 сомони мегирад агар эътироз куни карори шахриро нишон медиханд илтисо хамун карорро сокит кунед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам масъулини агентии "Озодагон"!!!
Мо ба шахрдори не, балки ба шумо мурочиат карда хохиш мекунем, ки арзи мазкурро мавриди барраси карор дода, тарики ВАО-и электрони ва матбуоти даври ба унвонии шахрдор расонед. Чунки ин ба салохияти шумо марбут аст.
Чи хеле ки ба хамагон маълум аст. хатсайрхои 67, 12, 16, 17 ва амсоли инхо аз соати 19:00 фаъолияташонро дар хатсайрхои худ катъ карда, ба хатсайрхои маъмули 8, 28, 25 ва амсоли инхо мегузаранд. Хатсайрхои мазкур хатто такси низ надоранд. Аз масъулини шахрдори хохиш дорам, ки як шаб мошинхои гаронкиммати аз Олмон тарики ба хама маълум воридшудаи хешро дар хона гузошта, дар идораи кори то соати 14: 00 нею аз сидки то соати 19: 30 машгули кор шаванд ва бо умеди расидан бо хатсайрхои мукурраркардаи худ ба чои зист дар нимаи рох интизор бошад, баъд мушкилии эчодкардаашонро аз беназорати эхсос хоханд кард.
Бо умеди танзиму таъмин, гамхори шумо!!!
Посух додан
  • Мусофир

  • 10 январ 2014 17:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оид Ба хамин масъала: "Рузе дар маршуткаи раками 28 савор шудаму аз самти махаллаи Зарафшон ба самти бозори Корвон харакат кардам, дар рох (наздикии идораи Доарз) як зани миёнасол ба мо харох шуда харакатро давом додем. Маршутка ба ягон коидахои элементари чавобгу набуд, микдори чойхои нишаст аз меъёр зиёд, дар дохилаш харгуна ифлосихо буд. Инчуни бар зами ин ронандахам мошинро бо сурати бенихот баланд идора мекард. Мусики хам дар салон хелехам баланд буд. Баъд аз чанде зан ба суи ронандаи чавон нидо карду гуфт: "Хе ронанда хавай мусикиатро паст кун, инчо чидискотека?" Ронанда ба зан чавоб дод: " Хола намефорат гуш накун ира ма барои ту намондам" Бояд ин масалахо халли худро ёбанд!!! Наин, ки садои баланди мусикии барои мо бегона балки дигар камбудихоро низ ислох намуд. Камбудихои мо чист? 1. Аз микдори лозима зиёд гирифтани мусофирон. 2. Дохил ва беруни наклиётхо бе нихоят ифлос. 3 Сурати баланд. 4. Режими номуаяни кори. 5. дар бисёре аз хатсайрхо кам будани маршуткахо ва гайраву гайрахо................ Боки саломат бошед.
Посух додан
  • Баха

  • 10 январ 2014 20:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хами репи точикиро натанхо аз маршруткахо балки тамоман маън кунанд
Посух додан
  • Фаридун

  • 10 январ 2014 21:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайронам ба хамин чаноби убайдуллоев аввал проблемаи глобалира хал кун масалай наклиёт рохкироро баъд мусикиро у мардак мошини худшай ба гуфти мардум чи хеле фораш мекна . Ин хукуматдорои мо камбудии худшона ягонбор гап намезананд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!