Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

ВИДЕО: Ба додгоҳ кашидани се барандаи стипендияи президентӣ

13 январ 2014, 12:43

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба далели даст кашидан аз идомаи таҳсил дар хориҷа се барандаи идрорпулии президентии “Дурахшандагон”-ро ба додгоҳ додааст.

Самариддин Афғонов, раиси Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорат имрӯз, 13-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, се барандаи идрорпулии президентӣ натавонистаанд, таҳсилашонро дар хориҷ идома диҳанд: “Тибқи шартнома барандагони стипендия бояд донишгоҳро дар хориҷ хатм карда, тайи 5 сол дар давлат кор кунанд. Дар акси ҳол уҳдадоранд, маблағи сарфнамудаи давлатро бозпас диҳанд.”

Афғонов афзуд, се барандаи “Дурахшандагон”, ки таҳсилро дар миёнароҳ мондаанд бояд то 25 ҳазор доллари амрикоиро ба давлат баргардонанд: “Айни ҳол тибқи стипендияи президентӣ дар хориҷи кишвар 300 нафар таҳсил мекунанд. Соли 2013 36 барандаи стипендия муассисаҳои олиро хатм карда, 53 нафари дигар барои таҳсил фиристода шуданд.”



Дар мавриди шикояти барандагони стипендия аз дер дастрас шудани идрорпулӣ Афғонов гуфт, ки ин ба Вазорати молия рабт дорад, ки маблағҳоро дер ҷудо мекунад: “Мо барои ҳалли ин мушкил пешниҳод кардем, ки Вазорати молия идрорпулии донишҷӯёнро барвақттар ҷудо кунад, то онҳо маблағашонро саривақт дастрас созанд.”

Стипендияи байналмилалии раисиҷумҳури Тоҷикистон «Дурахшандагон», ки соли 2009 таъсис ёфтааст, барои таҳсили ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои бонуфузи хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Камбагалбача

  • 13 январ 2014 13:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам масъулин! Оё медонед, ки сабаби "дар нимарох" мондани барандагони стипендия дар чист? Сабабш дар он аст,ки тагобози карда, одами савод доштагй, хавасу ормони дар хорича хондани камбагалбачахоро мешиканед!!! У бесаводхо бошанд, хондан зурашон меояду анахамин хел хондана мепартоянд. Агар хамин навиштачоти манро Вазири мухтарами маорифва илм-Саидов Н. хонад, (Худо медонад ки хонад) хохиш мекардам,ки сари рохи ин тагобозихоро гираду сади рохи чавонони баору ба номус нашаванд, ва гузоранд ки бе тагобозиву ришваситони сохиби унвони донишчуи гарданд. Хусусан дар мавриди тахсил дар хорича!
Посух додан
  • Карим

  • 13 январ 2014 14:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
С. Авгонов ин мард забони англисиро бисёр дар дарачаи оли медонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Карим,

Ahhhhh Bacha vohimai badish griftiku ))))))))))
Посух додан
  • Серик. Маскав

  • 13 январ 2014 19:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз журналистон хохиш карда мешавад, ки он се нафарро тахкик намоянд, ки ва аз кадом табака будани онхо муайян гардад, то оянда мухтарам вазири маориф ва илм ба ин масъала диккати махсус дихад.
Посух додан
  • Bond

  • 14 январ 2014 05:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яке аз хамонхое, ки тибки стипендияи Дурахшандагон дохил шуда, тахсилро идома дода натавонист, хамсинфи ман буд. Мактабро бо бахои аъло хатм намуд,ба гуфти худат чавони баору номус буд, БО САВОДИ ХУД аз имтихон гузашт, вале саломатиаш имкон надод, ки тахсилро ба итмом расонад. Айби Вазир чи?Аз тарафи дигар вай донишчуи курси 3 буд, дар вакти дохил шудани вай вазири маориф дигар кас буд.
Посух додан
  • Зафар

  • 14 январ 2014 19:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Камбагалбача,
Бародар ман хам хамин фикрро доштам. Лекин ин хатто буд. Соли гузашта яъне 2013 вакте, ки хуччатхои худро дар Марказ барои сазовор шудан ба Стипендияи Президенти супоридам . Аммо дидам, ки дар хакикатан бачахои болаёкат бисёр будааст хусусан аз литсеи президенти, литсеи точики турки ва мактабхои ВМКБ ш. Хоруг. Балли ман нисбати балли онхо пастар буд. Барои хамин ба суханхои хар кас гуш надех, худат рав иштирок кун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муҳтарам хонандагони ин шарҳ! Оё медонед?-ки тамоми ширкатҳои тоҷики ки бо таҳсил дар хориҷа сару кор доранд аз фиреб кардани донишҷӯён ори нестанд! Ҳамчун мисол ман таърихи худамро ба шумо гуфтани ҳастам. Соли 2013-14 соҳиби квотаи президенти шуда барои таҳсил соли 2015-16 ба Малайзия омадам вале дар ин ҷо ягон квота набуд кайд кардани ҳастам ки дар ҷои 2 квота 5 касро роҳи кардаанд. Он 2 каси соҳиби квота шуда ҷиянҳои худи кормандони ин ширкат будаанд. Қайд кардани ҳастам ки ин ширкат TM-international мебошад. Ин ширкатро ман ба додгоҳ супоридам вале аз дасти онҳо ҳам коре наомад то ба додгоҳи олӣ ҳам рафтам коре аз дастам наомад. Ҳам умрамро аз даст додаму ҳам ҳаётамро сӯзонидам.Аз шумо хоҳиш мекардам ки бо ин хел ширкатҳо сару кор нагиред!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ое аз дуюм курси мешавад имтихон бисупорем

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!