Бахшҳо

Тавофуқи ахири Душанбеву Бишкек барои оромӣ дар марз

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду рӯзи охир дар марзи ин ду кишвари ҳамсоя музокирот доштанд, бегоҳи 13 январ ба тавофуқ расидаанд, ки барои ба эътидол овардани вазъ нерӯҳояшонро аз деҳаҳои наздимарзӣ дуртар мебаранд. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, ки узви ин ҳайат аст, дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, “вазъ дар марз ором аст ва гуруҳи муштараки тафтишотӣ фаъолияти худро шурӯъ карда, тамоми маводро дар бораи тирпаронии марзбонҳои ду кишвар дар нисфирӯзи 11 январ меомӯзад.”

Ба қавли муовини аввали раиси вилояти Суғд, онҳо ба маълумоти ҳамтоёни қирғизи худ расондаанд, ки тирпаронӣ дар маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара гузашта ва худ бозгӯи он аст, ки кӣ аввал ҳамла овардааст ва ё тир кушодааст."

Ҷумъабой Сангинов дар идома афзуд, ташкили патрулҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои назорати марз, ки дар музокироти рӯзҳои 7 ва 9 январи соли ҷорӣ дар Душанбеву Исфара миёни ҳайатҳои ду кишвар мувофиқа шуда буд, рӯзи 15 январ ба кори худ оғоз мекунад. Оқои Сангинов мегӯяд, дар пайи тавофуқоти ахир сохтмони роҳи алтерантивии Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон, ки боиси нигаронии сокинони рустоҳои наздимарзии кишвар буд, низ боздошта шудааст. Ҳарчанд расонаҳои ҚИрғизистон навиштаанд, онҳо аз сохтмони ин роҳ даст кашиданӣ нестанд.

Аз ин пештар, Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд, 13 январ тайи як нишасти хабарӣ дар тирпаронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сарҳадбонҳои дувумиро муттаҳам донист. Оқои Қурбонов, ки аз маҳалли ҳодиса боздид кардааст, гуфт, ҷои тирпаронӣ дар Хоҷаи Аълои Исфара буда, бе ягон баҳс замини Тоҷикистон аст ва задухӯрд баъд аз омадани қирғизҳо ба ин қаламрав ва тикушоии онҳо оғоз ёфтааст. Ба қавли додситони вилояти Суғд, ҳоло аз рӯи ду моддаи ҷиноӣ, "сӯиқасд ба ҷон" ва "убури ғайриқонунии марз" парванда боз шуда, Додситонии ҳарбӣ ё низомӣ ин қазияро таҳқиқ дорад.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз нисфирӯзи 11 январ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд.

Дар лаҳзаҳои аввали ин тирпаронӣ мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар шурӯи задухӯрди мусаллаҳона муттаҳам карданд. Аммо баъдан, шоми 11 январ, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Мӯҳр
точик
Ба сархадбонони точики ярадор аз тарафи давлат барои мардонагию далери дар мухофизати марзи ватан мукофотхои оли ва инчунин ерии пули дода шавад. Рахмат ба волидонашон ки чунин фарзандхоро тарбия карданд. Аз сардори давлат хохишу илтимос аз фонди захиравиатон онхоро ердам кунед. Фарзандони баьзе мансабдороне ки дар кучахои Душанбе таппонча бадаст мегардед ибрат гиред чои таппончакаширо.

Офар шербачахо Худованд шуморо шифои комил дихад ва чунин гайрати шуморо ба хамаи сархадбонони точик дихад.Шумо намуна хастед.Аз хукуматдорон илтимос кахрамонии бачахоро кадр кунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)